Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин медали тилои Тоҷикистон дар Бозиҳои III ИДМ


Беҳрӯз Умаров барандаи медали тило (аз чап дуюм)
Беҳрӯз Умаров барандаи медали тило (аз чап дуюм)

Варзишгарони тоҷик то имрӯз дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) дар Озарбойҷон ба гирифтани 18 медал (1 тило, 3 нуқра ва 14 биринҷӣ) даст ёфтаанд

Ягона медали тилоро Беҳрӯз Умаров 5-уми октябр дар риштаи бокс ба даст овард. Вай дар вазни то 50 кило дар финал бар Азизбек Шокирҷонов аз Узбекистон пирӯз шуд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ 142 варзишгар дохиланд, ки дар 18 намуд ширкат меварзанд.

Се медали нуқраи Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо Юсуф Замонов дар риштаи ҷудо дар вазни то 50 кило, Аъзамҷон Ҳасанов (48 кг) ва Акбарҷон Абдуллоев (57 кг), ҳарду дар риштаи бокс, гирифтаанд.

14 медали биринҷӣ ба варзишгарони ҷавони тоҷик - Абдуҷаъфари Баҳодур (-54 кг) ва Нурулло Муродов (-74 кг), ҳарду дар намуди таеквондо WT, Назаралӣ Холов (-64 кг) ва Ёсин Ҳукуматов (-71 кг), ҳарду дар риштаи самбо, Идрис Баҳромов (-71 кг) ва Алиризо Баҳромов (-80 кг), ҳарду дар гуштии озод, Дамир Назаров (-46 кг), Умарҷон Асроров (-66 кг), Амир Нозимов (-75 кг) ва Фурӯғ Сарҳадзода (-60 кг, миёни духтарон), ҳарчор дар риштаи бокс, Абубакр Худоиев (-55 кг) ва Лоиқ Қутбиддинов (-60 кг), ҳарду дар риштаи ҷудо, Муҳаммадӣ Раҷабов дар қаиқронӣ дар каноэ ба масофаи 200 метр, инчунин Ислом Носиров/Далер Носиров дар каноэи дукаса ба масофаи 200 метр - марбут аст.

Ба иттилои сомонаи расмии Бозиҳои III кишварҳои ИДМ, то ҳоло дар ҳисоби медалҳо Русия бо касби 194 медал (105 тило, 55 нуқра ва 34 биринҷӣ) мисли пешин дар ҷойи аввал аст.

Озарбойҷон бо касби 161 медал (29 тило, 46 нуқра ва 86 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва Беларус бо касби 101 медал (27 тило, 26 нуқра ва 48 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Инчунин Узбекистон бо касби 97 медал (21 тило, 28 нуқра ва 48 биринҷӣ) дар ҷойи чаҳорум, Қазоқистон бо касби 75 медал (9 тило, 22 нуқра ва 44 биринҷӣ) дар ҷойи панҷум, Қирғизистон бо касби 19 медал (1 тило, 13 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҷойи шашум, Тоҷикистон бо касби 18 медал (1 тило, 3 нуқра ва 14 биринҷӣ) дар ҷойи ҳафтум мебошанд.

Покистон, Туркия ва Туркманистон бо яктоӣ медали биринҷӣ дар ҷойи ҳаштуманд. Варзишгарони чаҳор кишвар - Куба, Кувайт ва Умон то ҳоло медал нагирифтаанд.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо, ки дар 12 иншооти варзишӣ дар ҳафт шаҳри Озарбойҷон баргузор шудааст, варзишгарон барои 246 маҷмӯи медалҳо дар 23 намуд то рӯзи 8-уми октябр рақобат хоҳанд кард

Дар Бозиҳои сеюм ба ҷуз аз варзишгарони ҳашт кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин намояндагони Куба, Кувайт, Покистон, Туркия ва Умон ширкат доранд.

XS
SM
MD
LG