Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Transparency international мегӯяд, фасод дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст


Гузориши солонаи муассисаи Шаффофияти Байналмилал ё Transparency International мегӯяд, ки фасоди идорӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба соли гузашта камтар шудааст.

Дар феҳристи наве, ки кишварҳоро як то 177 раддабандӣ кардааст, Тоҷикистон дар мақоми 154-уми ҷой гирифтааст. Соли гузашта Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар мақоми 157-ум қарор дошт.

Дар ин феҳрист Кореяи Шимолӣ, Сомалия ва Афғонистон се кишваре мебошанд, ки фасод дар онҷо аз ҳама бештар будааст. Бар пояи гузориши нави Transparency International, Дания, Зеландияи Нав, Финландия, Шветсария ва Норвегия аз ҷумлаи шаффофтарин кишварҳо аз ноҳияи фасоди идорӣ будаанд.

Дар ин гузориш кишварҳои осиёӣ ва африқоӣ болотарин омори фасоди идориро доштаанд. Аз ҳамсояҳои Тоҷикистон, Афғонистон дар раддаи 175, Туркманистон ва Узбакистон 168 қарор доранд.

Гузориши нави cозмони Шаффофияти Байналмилал ё Transparency International дар ҳоле аз коҳиши фасод дар Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асоси гузориши Оҷонсии омори Тоҷикистон дар моҳи май, мизони фасод дар кишвар ҳудуди 22 дарсад афзоиш ёфтааст.

Мубориза бо фасод аз чанд сол ба ин сӯ дар садри барномаҳои давлати Тоҷикистон қарор дорад ва ҳамчунин ба ин манзур ба изофаи ниҳодҳои дигар, Оҷонси мубориза бо коррупсия низ таъсис шуда ва амал мекунад. Аммо то ҳоло ягон мансабдори сатҳи болоии давлат бо иттиҳоми фасод боздошт ва муҷозот нашудааст, то ба воқеияти ин мубориза таъкид шавад.

Агарчи дар гузориши Ожонси зидди фасод аз вуҷуди коррупсия дар ниҳод ва ё вазоратхонаи хосе ном бурда нашудааст, аммо қаблан Оҷонсии мубориза бо коррупсия ва Додситонии кулли Тоҷикистон, аз фасоди густурда миёни кормандони ниҳодҳои вобаста ба вазоратҳои маориф ва умури дохилӣ, ишора карда буданд.

Аммо масъулони давлати Тоҷикистон бар ин назаранд, ки муборизае, ки чанд сол ба ин сӯ зидди фасод дар кишвар идома дорад, аз густариши он пешгирӣ кардааст. Онҳо даҳҳо парвандаи пурсарусадои солҳои охир, аз ҷумла боздошти мансабдорони муҳими давлатиро намуна меоранд ва мегӯянд, ҳар яке аз чунин парвандаҳо, мансабдорони дигарро аз ришвахорӣ бозмедоранд.

Ба назари таҳлилгарон, як мушкили фасод ва густариши он, мавҷуд набудани иродаи сиёсӣ барои мубориза бо ин зуҳурот аст. Далели он ҳам ин аст, ки Оҷонси мубориза бо фасод дар солҳои ахир бархе аз вазоратхонаҳои кишварро ба унвони фасодзадатарин ниҳод эълон карда буд. Аммо вақте расонаҳо айни ҳамин хабари оҷонсиро нашр карданд, додгоҳ онҳоро барои тӯҳмат ба вазорат маҳкум кард. Ин амр ба гуфтаи таҳлилгарон, иродаи мақомоти сиёӣ барои мубориза бо фасодро заиф нишон медиҳад ва баёнгари тарҷеҳ додани робита бар зобита ва ё манфиати гуруҳӣ ба амри қонун аст.
XS
SM
MD
LG