Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонк бо мошини оташнишонӣ ва "Ёрии таъҷилӣ" хонаи муштариро гирифт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Нозирони милиса аз худсӯзии чаҳор фарзанду як набераи муштарии қарздори "Фононбонк" ҷилавгирӣ ва онҳоро аз манзили зисташон берун карданд.

Бо ҷалби мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ", Хадамоти оташнишонӣ ва нозирони милиса ба кормандони “Фононбонк” ва иҷрочиёни суд муяссар шуд, таҳдиди худсӯзии духтарони муштарии қарздор Зайниддин Тошевро бартараф ва манзили сеҳуҷрагии ӯро ба моликияти "Фононбонк" табдил диҳанд.

Азбакси ҳар бор ҳангоми омадани кормандони бонк ва иҷрочиёни судӣ духтари 26-солаи Зайниддин Тошев, муштарии қарздор аз бонки “Фононбонк”, бо рехтани бензин ба сари худу хоҳаронаш таҳдид мекард, агар кормандони бонк вориди хонаи падараш шаванд, худ ва се хоҳари дигарашро оташ хоҳад зад, ин дафъа ҳайта бо мошинҳои Ёрии таъҷилӣ, Хадамоти оташнишонӣ ва нозирони милиса ба ин ҷо омада, билохира бар ивази қарзи пардохтнашудаи Тошев манзили сеҳуҷрагииӯро дар маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови шаҳраки Ҳисор ба фоидаи бонк мусодира карданд.

Маъруф Раҳимов, ҳуқуқшиноси ин бонк гуфт, гирифтани хона бар асоси қонунҳои ҷории ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномае, ки миёни онҳо ва қарзгиранда вуҷуд дошт, ба вуқӯъ пайвастааст.​

Худи Зайниддин Тошев, муштарии ин бонк рӯзи 26-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин бонк ба хотири тиҷорати мошин ба миқдори 24 ҳазору 700 доллар қарз гирифта буд, аммо маблағро ба як корманди бонк супурдааст, вале ӯ ин маблағро гирифта, фирор кардааст. Вале намояндаи бонк мегӯяд, ин маблағ ба шасхе дода шудааст, ки корманди бонк набудааст.

Тошев меафзояд, ҳамсараш фавтидааст ва намедонад, чаҳор кӯдаку як набераашаро ба куҷо бубарад. Ӯ гуфт: “Ҳамсарам фавтидааст ва як духтарам, ки аз шавҳараш ҷудо шудааст, бо фарзанди хурдсолаш бо ман зиндагӣ мекунад. Мо аз бонк хоҳиш дорем, ки 5 моҳ ба мо мӯҳлат диҳед, то қарзро баргардонем, аммо бароямон мӯҳлат намедиҳанд. Агар ба фарзандонам коре шавад, намедонам чӣ кор кунам, зеро дигар ҷои бурдани онҳо надорам.”

Масъулони “Фононбонк” мегӯянд, борҳо ба хотири баргардонидани қарз мераванд, аммо ба таҳдиди худсӯзии духтари ин муштариашон рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин рӯ, ҳоло бо мошини обпошӣ Хадамоти оташнишонӣ ва Ёрии таъҷилӣ ба ин маҳал рафтаанд, то аз ҳар гуна ҳодиса ҷилавгирӣ кунанд.

Маъруф Раҳимов, ҳуқуқшиноси “Фононбонк” ба Радиои Озодӣ гуфт, ин муштарӣ аз онҳо ҳанӯз соли 2012 қарз гирифта буд ва ду бор мӯҳлати баргардонии қарзаш тамдид шуд, ваел ӯ ҳеҷ талоше барои баргардонидани он накардааст.

“Мо дар дастамон ҳалномаи додгоҳ дорем, ки манзили зисти муштариро, ки дар гарав гузоштааст, бигирем ва ба ивази қарзаш дар фурӯш бигузорем. Чанд бор ҳамроҳ бо иҷрочиёни суд омадем, аммо фарзандони ин мард аз хона берун намешаванд. Дигар мо ин қадар тӯлонӣ наметавонем тоқат кунем ва ҳоло Хадамоти оташнишонӣ, ёрии таъҷилӣ, нозирони минтақавиро овардаем, то дар асоси қонун хонаро бар ивази қарз бигирем. Хона аллакай қонунан дар номи бонки мо ҳаст,” -- гуфт Маъруф Раҳимов.

Қарзи Зайниддин Тошев бо изофаи дарсадҳояш ба 32 000 доллар расидааст ва «Фононбонк» бо берун кардани ӯ хонаашро ба фурӯш гузоштааст. Хонаводаи Тошевҳо муваққатан дар манзили яке аз хешовандони худ ҷой гирифтааст.

XS
SM
MD
LG