Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон ба низоми парлумонӣ мегузарад


Арманистон баъд аз интихоботи парлумонии соли 2018 амалан ба низоми парлумонӣ мегузарад. То се соли дигар Серж Саркисян ба ҳайси раисиҷумҳур ба фаъолияташ идома хоҳад дод.

​Баъди Қирғизистон, аз миёни кишварҳои Шӯравии собиқ, Арманистон дувумин кишваре мешавад, ки низоми парлумонӣ хоҳад дошт.

Дар овоздиҳии рӯзи 6 декабр дар Арманистон 63 дарсади афроди қобили раъй ба ҷонибдорӣ аз ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосии он кишвар пуштибонӣ кардаанд. Ин тағйирот гузаштан аз низоми идории раёсати ҷумҳурӣ ба низоми идории парлумониро пешбинӣ мекунад. 33 дарсади дигари раъйдиҳандагон хостори боқӣ мондани низоми раёсати ҷумҳурӣ шудаанд. Дар ин бора Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Арманистон 7 декабр хабар дод.

Вале аз 1 декабр нерӯҳои мухолифон бар зидди ин раъйпурсӣ эътирози шабонарӯзиро дар Ереван, пойтахти он кишвар идома медиҳанд. Рӯзи якшанбе нерӯҳои мухолиф мақомоти ҳукуматиро муттаҳам карданд, ки дар рӯзи раъйпурсӣ баргаҳои раъйро ба нафъи ҳизби раисиҷумҳур ба сандуқҳо рехтаанд. Дар Кумиссиюни марказии интихоботӣ камбудҳои рӯзи раъйдиҳиро эътироф карда, аммо гуфтанд, ки онҳо ба натиҷаҳои раъйпурсӣ таъсир расонда наметавонанд.

Мухолифон мегӯянд, ки ин раъйпурсӣ пеш аз ҳама ба нафъи Серж Саркисян, раисиҷумҳур хоҳад буд, зеро вай баъд аз хатми мӯҳлати раёсати ҷумҳуриаш дар соли 2018 дигар наметавонад худро номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ кунад. Дар мусоҳибае бо Рубик Монисян, таҳлилгари умури Арманистон дар Ереван, аз ӯ пурсидем, ки нерӯҳои мухолифон гузор аз низоми раёсати ҷумҳурӣ ба низоми парлумониро чӣ тавр пазируфтанд?

Монисян: “Аз миёни мухолифон ҳизбҳое низ буданд, ки аз низоми парлумонӣ, яъне аз ин тағйирот дар Арманистон ҷонибдорӣ мекарданд. Масалан, Ҳизби Дашнаксиюн ҳамеша хостори ин будааст, ки Арманистон ба низоми парлумонӣ гузарад. Вале боз ҳам мухолифоне ҳастанд, ки мушкилашон бо низоми парлумонӣ ва ё низоми нав нест, мушкилашон бештар ин аст, ки ин низомро ҳизби ҳоким пешниҳод кардааст. Ба ақидаи мухолифон, ҳизби ҳоким бо ин тағйирот дар қонун мехоҳад, ки ҳокимияти худашро бар давлати Арманистон нигоҳ дорад.”

Озодӣ: Ба назари Шумо, гузор ба низоми парлумонӣ як қадам ба пеш дар роҳ ба сӯи демократия буда метавонад ва ё он нафъи Серж Саркисян, раисиҷумҳури кунунӣ хоҳад буд?

Монисян: “Дар дунё хеле кишварҳои демократие ҳастанд, ки низомашон раёсати ҷумҳурӣ аст. Ё, баръакс, бисёр кишварҳои демократие ҳастанд, ки низомашон парлумонӣ аст. Аммо фикр мекунам, ки барои Арманистон гузор ба низоми парлумонӣ ва ҳизбӣ як қадам наздиктар ба демократия хоҳад буд.”

Озодӣ: Пас, чаро нерӯҳои мухолифон иддао мекунанд, ки раисиҷумҳур ин раъйпурсиро ба нафъи худаш анҷом дод, то баъд аз интихоботи соли 2018 дар мақоми нахуствазир чун раҳбари аввали кишвар боқӣ бимонад?

Монисян: “Албатта, дар гузашта Серж Саркисян, раисиҷумҳури Арманистон борҳо таъкид кардааст, ки аз соли 2018 дар ҳеч мақом худашро намебинад. Вале ин низоми ҷадид бештар ҳизбӣ ҳаст, на шахсӣ. Барои ҳамин мухолифон фикр мекунанд, ки агар Саркисян чун раҳбари ҳизби ҳоким битавонад дар он интихобот аксариятро ба даст орад, мумкин аст дар соя боз ҳам раҳбариро бар уҳда бигирад.”

Озодӣ: Салоҳиятҳои раёсати ҷумҳурӣ баъд аз ин раъйпурсӣ ва баъд аз интихоботи соли 2018 чӣ хоҳад шуд?

Монисян: “Бештари салоҳиятҳои раёсати ҷумҳурии имрӯзаи Арманистон ба нахуствазир вогузор мешавад ва мақоми раисиҷумҳур бештар рамзӣ хоҳад монд.”

Озодӣ: Акнун тибқи ин тағйирот дар Қонуни асосӣ баъд аз интихоботи соли 2018 Арманистон чӣ гуна ҳукумат ташкил хоҳад кард?

Монисян: “Ҳар ҳизб, ки дар интихобот аксариятро ба даст овард, мисли Қирғизистони имрӯзӣ ҳукумат ташкил медиҳад ва курсии нахуствазирӣ ҳам аз ҳамон ҳизб хоҳад буд. Серж Саркисян тибқи ин тағйироти Қонуни асосӣ метавонад нахуствазир интихоб шавад.”

XS
SM
MD
LG