Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори Рустами Эмомалӣ: Бозор Собирро дар оромгоҳи Лучоб ба хок месупоранд


Акс аз соли 2013
Акс аз соли 2013

Бо як қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 4-уми майи соли ҷорӣ, ҷасади шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда мешавад.

Дар матни қарори шаҳрдор гуфта мешавад, ки масъулияти дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани маросими дафни шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир ба дӯши муовини раиси шаҳр Т. Раҳимзода ва директори Муассисаи давлатии "Раёсати оромгоҳҳо" Р. Маҷидов вогузор мешавад. Бо дастури шаҳрдор, ин маросим бояд бо ширкати матбуот баргузор шавад.

Қарори ташкили маросими дафни ин шоири шинохта дар ҳолест, ки ҳанӯз мақомоти давлатӣ санаи интиқоли ҷасади Бозор Собир аз Амрикоро ошкор намекунанд. Духтари шоир Шогуна Собир рӯзи 4-уми май дар як посухи катбии мухтасараш ба Радиои Озодӣ аз Сиэтли Амрико навишт, ки ҳоло расмиёти марбут ба интиқоли ҷасад ба Тоҷикистон анҷом нашудааст.

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик баъди бемории тӯлонӣ, ки як моҳи охираш дар бахши эҳёгарии як бемористони шаҳри Сиэттли Амрико гузашт, рӯзи 1-уми май аз олам чашм пӯшид. Дар бораи марги шоир нахуст вебсайти президенти Тоҷикистон хабар дод ва гуфта шуд, ки ҷасади шоир ба ватан оварда ва дар ҳамин ҷо хоксупорӣ мешавад.

Ба гуфтаи дӯстони шоир, ӯ якуним соли пеш дубора ба ИМА баргашт. Бозор Собир аз охири соли 1995 ҳамроҳ бо оилааш дар Сиэтли Амрико муқимӣ шуд ва танҳо соли 2013 бо даъвати президент Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон баргашт.

Бозор Собир, ки фаъолияти эҷодии худро аз солҳои донишҷӯӣ дар факултаи забону адабиёти тоҷики ДДМТ (1960) шурӯъ кардааст, бо маҷмӯаҳои «Аз гули хор то симхор», «Оташбарг», «Бо чамидан бо чашидан», «Чашми сафедор», «Офтобниҳол» ва дигарҳо маъруф аст.

XS
SM
MD
LG