Аксҳо нишон медиҳанд, ки шаҳрдории Бишкек дар ҳоли вайрон кардани айвонҳои (балкон) ғайриқонунӣ ва боз гардонидани симои бархе биноҳои баландошёна ба тарҳҳои аввали даврони Шӯравӣ аст. Ин амалиёти густурдаи тахриби балконҳо дар чандин минтақаи пойтахти Қирғизистон ва дар пайи қабули қонуне дар соли 2024, дар ҳоли иҷро аст.
Қонуни соли 2024 ба мақомоти Бишкек салоҳият медиҳад, то бо ҳадафи беҳбуди "симои меъморӣ ва зебоӣ"-и шаҳр, сохту созҳои иловагӣ дар биноҳоро аз байн баранд.
Балконҳои ғайриқонунии сохташуда дар биноҳои баландошёна, дар бисёре аз шаҳрҳои замони Шӯравӣ як манзари маъмулӣ аст. Гуфта мешавад, ки бунёди беиҷозат пеш аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз шуда буд, зеро биноҳои баландошёнаи он даврон анҷомхона ё анбор надоштанд ва сокинон ба чунин чизе ниёз доштанд.
Ин сохтмонҳои иловагӣ аксар вақт дар шакли рӯйпӯшҳои қалъагӣ ё оҳанӣ дар атрофи балконҳои бетонӣ сохта шудаанд ва сокинони шаҳри Бишкек мегӯянд, ки ин балконҳои пӯшида ба коҳиши сару садо ва чангу ғубор дар хонаҳои канори роҳ, кӯмак мекунад.
Шаҳрдории Бишкек эълон кардааст, ки барои соҳибони балконҳое, ки қарор аст тахриб шаванд, дар бораи ба наздикӣ сурат гирифтани ин иқдом, огоҳинома фиристода шудааст.
Бо вуҷуди онки соҳибони манзилҳо ҳангоми расидани гурӯҳҳои ҳифзи ҳуқуқ норозигӣ нишон медиҳанд, аммо ба гуфтаи масъулини шаҳрдорӣ, "ҳамаи балконҳое, ки ғайриқонунӣ сохта шудаанд дар бораи онҳо огоҳиномаҳо дода шудааст, ҳатман тахриб мешаванд".
Ин маъракаи тахриб дар ҳоле анҷом мешавад, ки Қирғизистон худро барои мизбонии нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шанхан ва "Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо", ки қарор аст ҳар ду дар охири тобистони имсол баргузор шаванд, омода мекунад.
Аммо, шаҳрдории Бишкек эълон кардааст, ки раванди барчидани балконҳо "ба таври доимӣ, новобаста аз он, ки чорабиниҳои байналмилалӣ баргузор мешаванд ё не", идома хоҳад ёфт.
Ин иқдом, ки дар саросари шаҳр идома дорад, боиси баҳсҳо дар бораи тарзи муносибати бархе гурӯҳҳои корӣ шудааст, аз ҷумла, иддаоҳо дар бораи он, ки яке аз гурӯҳҳо партовҳои тахрибро ба меҳмонхонаи як сокин, ки он замон дар хона набудааст, андохтааст.
Ба назар мерасад, ки сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бар сари мавзӯи тахриби балконҳо ихтилофи назар доранд.
Бархе аз талошҳои шаҳрдорӣ барои ҳамоҳангии меъморӣ дар пойтахти Қирғизистон ситоиш кардаанд, дар ҳоле, ки гурӯҳи дигар аз барқарор кардани сабки берӯҳ ва якнавохти биноҳои даврони Шӯравӣ норозигӣ кардаанд.
Яке аз корбарон ин биноҳои истиқоматиро ба хобгоҳҳои донишҷӯён ташбеҳ кардааст.
Ин корбар дар "Инстаграм" навишт, "чунин ба назар мерасад, ки дигар сокинони одӣ дар ин биноҳо зиндагӣ намекунанд ва танҳо донишҷӯён дар саросари шаҳр иқомат доранд".