Нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар уқёнуси Атлантика киштии нафткаши Bella 1-ро боздоштаанд. Нафткаши Marinera чанде пеш дар Русия аз нав ба қайд гирифта шуда буд ва бо парчами ин кишвар шино мекард.
Дар бораи боздошти ин киштӣ Фармондеҳии аврупоии Неруҳои мусаллаҳи Амрико хабар дода, таъкид намудааст, ки киштӣ қасд дошт, таҳримҳо нисбат ба Венесуэларо вайрон кунад.
Дар хабар гуфта шудааст, ки киштии нафткаш аз ҷониби кормандони Вазорати амнияти дохилии Иёлоти Муттаҳида дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиа ва бо фармони Доналд Трамп боздошта шудааст.
Пит Ҳегсет, роҳбари Пентагон ё вазири ҷанги Амрико дар вокуниш ба хабари боздоштани киштӣ навишт, нафти Венесуэла таҳти таҳрим қарор дорад ва ин таҳримҳо ҳамчунон амал мекунанд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати нақлиёти Русия гуфтааст, киштии мазкур 24-уми декабри соли 2025 барои шино кардан зери парчами Русия муваққатан иҷозат гирифт.
Дар изҳороти ин ниҳод таъкид шудааст, ки "тибқи меъёрҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи баҳрии соли 1982, ҳеҷ як давлат наметавонад нисбат ба киштиҳое, ки дар қаламрави кишварҳои дигар ба қайд гирифта шудаанд, аз зӯроварӣ истифода барад".
Вазорати корҳои хориҷии Русия аз Амрико даъват кардааст, ки нисбат ба шаҳрвандони Русия, ки дар киштӣ қарор доштанд, "муносибати инсондӯстӣ ва шоиста ба роҳ монда, ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ба таври қатъӣ риоя намоянд".
Ба навиштаи рӯзномаи The New York Times, боз се киштие, ки дар наздикии соҳилҳои Венесуэла қарор доранд, чанде пеш худро киштии Русия ба қайд гирифтанд. Дар бораи он ки Иёлоти Муттаҳида барои боздошти онҳо талоше анҷом додааст ё не, то ҳол хабаре нашр нашудааст.
Кэролайн Левитт, сухангӯи Кохи Сафед эълон кард, ки қарори додгоҳ барои ҳабси ин нафткаш ва сарнишинони он қаблан содир шуда буд.
"Аз ин хотир ҳайати киштӣ метавонанд барои нақзи ҳамагуна қонунгузории федеролӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар ҳолати зарурат онҳоро барои баррасии додгоҳӣ ба Иёлоти Муттаҳида интиқол медиҳанд", - гуфтааст сухангӯи Кохи Сафед.
Фармондеҳии ҷанубии Неруҳои ИМА ҳамчунин аз боздошти як нафткаши дигар бо номи Sophia дар баҳри Кариб хабар дод. Дар хабари неруҳои Амрико омадааст, киштӣ дар ягон кишвар сабти ном нашуда буд ва дар рӯйхати таҳримҳои ИМА ҳамчун киштии гумонбар ба "флоти соягии "-и Русия қарор дорад. Ин нафткаш ҳам дар обҳои байнулмилалӣ боздошта шудааст ва қарор аст ба соҳилҳои ИМА бурда шавад.
Рӯзномани New York Times навиштааст, се нафткаши дигар дар наздикии соҳили Венесуэла ба наздикӣ дар Русия ба қайд гирифта шудаанд. Ҳанӯз хабар дода нашудааст, ки оё ИМА кӯшиши боздошти онҳоро кардааст ё не.
Дар моҳҳои ахир неруҳои зиёди баҳрии Амрико дар минтақа ҷамъ шуданд ва чанд киштии нафткашро ҳам боздошт карданд.