Ба иттилои сомонаи расмии Бозиҳои III кишварҳои ИДМ, дар рӯзи охирини Бозиҳо, 8-уми октябр, мусобиқоти ниҳоӣ дар риштаи гимнастикаи бадеӣ доир мегардад.
Дар ҳамин ҳол дар ҳисоби медалҳо Русия бо касби 225 медал (124 тило, 61 нуқра ва 40 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Озарбойҷон бо касби 178 медал (33 тило, 53 нуқра ва 92 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва Беларус бо касби 119 медал (32 тило, 35 нуқра ва 52 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор доранд.
Инчунин Узбекистон бо касби 118 медал (25 тило, 33 нуқра ва 60 биринҷӣ) дар ҷойи чаҳорум, Қазоқистон бо касби 80 медал (10 тило, 24 нуқра ва 46 биринҷӣ) дар ҷойи панҷум, Қирғизистон бо касби 25 медал (1 тило, 15 нуқра ва 9 биринҷӣ) дар ҷойи шашум, Тоҷикистон бо касби 22 медал (1 тило, 5 нуқра ва 16 биринҷӣ) дар ҷойи ҳафтум ва Туркманистон бо 2 медали биринҷӣ дар ҷойи ҳаштум мебошанд.
Покистон ва Туркия бо яктоӣ медали биринҷӣ ҷойи 9-умро азони худ кардаанд. Варзишгарони се кишвар - Куба, Кувайт ва Умон - медал надоранд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ 142 варзишгар дохил буданд, ки дар 18 намуд ширкат варзиданд.
Ягона медали тилоро Беҳрӯз Умаров дар риштаи бокс соҳиб шудааст. Вай дар вазни то 50 кило дар финал бар Азизбек Шокирҷонов аз Узбекистон пирӯз гардид.
Панҷ медали нуқраи Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо Юсуф Замонов дар риштаи ҷудо дар вазни то 50 кило, Аъзамҷон Ҳасанов (48 кг) ва Акбарҷон Абдуллоев (57 кг), ҳарду дар риштаи бокс, Муҳаммадӣ Раҷабов дар қаиқронӣ дар каноэ ба масофаи 500 метр ва Алишер Рӯзиматов (-71 кг) дар риштаи гуштии юнону румӣ гирифтаанд.
16 медали биринҷӣ ба варзишгарони ҷавони тоҷик - Абдуҷаъфари Баҳодур (-54 кг) ва Нурулло Муродов (-74 кг), ҳарду дар намуди таеквондо WT, Назаралӣ Холов (-64 кг) ва Ёсин Ҳукуматов (-71 кг), ҳарду дар риштаи самбо, Идрис Баҳромов (-71 кг) ва Алиризо Баҳромов (-80 кг), ҳарду дар гуштии озод, Дамир Назаров (-46 кг), Умарҷон Асроров (-66 кг), Амир Нозимов (-75 кг) ва Фурӯғ Сарҳадзода (-60 кг, миёни духтарон), ҳарчор дар риштаи бокс, Абубакр Худоиев (-55 кг) ва Лоиқ Қутбиддинов (-60 кг), ҳарду дар риштаи ҷудо, Муҳаммадӣ Раҷабов дар қаиқронӣ дар каноэ ба масофаи 200 метр, инчунин Ислом Носиров/Далер Носиров дар каноэи дукаса ба масофаи 200 метр, Муҳаммадёсин Ибодуллоев (-45 кг) ва Маҳдӣ Баротов (-60), ҳарду дар риштаи гуштии юнону румӣ - марбут аст.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо, ки дар 12 иншооти варзишӣ дар ҳафт шаҳри Озарбойҷон баргузор шуд, варзишгарон барои 246 маҷмӯи медалҳо дар 23 намуд рақобат карданд.
Дар Бозиҳои сеюм ба ҷуз аз варзишгарони ҳашт кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин намояндагони Куба, Кувайт, Покистон, Туркия ва Умон ширкат доштанд.
Ёдовар мешавем, аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Қазони Тотористони Русия бо иштироки 1100 варзишгар аз 9 кишвар баргузор шуда буд.
Тоҷикистонро 51 варзишгар дар 11 риштаи варзиш намояндагӣ карда, 14 медал – 7 нуқра ва 7 биринҷӣ – гирифтанд. Тоҷикистон баъди Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Қирғизистон мақоми ҳафтумро касб намуда, аз Арманистону Молдова пеш гузашт.
Дар Бозиҳои II кишварҳои ИДМ, ки моҳи августи соли 2023 дар Беларус доир гардид, 2200 варзишгари 9 кишвари ИДМ, инчунин намояндагони Баҳрайн, Куба, Кувайт, Венесуэла, Ветнам, Малайзия, Миср, Лубнон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Муғулистон, Покистон, Умон ва Эрон ширкат варзида, аз рӯи 20 намуди варзиш рақобат карданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 130 нафар аз рӯи 13 намуд ширкат варзида, бо касби 13 медал (1 нишони тилло, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ) дар байни 22 кишвари иштироккунандаи бозиҳо ҷойи ҳаштумро соҳиб шуд.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ танҳо аз Туркманистон пеш гузашт ва нисбат ба Бозиҳои аввал як зина поин шуд. Инчунин теъдоди медалҳои нуқра чаҳор адад кам гардид. Аммо натиҷаи хурсандибахш он буд, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои дуюм тавонистанд бори аввал медали тило бигиранд. Медали ягонаи тилоро ба Тоҷикистон Меҳроҷ Суфиҷонов дар мусобиқаи бокс дар вазни то 48 кило овард.
Гуфтугӯ