Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии парвандаи марги Судайси дусола дар додгоҳ оғоз шудааст


Додгоҳи ноҳияи Сино ба баррасии парвандаи марги як тифл дар яке аз кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе шурӯъ кардааст.

Тибқи иттилои манобеи Радиои Озодӣ, мурофиа охири моҳи сентябр оғоз шуда, ҳукм содир нашудааст. Намояндагони додгоҳ барои шарҳи масъала нома талаб карданд.

Як манбаи огоҳ аз мурофиа ба Радиои Озодӣ гуфт, дар курсии айбдорӣ ду корманди кӯдакистон ва як корманди Идораи беҳдоштӣ (СЭС) нишастаанд.

"Мураббии кӯдакистон, ки дар соати кориаш кӯдак ба ҳалокат расид, аз волидайни тифл узр пурсид. Аммо падари кӯдак дар додгоҳ гуфт, ки бигзор ин афрод дар назди қонун ҷавоб диҳанд",-гуфт манбаи Радиои Озодӣ.

Гумонбарон ба иҷро накардани ӯҳдадорӣ ва "хунукназарӣ" дар корашон муттаҳам мешаванд ва бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист, дар озодӣ ҳастанд.

Дар сурати исботи гуноҳ ба онҳо то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Назари мураббии кӯдакистон ва дигар гумонбарони парванда то ин лаҳза дастрас нест.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ бояд рӯзҳои наздик барои гумонбарон аз додгоҳ ҷазо талаб кунад ва баъди он ҳукм содир шавад.

Рӯзи 19-уми май дар кӯдакистони "Суолу ҷавоб" дар шаҳри Душанбе, Судайси дусола ба ҳалокат расид.

Навори ҷон кандани ин кӯдак, ки ба панҷараи рахти хоб овезон шуда буд, вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Ин ҳодиса бори дигар мавзӯи шароити кӯдакистонҳоро дар Тоҷикистон доғ кард.

Додситонии кулл дар моҳи август гуфт, ки баъди марги ин тифл нисбат ба 5 кас парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Намояндагони додситонӣ он замон гуфта буданд, ки ба ҷуз ёвари мураббӣ, ки масъули нигоҳубини кӯдакон буд, мудири кӯдакистон, ду корманди бахши иҷозатномадиҳии Вазорати маориф ва пизишки бахши санитарӣ низ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Пештар Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ки кори кӯдакистони "Суолу ҷавоб" ғайриқонунӣ буд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки мураббӣ вазифаи худро дуруст иҷро накарда, вақти хоби кӯдакон онҳоро танҳо гузоштааст. Дар натиҷа "аз беэҳтиётӣ писари 2-сола аз гарданаш дар панҷараи рахти хоб овезон шуда ба ҳалокат расидааст".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG