Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рушди Тоҷикистон кори системавӣ ва ростро мехоҳад"


10 май президенти Тоҷикистон масъалаҳои ҳалталаби низоми молиявии кишварро ба миён гузошт. Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон тамоми нерӯ, обрӯ ва тавонашро ба он равона кардааст, ки кишвар рушд кунад, вале барои ҳамаи ин як система ё низоми доимӣ, усулӣ ва амалкунанда зарур аст.

Аз назари ман, дар Тоҷикистон мушкилоти ҷиддии системавӣ вуҷуд дорад. Ҳамаи ин мушкилот на як солу ду сол, балки дар муддати зиёд ҷамъ шудаанд. Тақрибан дар ҳама гузоришҳои солона ва стратегияҳои ниҳодҳои молӣ саҳифаҳои зиёд ба таҳлили сабабу паёмадҳои мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Вале аз чӣ аст, ки системаи амалкунанда талош мекунад, инро набинад ва ё вонамуд мекунад, ки намебинад. Матбуоти маҳаллӣ ҳам ин гузоришҳоро ба риштаи таҳлил намекашад.

Мутаассифона, аз назари ман, низоми муосири мудирияти ҷараёнҳо дар кишвар ба талаботи замона ҷавобгӯ нест. Сохтори бюрократӣ хеле калон аст, вале қарорҳои усуливу системавӣ ё татбиқ намешаванд ва ё аслан вуҷуд надоранд.

Қарору тасмимҳо дар Тоҷикистон хеле субъективӣ қабул мешаванд. Аз назари ман, дар Тоҷикистон қарорҳо дар ду зина қабул мешаванд – дар сатҳи давлатӣ ва дар сатҳи оила. Аз як сӯ, агар ин ҳолат муфид арзёбӣ шавад, аз сӯи дигар, хеле хатарнок аст.

Айни замон, барои як кишвари хурде ба монанди Тоҷикистон, коршиносони касбӣ ва мутахассисон лозиманд, ки тавонанд паҳлуҳои қавиву сусти қарорҳои иқтисодӣ, молӣ ва соҳаи андозро арзёбӣ карда, пеш аз тасдиқ кардани онҳо сенария ва моделҳои гуногунро пешбинӣ ва пешниҳод кунанд.

Имкон надорад, ки ҳама чизро бар асоси эҳсосот ва муҷозот бисозем. Бояд ҳама қадамҳо дуруст андешида шуда бошанд ва қарорҳои сиёсие қабул шаванд, ки ин иқдомҳоро пуштибонӣ кунанд.

Аз назари таҳаввулоти таърихӣ, Тоҷикистон аз марҳилаи ибтидоии ташаккулёбии сармоя мегузарад ва дар талоши бунёди як системаи сохтории махсус барои ин кишвар аст. 30 сол марҳилаи тӯлонӣ нест ва кори бисёре дар пеш аст. Вале вақту замон ба ҳама шаклҳои сохторҳои зербиноӣ ва захираҳо таъсир мерасонад: мутахассисон пир мешаванд ва мераванд, ба ҷои онҳо бояд кадрҳои ҷавону босавод биёянд, пойдевор занг мезанад ва хароб мешавад, онро пайваста нав бояд кард, технологияҳо ҳамеша дар ҳоли рушд ҳастанд ва дар бозори калони сармояҳо, кору истеҳсолот муборизаи доимӣ барои бозор идома дорад.

Аз назари ман, иқтисоди воқеии Тоҷикистон имрӯз бар пояи ду омили муҳим ташаккул ёфтааст: муҳоҷирати корӣ ва кумакҳои байналмилалӣ дар шакли гранту барномаҳо ва қарзҳо. Инчунин, вобастагии афзояндаи иқтисодиву молиявӣ аз Чин вуҷуд дорад. Дар сурати тағйир ёфтани ин омилҳо, дар фурсати хеле кӯтоҳ дар ҳама бахшҳои иқтисод мушкилоти хеле ҷиддӣ ба миён меояд ва сатҳи зиндагии мардум поин мешавад.

Бо назардошти ин ки аксари кулли аҳолии кишвар дар деҳот ба сар мебаранд, мо шоҳиди тафовути ҷиддӣ дар сатҳи зиндагии сокинони шаҳру деҳот мешавем. Низоми иқтисодӣ дар кишвар – як бозии байни сиёсати манфиатҳои геополитикӣ ва чанд клани оилавӣ аст.

Мутаассифона, ин низом бо назардошти дарки огоҳонаву андешидашуда, ҳамаҷониба ва мушаххаси воқеиятҳои иқтисоди кишвар бунёд нашудааст, ки дар он нақши муҳимро сармояҳои дохиливу хориҷӣ, банақшагирии иқтисодӣ ва андозбандии босаводона бибозанд, то битавонад барои пешбурди истеҳсолот ва дигар бахшҳои иқтисод мусоидат кунад.

Масалан, муваффақиятҳо дар бахши истеҳсоли семент дар шароити мушкили мисли коҳиши қобили мулоҳизаи истеҳсолот ва коркарди алюминий ба чашм намерасанд, мушкилоти зиёди ҳалношуда дар бахши пахтакорӣ вуҷуд дорад. Соҳаи мухобирот ҳам бо сабабҳои дохиливу берунӣ дар як шароити мушкил қарор гирифтааст.

Соҳаи хеле маҳдуди бонкдорӣ бошад, ба тақсимоти нави бозор талош меварзад, вале айни замон бовари аҳолӣ ба сохтори бонкӣ хеле кам аст.

Чолиши низоми маориф ва кортаъминкунӣ ин аст, ки бахши зиёди ҷавонҳои таҳсилкарда талош мекунанд кишварро тарк карда, дар хориҷа барои худ кору макони зист пайдо кунанд. Қисми калони аҳолии ҷумҳурӣ Русияро ба унвони макони ҷойи кору зиндагӣ арзёбӣ мекунад. Корҳое, ки мекунанд, ихтисоси баланд талаб намекунад ва даромади кам дорад.

Мушкил зиёд аст, вале қарорҳои андешидашуда, ки ба шакли барномаву амал ифода шаванд, дида намешавад. Стратегияи миллии рушд то соли 2030 қабул шудааст, вале он феълан танҳо ба ном вуҷуд дорад.

Ба назари ман, президенти кишвар тамоми кор ва имкониятҳои шахсиву нуфузаш дар арсаи байналмилалиро ба он равона кардааст, ки кишвар дар се самт рушд кунад: роҳҳои транзитӣ, истиқлоли энержӣ ва амнияти ғизо.

Вале барои ҳамаи ин як система ва ё бархӯрди доимиву усулӣ лозим аст, ки рушди муттасил ва дарозмуддатро таъмин кунад.

Бояд дарк кард, ки ҳамаи ҷараёнҳо хусусияти бозгаштро доранд, мисли ҷараёнҳое, ки дар табиат мегузарад ва он чи ки ҳоло амал мекунад, шояд тамоми вақт идома накунад ва ба ҷараёнҳои эволютсионии тағйирот дучор шавад. Бояд ҳадди ақал аз назари интиқодӣ баҳо дод, ки мо, ба унвони як кишвар, ба куҷо ҳаракат мекунем. Аз деҳқони оддӣ дар майдони кишт сар карда то як мақомдоре, ки дар курсии нарму роҳате нишастааст, бояд дар ин бора биандешанд.

То куҷо мехоҳем кишваре дар «ҷаҳони сеюм» бимонему дар қатори кишварҳои дар ҳоли рушд ёд шавем ва ё як давлати нодире бошем, ки барои пешрафт талош мекунад ва дар ин талошаш ба натиҷаҳои мусбат даст меёбад.

Вале ин ҳама корҳо кӯшишҳои ҳамешагиро талаб мекунанд ва арзёбии дурустии кору иштибоҳҳои худ, ислоҳи онҳо ва пайдо кардани роҳҳалҳои нав бахши муҳимми ин кӯшишҳо аст.

Нур Сафаров, шореҳи иқтисодӣ

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Гузоришҳои видеоӣ

Кумакхоҳии як зани тоҷик аз Сурия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00
XS
SM
MD
LG