Раиси Ситоди кулли артиши Украина дар Телеграм навишт, ин анбор дар наздикии шаҳраки Октябрский воқеъ аст. Ҷое, ки ба иттилои манбаъ тақрибан 400 ҳавопаймои бесарнишин нигаҳдорӣ мешуд.
Дар изҳороти ӯ гуфта шудааст, ки ҳамларо нерӯҳои баҳрӣ ва амниятии Украина якҷоя анҷом доданд.
Матбуоти Русия ҳодисаро шарҳ надодааст.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Украина хабар доданд, ки дар ҳамлаи мушакии Русия ба Одесса панҷ кас кушта ва 9 нафар захмӣ шуд.