Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмуди Аҳмадинажод: Аз ҳеҷ номзаде ҳимоят намекунам


Маҳмуди Аҳмадинажод
Маҳмуди Аҳмадинажод

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешини Эрон ва муовини собиқаш Ҳамид Бақоӣ дар нахустин вокуниш ба радди номзадиашон дар интихоботи президентии рӯзи 19 май гуфтанд, ки аз ҳеҷ номзад ҳимоят нахоҳанд кард. Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳамид Бақоӣ рӯзи 23 апрел дар баёнияе эълон карданд, ки “ба далели дархости густарда ва батакрори мардум” номзад шуда буданд ва худро “ходими кӯчаки миллат ва сарбози инқилоб” медонанд.

Қаблан бархе аз чеҳраҳои усулгаро, аз ҷумла Аҳмад Таваккалӣ аз Шӯрои нигаҳбон хоста буданд, ки номзадии Аҳмадинажодро рад кунад.

Ин ду номзади радди салоҳиятшудаи интихоботи президентии Эрон дар баёнияи худ навиштанд, ки “ба сароҳат эълом медорем, ки дар интихоботи пеши рӯ аз ҳеҷ фарде ҳимоят накарда ва нахоҳем кард.” Дар ин баёния ба ширкат кардан ё накардани Маҳмуди Аҳмадинажод ва ҳаводоронаш дар интихобот ишорае нашудааст.

Қаблан чанде аз номзадҳои радди салоҳиятшуда дар интихоботи Эрон гуфтанд, ки аз ин ё он номзад ба мақоми президентӣ, аз ҷумла Ҳасан Рӯҳонӣ ва Иброҳим Раисӣ ҳимоят хоҳанд кард.

Шӯрои нигаҳбон рӯзи 20 апрел номзадии Маҳмуди Аҳмадинажодро барои сабқат дар интихоботи президентии рӯзи 19 май рад кард. Телевизиони Эрон ба нақл аз ситоди интихоботӣ гуфт, ки аз миёни 1636 довталаб танҳо шаш нафар – Мустафо Мирсалим, Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, Ҳасан Рӯҳонӣ, Иброҳим Раисӣ, Муҳаммадбоқир Қолибоф ва Мустафо Ҳошимӣ – дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзад шуданд.

Қаблан бархе аз чеҳраҳои усулгаро, аз ҷумла Аҳмад Таваккалӣ аз Шӯрои нигаҳбон хоста буданд, ки номзадии Аҳмадинажодро рад кунад. Вале раиси ҷумҳури пешин ахиран дар мусоҳибааш бо як шабакаи телевизионии Чин гуфта буд, далеле барои радди салоҳияти ӯ вуҷуд надорад.

Маҳмуди Аҳмадинажод бо муовини собиқаш Ҳамид Бақоӣ
Маҳмуди Аҳмадинажод бо муовини собиқаш Ҳамид Бақоӣ

Аҳмадинажод рӯзи 12 апрел дар ҳоле барои иштирок дар интихоботи ояндаи президентӣ дар Эрон худро сабти ном кард, ки соли гузашта раҳбари олии Ҷумҳурии Исломӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз ӯ хоста буд, то номзадиашро дар ин интихобот нагузорад. Хоманаӣ гуфта буд, “ширкат накарданаш ба нафъи худи ӯст ва агар дар интихобот иштирок кунад, боис ба эҷоди фазои дуқутбӣ дар Эрон хоҳад шуд”. Баъдан Аҳмадинажод гуфт, ки ин танҳо як тавсия буд ва рӯзи 6 апрел дар як нишасти хабарӣ дар Теҳрон худаш эълон кард, ки нияти президентшавӣ надорад.

Ӯ ғайриинтизор рӯзи 12 апрел ҳамроҳи Ҳамид Бақоӣ барои номзад шудан худро номнавис кард. Талоши Маҳмуди Аҳмадинажод барои иштирок дар интихоботи навбатӣ бар хилофи тавсияи раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, вокунишҳои ҷиноҳи усулгароёнро дар пай дошт. Аббос Алӣ Кадхудоӣ, сухангӯи Шӯрои нигаҳбон пеш аз ин дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи "Мусаллас" гуфта буд, ки "тавсия"-и раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ба оқои Аҳмадинажод метавонад ба унвони "амри қонунӣ" ба шумор равад.

Аҳмадинажоди 59-сола баъд аз хатми давраи президентиаш барои тадрис ба донишгоҳ баргашт.

Маҳмуди Аҳмадинажод дар тобистони соли 2005 дар ҳоле раиси ҷумҳури Эрон интихоб шуд, ки мири шаҳри Теҳрон ва фарди начандон шинохта буд. Ӯ дар интихоботи ҷанҷолбарангези соли 2009 низ бори дигар барои чаҳор сол ба курсии раёсати ҷумҳури Эрон нишаст, вале бар хилофи давраи қаблӣ, бо мухолифатҳои зиёде чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ рӯ ба рӯ шуд. Маҳмуди Аҳмадинажод аз ҷумла аз минбари Созмони Милали Муттаҳид қазияи Ҳолокост ё қатли оми яҳудиёнро “афсона” ва омилҳои ҷанг дар Афғонистону Ироқро “мармузу торик” хонд.​

Аҳмадинажоди 59-сола баъд аз хатми давраи президентиаш барои тадрис ба донишгоҳ баргашт. Ӯ унвони номзади илм дар арсаи нақлиётро дорад ва қабл аз карйераи сиёсиаш ҳам дар донишгоҳ дарс мегуфт.

XS
SM
MD
LG