Кишоварзони вилояти Хатлон баъди эроди раиси ҷумҳур ва номаи мақомот ба зиёд кардани оилаҳои занбӯри асал рӯй овардаанд. Соли гузашта президент Эмомалӣ Раҳмон аз рушди парвариши занӯри асал дар Хатлон интиқод карда буд.
Эмомалӣ Раҳмон дар он суҳбаташ гуфта буд, "4,8 ҳазор тонна асал истеҳсол карда гуфта ҳисобот медиҳем, ин дуруст нест. Як кило асал дар бозор чанд?"
Раиси ҷумҳур он вақт омори мақомотро зери шубҳа гузошта буд, ки агар қариб 5 ҳазор тонна асал тавлид шуда бошад, пас аз шакар дида, бояд дар бозорҳо асал фаровон бошад.
Баъди ин суҳбати президент, мақомоти вилояти Хатлон дар фикри рушди занбурпарварӣ шуданд. Мақомот ваъда дода буданд, ки ба занбӯрпарварон оилаҳои нави занбӯр тақсим мекунанд.
Видеоро инҷо бинед:
Дилшоди Давлаталӣ, сардори Раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, "ҳамон хоҷагиҳое, ки таҷриба доранд, мисол имконият доранд дигар хоҷагиҳоро ба рушди соҳаи занбурпарварӣ ҷалб кунанд, омӯзонанд. Аз ҳисоби Вазорати кишоварзӣ аллакай пешниҳодҳо шуд, беҳбудӣ мешавад. Аллакай мо рӯйхатҳоро омода карда ба вазорат пешниҳод намудем".
Ҳоло маълум нест, ки Вазорати кишоварзӣ то имрӯз ба касе чунин кӯмак кардааст, ё не, вале чанд занбӯрпарвар гуфтанд, ки аз ҳисоби худ оилаҳои занбӯрро зиёд карданд.
Тибқи омори расмӣ, дар минтақаи Кӯлоб бештар аз 44 ҳазор оилаи занбӯр парвариш мекунанд. Қисми зиёдаш ба мардум ва соҳибкорон таалуқ дорад. Тақрибан 8500 оилаи занбӯрро хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ихтиёр доштаанд.
Соли 2025 дар минтақа 177 тонна асал гирифтаанд. Ҳоло як кило асал дар бозор вобаста ба навъаш на камтар аз 100 сомонӣ арзиш дорад.
Дар Тоҷикистон ҳар вақт, Эмомалӣ Раҳмон дастуре дод, мақомот зуд дасту остин барзада, дар пайи ҳалли мушкиле мешаванд, аммо кам дида шудааст, аз натиҷаҳои кори худ ва ҳалли масъала ба мардум гузориш диҳанд.