Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви консерти Ораш дар Тошканд ғавғо барангехт


Ораш, овозхони маъруфи эронӣ
Ораш, овозхони маъруфи эронӣ

Лағви консерти Ораш дар шаҳри Тошканд, дар пойтахти Узбакистон, моҷаробарагез шуд. Овозхони маъруфи эронӣ, қарор буд, рӯзи 31-уми октябр дар пойтахти Узбакистон барои ҳазорон мухлисаш ҳунарнамоӣ кунад. Аммо як рӯз пеш аз консерт эълон карданд, ки Ораш аз сафар ба Узбакистон даст кашидааст, зеро баргузоркунандаи консерт дар дохил вазифаҳояшро иҷро накардааст.

Аввал консертро ба таъхир андохтанд, мо чизе нагуфтем, агарчӣ зарар дидем. Чун агар консерт ба таъхир ҳам биафтад, ман бояд пулашро пардозам.

Ҳенрик Улман, масъули консертҳои Ораш, рӯзи 14-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкати “Нигора Медиа Груп”, ки Орашро ба Тошканд даъват карда буд, бар тибқи ваъдаҳояш рафтор накард ва онҳо маҷбур шуданд, консертро лағв намоянд. “Пули моро пурра напардохтанд, барои ҳамин, консертро лағв кардем. Аввалин гурӯҳи мо бояд субҳи шанбе (28-уми октябр) парвоз мекард. Аммо пули моро пурра напардохта бошанд, мо як нафарро иҷоза намедиҳем, ки биравад”, - гуфт Ҳенрик Улман ба Радиои Озодӣ.

Нигора Сойӣ, намояндаи “Нигора Медиа Груп”, дар мусоҳибае аз тариқи Фейсбук мегӯяд, тамоми муқаррароти шартномаро барои ташкили консерти Ораш иҷро кардааст. Ӯ гуфт, 20 ҳазор долларро, ки бояд пешакӣ мепардохт, ба ҳисоби лозим фиристодааст.

Ораш
Ораш

Аммо Ҳенрик Улман ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Нигора Медиа Груп” пайваста онҳоро фиреб медод ва ҳеҷ яке аз ваъдаҳояшро иҷро накард. “Мушкил он аст, ки онҳо кореро карданд, вале барои анҷоми он пул надоштанд ва дурӯғ мегуфтанду дурӯғ мегуфтанд. Барои ҳамин, рӯзи ҷумъа (27-уми октябр) ва чанд рӯз пеш аз консерт ман тасмим гирифтам, барномаро лағв кунем.”

Нигора Сойӣ эътироф мекунад, ки дар воқеъ дар пардохти пули консерт аввал мушкил дошт, вале ваъда дод, ки бақияи пулро баъд аз омадани овозхон мепардозад. Ӯ намояндагони Орашро муттаҳам мекунад, ки “дардашон фақат пул” буд ва ваъдаҳои ӯро ба инобат нагирифтанд.

Қарор буд, консерти Ораш дар толори “Истиқлол”, бузургтарин толори консертии Тошканд баргузор шавад, ки 6 ҳазор ҷойи нишаст дорад. Нигора мегӯяд, тақрибан 1000 билет фурӯхта ё даъватнома тақсим кардаааст. Қимати ҳар билети консерт аз 60 то 250 долларро ташкил медиҳад. Пули билети мухлисонро бармегардонанд.

Ҳенрик Улман мегӯяд, аз онки Ораш ба назди мухлисонаш нарафт, бисёр таассуф мехӯрад, вале агар ҳар баргузоркунандаи дигар дар Узбакистон, ки ҳозир ба даъвати Ораш бошад, онҳо омодаанд, бо ӯ сӯҳбат кунанд. Вай афзуд, онҳо як дафъа ба ширкати “Нигора Медиа Груп” гузашт карданд, ки бо сабаби мавсими пахтачинӣ консертро аз 13-уми октябр ба рӯзи 31-уми октябр ба таъхир андохтанд.

Нигора Сойӣ
Нигора Сойӣ

“Мо ҳеҷ гоҳ дигар бо ин баргузоркунанда кор намекунем. Аввал консертро ба таъхир андохтанд, мо чизе нагуфтем, агарчӣ зарар дидем. Чун агар консерт ба таъхир ҳам биафтад, ман бояд пулашро пардозам. Дафъаи дувум гуфтанд, ки ба сабаби мавсими ҷамъоварии пахта бояд консертро ба таъхир андозем, чун ҳама ба пахтачинӣ рафтаанд ва ҳеҷ касе ба консерт намеомад. Баъдан ҳамин духтар гуфт, ки ман бо шариконам мушкил дорам, барои ҳамин консертро ба таъхир андохтам. Ӯ ҳамеша дурӯғ мегуфт”, - изҳор дошт Ҳенрик Улман.

Ораш, овозхони маъруфи эронии муқими Шветсия дар байни мардуми Осиёи Марказӣ ва бахусус Тоҷикистон обрӯ ва мухлисони зиёд дорад. Ӯ соли 2007 ба Тоҷикистон омад ва консерташ бе моҷаро набуд. Ба сабаби таъхири мусиқинавозони ӯ ва баргузор нашудани консерт дар рӯзи муқарраршуда, гурӯҳе аз ҷавонон дар хиёбони наздик ба майдони марказии футболи шаҳри Душанбе мошинеро оташ заданд ва истгоҳҳои автобусро шикастанд.

Барои ин бетартибӣ чандин нафар ҷазо гирифтанд. Консерти Ораш рӯзе баъд бо ҳузури 20 ҳазор нафар дар майдони марказии футбол баргузор шуд. Консерти дуввумаш дар шаҳри Кулоб сурат гирифта буд.

XS
SM
MD
LG