Ин бозӣ дар доираи рӯзҳои расмии FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) 9-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури беш аз 9 ҳазор тамошобин баргузор шуд.
Бозигари меҳмонон Викрам Партап Сингх дар дақиқаи 25-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро ҳамлагари мизбонон Шериддин Бобоев дар дақиқаи 85-ум аз пеналтӣ зад.
Барои капитани тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров бозии дуюми дӯстона муқобили мунтахаби Ҳинд садумин рақобати ӯ дар ҳайати дастаи асосии кишвар гардид. Вай аввалин футболбоз дар таърихи футболи тоҷик аст, ки дар ҳайати тими миллии кишвар 100 бозӣ кардааст.
Пеш аз оғози бозии дӯстона дар Ҳисор ба Аҳтам Назаров пероҳани тими миллии Тоҷикистон бо шумораи 100 супурда шуд. Ҳамчунин аз номи роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ӯ калиди автомобил тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, тими миллии Тоҷикистон дар бозии аввали дӯстона, ки 5-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода доир гашт, мунтахаби Ҳиндро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода буд.
Пас аз натиҷагирии бозии аввали дӯстона дар радабандии нави FIFA Тоҷикистон се зина боло - ба ҷойгоҳи 100-ум - баромад ва Ҳинд се зина поин шуд - 139-ум.
Дар умум, ин бозии 9-ум миёни мунтахабҳои Тоҷикистону Ҳинд дар тули 18 сол ба шумор мерафт. Дар чаҳор бозӣ футболбозони тоҷик, дар ду дидор бозигарони ҳинду ғалаба кардаанд ва се бозӣ мусовӣ шудааст.
Холид Ҷамили 49-сола аз Кувайт, ки вазифаи сармураббии тими миллии Ҳиндро ба уҳда дорад, соли гузашта ҳам дастаашро ба Тоҷикистон оварда буд. Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми миллатҳои CAFA-2025” дар гурӯҳи «В», ки моҳи сентябри порсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуд, аз тими миллии Ҳинд бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд.
Бояд зикр намуд, бозиҳои дӯстона бо тими миллии Ҳинд як марҳилаи омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мебошад. Рақибони футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «D» тимҳои миллии Ав стралия, Ироқ ва Сингапуранд. Австралия ва Ироқ дар Ҷоми ҷаҳон-2026 бозӣ хоҳанд кард.
Бозии дувуми дӯстона
Тоҷикистон - Ҳинд – 1:1
Голҳо: Викрам Партап Сингх, 25 (0:1). Шериддин Бобоев, 85 – аз пеналти (1:1).
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷурабоев, Меҳрубон Каримов (Ваҳдат Ҳаннонов, 58), Аҳтам Назаров (Фурқон Раҳимзода, 58), Табрез Исломов (Шаҳром Самиев, 70), Алиҷон Кароматуллозода, Амирбек Ҷурабоев (Салоҳиддин Эргашев, 46), Эҳсони Панҷшанбе (Алишер Шукуров, 83), Муҳаммадҷон Раҳимов (Шервонӣ Мабатшоев, 46), Парвизҷон Умарбоев, Алишер Ҷалилов (Шериддин Бобоев, 83).
Сардовар: Аҳрор Рисқуллоев (Узбекистон).
9-уми июн. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 9370 тамошобин.
Гуфтугӯ