Пайвандҳои дастрасӣ

Панҷакент. Ба 250 ҳазор аҳолӣ – 4 “Ёрии таъҷилӣ”. ВИДЕО


Ниме аз шаҳраку деҳоти вилояти Суғд аз хадамоти “Ёрии таъҷилӣ” маҳрум буда, мардум дар сурати зарурат ночор пизишконро аз роҳи дур ба хонаашон даъват мекунанд ё беморони худро тариқи мошини шахсӣ ба шифохона мебаранд.

Акнун бояд таваллуди кӯдак дар хона кам шавад. Яъне, рӯзу соати таваллуд, ки наздик омад, ҳамшираи шафқате, ки хона ба хона мегардад, ҳатман бо ин мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ӯро ба таваллудхона барад

Як сокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич рӯзи 12-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, соли гузашта ҳангоми бемории хоҳараш маҷбур шуданд, “Ёрии таъҷилӣ”-ро аз маркази ноҳия даъват кунанд. Ӯ гуфт, маркази ноҳия аз маҳалли зисти онҳо тақрибан 60 километр дур аст.

“Бо ин вуҷуд, ин мошини ба ном “Ёрии таъҷилӣ” ба дардамон нахӯрд. Ҷое надошт, ки хоҳарам сари зарбхӯрдаашро гузорад. Ночор яке аз ҳамдеҳаамонро хоҳиш кардем, то хоҳарамро бо мошинаш ба беморхона барад. Мошини “Ёрии таъҷилӣ” аз ақиби мо холӣ то маркази ноҳия омад”, - нақл кард мусоҳиби мо.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Камбуди мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" дар Суғд
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:03:35 0:00

Ин мушкилро рӯзи 12-уми январ дар маросими тақдими 30 мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба намояндагони тибби шаҳру ноҳияҳои Суғд раиси ин вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳам эътироф кард. Вай гуфт, адами дастрасии сокинон ба “Ёрии таъҷилӣ” аз масоили умдаи соҳаи тиб аст афзуд, “бар асоси як барнома давоми ду сол мехоҳем онро аз байн бибарем”.

Раиси вилояти Суғд гуфт, ки мошинҳои нави “Ёрии таъҷилӣ” ба хотири зуд ба бемористон расондани беморон ва ҷилавгирӣ аз маргу мири сокинон, ба хусус – занҳои ҳомилаву кӯдакон ва сокинони камбизоат – тақдим мегардад. Ба қавли ӯ, сокинони бисёре аз деҳаҳову шаҳракҳои минтақа ба камбуди мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” рӯ ба рӯянд ва мошинҳои нави “Старекс” барои ҳалли ин мушкил кумак хоҳад кард.

Абдураҳмон Қодирӣ
Абдураҳмон Қодирӣ

“Акнун бояд таваллуди кӯдак дар хона кам шавад. Яъне, рӯзу соати таваллуд, ки наздик омад, ҳамшираи шафқате, ки хона ба хона мегардад, ҳатман бо ин мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ӯро ба таваллудхона барад”, - афзуд ӯ.

Қодирӣ мегӯяд, мошинҳои нави “Ёрии таъҷилӣ” бо дастгоҳу лавозимоти зарурӣ, ба мисли дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ аз сӯи Вазорати тандурустӣ таъмин карда мешавад.

Хадамоти “Ёрии таъҷилӣ”-и шаҳри Хуҷанд рӯзи 12-уми январ чаҳор мошини нав гирифт. Муҳаррам Юнусова, аз табибони ин марказ, гуфт, ки хадамоти онҳо ва бахшҳои он 11 мошин дорад, вале ин кофӣ нест.

Шаҳри Панҷакент чаҳор мошини нави “Ёрии таъҷилӣ” дарёфт кард ва шумораи мошинҳояш ба 8 адад расид. Маҳмадмурод Сафаров, сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент гуфт, ду адади онро шаҳри Панҷакент ва дуи дигарро ҷамоатҳои дурдасти Моғиён ва Фароб соҳиб хоҳанд шуд. Ба қавли ӯ, ноҳияи онҳо то кунун 4 мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар ихтиёр дошт, ки ба ноҳияи дорои 250 ҳазор аҳолӣ хеле ночиз аст.

То ин вақт бемористон ва пойгоҳҳои тиббии вилояти Суғд 109 мошини “Ёрии таъҷилӣ” доштанд. Тибқи меъёрҳои мавҷуд барои 10 ҳазор аҳолӣ 1 мошини “Ёрии таъҷилӣ пешбинӣ шудааст. Аҳолии вилояти Суғд аз дуним милион нафар гузаштааст, ки бо назардошти он таъмини аҳолӣ ба ёрии аввали тиббӣ хуб арзёбӣ намешавад.

Гузашта аз ин, бархе аз сокинон аз шеваи хидмати “Ёрии таъҷилӣ” ба шиддат интиқод мекунанд, ки дар сурати зарурат ба зангҳои онҳо ҷавоб намедиҳад ва ё барои хидмат “ҳақ” талаб мекунад. Иддаое, ки мақомот рад мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG