Доналд Трамп рӯзи 8 август баъд аз он, ки ба шакли ҷудогона ба истиқболи Никола Пашинян, нахуствазири Арманистон, ва Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон рафт, дар нишасте бо онҳо дар рӯбарӯи хабарнигорон гуфт, "Вақти зиёде буд. Онҳо 35 сол ҷангиданд ва ҳоло дӯст шудаанд ва қарор аст барои муддати тӯлонӣ дӯст бимонанд".
Ӯ афзуд, "Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ӯҳдадор шуданд, ки барои ҳамеша ба ҳама даргириҳо поён диҳанд, робитаҳои тиҷоратӣ, дипломатӣ ва рафтуомадро барқарор кунанд ва ҳокимият ва тамомияти арзии якдигарро эҳтиром бигузоранд".
Ин нишаст дар ҳоле баргузор шуд, ки Иёлоти Муттаҳида талош дорад аз коҳиши нуфузи Русия дар минтақа, истифода барад.
Бар асоси эълони чанд соати пеши Кохи Сафед, ду кишвар дар Қафқози ҷанубӣ тавофуқномаеро имзо мекунанд, ки боиси эҷоди як долони боркашонии муҳим хоҳад шуд. Роҳе, ки "Масири Трамп барои сулҳ ва шукуфоии байнулмилалӣ", номгузорӣ хоҳад шуд.
Ин масир Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба минтақаи худмухтори Нахчувон пайванд хоҳад кард.
Арманистон, ки тақрибан 40 сол тавассути Озарбойҷону Туркия дар муҳосираи заминӣ аст, пайваста таъкид кардааст, ки ин роҳи транзитӣ бояд бахше аз раванди умумии бозкушоии минтақа бошад ва салоҳияту тамомияти арзии Арманистонро муҳтарам шуморад.
Сухангӯи Кохи Сафед рӯзи 8 август гуфт, "нақшаи роҳе, ки Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон бар сари он созиш мекунанд, оянда бар асоси ҳамкориро шакл хоҳад, ки ба фоидаи ҳар ду кишвар, минтақаи Қафқози ҷанубӣ ва фаротар аз он аст".
Ҳукумати Трамп аз ибтидои соли ҷорӣ дар раванди миёнҷигарӣ байни Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон фаъолтар шуд ва Стив Виткофф, фиристодаи вижаи Доналд Трамп бо Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон ва дигар мақомот дар Боку дидор кард.
Ба гузориши "Ассошиэйтед пресс", музокирот дар бораи наҳваи амалӣ шудани тарҳи "Масири Трамп", аз ҳафтаи оянда оғоз хоҳад шуд. Ин масир шомили хати роҳи оҳан, хати интиқоли нафт ва газ ва кабелҳои оптикӣ, хоҳад буд.
Ба гуфтаи як мақоми баландпояи амрикоӣ, то кунун дастикам 9 ширкат алоқамандии худро эълон кардаанд. Ба гуфтаи ҳамин мақом, пешниҳоди номгузории масир ба номи раисҷумҳури Амрико, аз сӯи Арманистон матраҳ шудааст.
Ҷудо аз созиши муштарак, ҳар ду кишвар --Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон низ созишномаҳоеро бо Амрико имзо кардаанд, ки ҳадафи он тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои энержӣ, фановарӣ ва иқтисодӣ хоҳад буд.
Арманистону Озарбойҷон пас аз суқути Шӯравӣ ва расидан ба истиқлол дар соли 1991 барои вилояти Қаробоғи Кӯҳӣ ду бор бо ҳам сахт ҷангидаанд. Ин ду кишвари воқеъ дар ҷануби Қафқоз соли 2020 ҳам як ҷанги сахте барои ин вилояти арманнишинини Озарбойҷон доштанд ва пас аз ин ҷанг арманиҳои зиёде онро тарк карданд. Баъд аз ин, Ереван Қаробоғи Кӯҳиро ҳамчун қаламрави Озарбойҷон ба расмият мешиносад ва ду тараф барои беҳбуди робитаҳо қадамҳои муҳиме пеш гузоштаанд.
Моҳи марти имсол ва пас аз солҳо музокирот ду ҷониб аз ниҳоӣ шудани матни созиши сулҳ расман эълон доданд, вале ин санад ба имзо нарасид. Озарбойҷон шарт гузошт, ки Арманистон аз Қонуни асосиаш банди марбут ба эъломи истиқлолро дар соли 1990 бардорад, ки дар он ишорае ба муттаҳид кардани Қаробоғи Кӯҳӣ аст. Боку ҳамзамон хост, Гурӯҳи Минск пароканда карда шавад, ки аз Амрикову Русия ва Фаронса таркиб ёфтааст ва вазифааш ҳалли муноқишаи Қаробоғ буд.
Арманистон ҳарду шартро пазируфт, аммо таъкид кард, ки ислоҳи Қонуни асосӣ барои чанд соли оянда масъалаи дохилӣ мемонад ва Гурӯҳи Минскро метавонанд, ҳамзамон бо имзои созишномаи сулҳ пароканда созанд. Ин ҳарду ҳам танҳо монеаҳои дар сари роҳи тавофуқ нестанд.
Исрори Ҷумҳурии Озарбойҷон барои эҷоди як пули заминӣ ба Нахчувон ҳамвора яке аз нуқтаҳои аслии ихтилоф будааст, зеро Боку ба Арманистон барои назорати долони Зангизур эътимод надошт ва аз сӯи дигар, Ереван низ ба контроли тарафи севум бар ин масир мухолифат мекард ва онро нақзи ҳокимияти худ медонист.
Гуфтугӯ