Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши тунди Вулуси Ҷирга ба изҳороти Замир Кобулов


Изҳороти фиристодаи вижаи президенти Русия барои Афғонистон ва Покистон, вокуниши сахти парлумони Афғонистонро барангехт. Замир Кобулов чанд рӯз пеш гуфта буд, ки Маскав барои саркӯби ДОИШ, бо Толибон тамос барқарор кардааст.

Вакилони парлумони Афғонистон тамоси ҳукумати Русия бо Толибонро аз як сӯи мудохилаи он кишвар дар умури Афғонистон ва аз сӯи дигар оғоз як ҷанги густурда миёни қудратҳои ҷаҳонӣ дар он кишвар хондаанд. Шуморе аз аъзои парлумони Афғонистон рӯзи шанбе дар нишасти умумии Вулуси Ҷирга гуфтаанд, ки агар ҳукумати Афғонистон дар баробари изҳороти мақомоти русӣ хомӯширо ихтиёр кунад, Афғонистон бо сарнавишти Сурия ва Ироқ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Пас аз ибрози нигаронии вакилон, Абдурауф Иброҳимӣ, раиси парлумони Афғонистон комиссияи равобити хориҷии парлумонро вазифадор кардааст, то ин мавзӯъро бо мақомоти вазорати умури хориҷии он кишвар дар миён бигузоранд. Оқои Иброҳимӣ аз ҷумла гуфтааст, ки комиссияи равобити байналмилалӣ бояд дар робита ба хабари музокироти Маскав бо Толибон масъулони вазорати умури хориҷиро даъват кунанд ва ин мавзӯъро бо онҳо дар миён бигузорад.

Раҳбари департаменти Вазорати корҳои хориҷии Русия ва фиристодаи махсуси раиси ҷумҳури он кишвар дар умури Афғонистон Замир Кобулов рӯзи 23 декабр дар гуфтугӯ бо хабаргузории русии "Интерфакс" гуфта буд, ки манфиати кишвараш ва Толибон дар мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" муштарак аст ва дар ин замина бо Толибон машғули мубодилаи маълумот мебошанд.

Ба қавли ин дипломати аршади рус, ҳам Толибони покистонӣ ва ҳам афғонӣ хилофати Абубакри Бағдодиро, ки худро халифаи мусулмонон эълон карда ва давлати худхондаашро дар бахшҳое аз Ироқ ва Сурия ташкил додааст, қабул надоранд. Замир Кобулов ҳамзамон гуфтааст, ки кишвараш омода аст барои ҳукумат дар Кобул муҳимоти ҷангӣ ва таҷҳизоти низомӣ бидиҳад, аммо ин корро боэҳтиёт ва ба таври тиҷоратӣ анҷом хоҳад дод.

Аммо Толибон бо нашри эъломия барқарор кардани тамос бо Русия ба ҳадафи саркӯб кардани гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро рад карданд ва гуфтанд, ки барои саркӯб кардани ДОИШ зарурат надоранд бо Русия дар тамос шаванд.

Солеҳмуҳаммад Солеҳ, як вакили парлумони Афғонистон гуфтааст, ки ҳукумат бояд дар ин робита ба мардум гузориш бидиҳад, ки то кадом андоза барқарор кардани тамос миёни Русия ва Толибон ҳақиқат дорад. Зерои мардуми ин кишвар дигар таҳаммули ҷанг миёни қудратҳоро надорад.

Вакили дигари парлумони Афғонистон Халилуллоҳ Шаҳид ҳам гуфтааст, ки барқарории равобит миёни Русия ва Толибон ба нафъи Афғонистон нест ва ин кишварро дигарбора ба майдони ҷанг табдил месозад.

То ба ҳол маълум нест, ки мақомоти вазорати умури хориҷии Афғонистон ба ин нигаронии вакилони парлумони кишварашон чӣ посух хоҳанд дод, аммо Афғонистон пеш аз ин аз Русия хоста буд, то дар мубориза бо терроризм бо ин кишвар ҳамкорӣ кунад.

Русия тайи моҳҳои охир ҳузури худ дар марзҳои ҷанубии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мутақилро тақвият бахшида ва ба Тоҷикистон ва Қирғизистон таҷҳизоти вазнини низомӣ интиқол додааст.

Мақомот дар Маскав борҳо аз таҳдидҳои гурӯҳҳои тундрав аз қаламрави Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия ҳушдор дода буданд. Дар мулоқоти ахир бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро барои ин кишвар таҳдид хондааст.

Мақомоти афғон ҳам мегӯянд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" ахиран дар Афғонистон, ба вижа дар вилояти шарқии Нангарҳор ҳузури густурда пайдо кардааст.Тибқи тозатарин гузоришҳо, гурӯҳи "Давлати исломӣ" ахиран дар шарқи Афғонистон барномаҳои радиоӣ бо номи "Садои Хилофат" роҳандозӣ карда ва алайҳи ҳукумати Афғонистон таблиғотро оғоз кардааст.

XS
SM
MD
LG