Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

90 соли театри тоҷик. "Як қадам ба пеш, ду қадам ба қафо"? ВИДЕО


Дар Тоҷикистон аз 90-умин солгарди таъсиси театр дар кишвар таҷлил карданд. Соҳибназарон мегӯянд, театри тоҷик дар ин муддат марҳилаҳои гуногунро гузашта, феълан бо мушкилоти фаровоне рӯбарӯст. Набудани саҳнаҳои ҷолибу диданӣ, маоши ками ҳунармандон, сензураи нонавишта ба мавзуъҳои сиёсӣ ва кам будани тамошобинон аз мушкили онҳо гуфта мешавад. Вале мақомот ҳамеша гуфтаанд, ки театр бахши муҳими фарҳанг аст ва онҳо барои рушди он тамоми талоши худро кардаанд.

Маросими таҷлил аз 90-солагии театри тоҷик шоми 7-уми ноябр дар бинои театри ба номи Лоҳутӣ дар Душанбе баргузор шуд. Дар он ҳунарпешагон, мақомоти расмӣ ва фарҳангшиносон иштирок карданд.

Ортиқи Қодир, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбе гуфт, марҳилаи нахустини пайдо шудани театр аз барномаҳои таблиғотӣ иборат буд. Вай афзуд, тадриҷан ба театр чеҳраҳои саршиноси фарҳангии тоҷик ба монанди Ғанӣ Абдулло ва Абулқосим Лоҳутӣ пайвастанд ва намоишномаҳои театрҳои тоҷик "аз муҳтавои ҷолиб саршор шуд".

"Вақте Абулқосим Лоҳутӣ ҳанӯз зинда буд, дар соли 1933 тасмим шуд, ки театри нахустини тоҷик ба номаш гузошта шавад. Он кас нахустин мудири бахши адабии ин театр низ буданд. Дар театр сухан нақши калидӣ мебозад ва устод Лоҳутӣ бо ҳунарпешагон ба шеваи забони Шекспир муошират мекарданд", -- нақл кард ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

90 соли театри тоҷик
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Ортиқи Қодир афзуд, роҳбарони нахустини театри ба номи Лоҳутӣ тавонистанд аз ҳаваскорони ҷавон ҳунармандони қавиеро ба монанди Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, София Тӯйбоева, баъдан Хайрӣ Назарова тарбият кунанд.

«Солҳои 1960 гурӯҳи дуввуми хатмкардаҳои Донишкадаи санъати шаҳри Маскав ба мисли Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳошим Гадо, Ҳабибулло Абдураззоқов, Марям Исоева, Носир Ҳасанов, Фотима Ғуломова ба Душанбе баргашта, насими нави ҳунармандӣ ба театри тоҷикро оварданд. Ба ҷойи шиорпартоиҳо сухани зинда рӯйи саҳна омад. Театри тоҷик ба қадамгоҳи бузургони илму фарҳанги Тоҷикистон табдил шуд», -- мегӯяд Ортиқи Қодир.

Гулсара Абдуллоева, ҳунарманди Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар посух ба ин суол, ки оё театри тоҷик дар 90 соли фаъолияташ рисолати худро ба дурустӣ иҷро карда тавонист ё не, гуфт, “ посух ба ин суол барояш норӯшан аст”.

Абдуллоева афзуд: “Сад афсӯс, ки имрӯз мо ба пеш намеравем. Ҳоло агар даҳ қадам ба пеш рафта бошем, ҳамзамон 100 қадам ба ақиб меравем. Ҳоло сатҳи ҳунар ва театр бисёр коста шудааст. Мо худ аз чунин вазъият сахт дилгирем, ки чаро чунин шуд? Ман дар театри ҷавонон тӯли 50 сол ҳунарнамоӣ мекунам ва ҳамеша толор пур аз тамошобин буд. Ҳоло бошад, баръакс аст.”

Гузориши дигар дар бораи театри тоҷик. "Қорӣ ишкамба" аз Русия бо ҷоиза баргашт:

"Қорӣ ишкамба" ба Русия рафт ва бо ҷоиза баргашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

Солҳо боз ин суол матраҳ аст, ки чаро сокинон ва бахусус дар шаҳрҳо камтар ба театр мераванд? Ҷавобҳо гуногунанд. Ҳунармандону сокинон барои ба ин ҳолат расонидани театр якдигарро айбдор мекунанд. Яке аз завқи пасти бинанда шикоят дорад, дигаре аз намоишномаҳои куҳна. ​

Маҳноз Абдуллоева, сокини 25-солаи Душанбе мегӯяд, чанд сол пеш ба тамошои намоишномае ба театри ба номи Лоҳутӣ рафта, “то ҷое пушаймон шудааст” ва тӯли ин солҳо аз тамошои намоишномаҳо дар театрҳо худдорӣ меварзад. Ба бовари вай, “ҳунармандон нақшҳоро самимӣ ва табиӣ иҷро намекунанд.”

Аммо насли бузургсоли Душанбе ба ин назаранд, ки дар ҳар сурат тамошои намоишномаҳо дар театрҳо ба инсон хушҳолӣ мебахшад. Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон 18 театри касбӣ ва даҳҳо театри халқӣ дар ҷамоату шаҳраку ноҳияҳо фаъолият дошта, ба қавли мақомот, таваҷҷӯҳи мардум ба театр нисбат ба солҳои пеш "андаке бештар гардидааст".

Баъзе коршиносон мегӯянд, аксар театрҳои Тоҷикистон худкифо нестанд ва дар мавқеи давлатӣ ё нимарасмӣ фаъолият мекунанд. Онҳо аз назари молӣ дастнигаранд ва барои ба саҳна гузоштани намоишномае ба сармоягузорӣ эҳтиёҷ доранд. То кунун дар бораи фурӯши маҷбурии билетҳо ва овардани хонандагони мактабҳои миёна ба театрҳо низ борҳо дар расонаҳо хабар нашр шудааст.

Шарҳҳоро бинед (3)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG