Ҳамчунин дар бозори қирғизтаборон низ харидорони тоҷик мушоҳида намешаванд. Пеш аз муноқишаҳову баста шудани марз вазъ комилан дигар буд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз вазъи бозорҳо мушоҳида намуд. Бозори Чоркӯҳи шаҳри Исфара ҳафтае як маротиба доир мешавад, вале мисли чору панҷ соли пеш дигар гарму пурҷӯшу хуруш нест. Тоҷирон умедвор буданд, ки баъди боз шудани сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тиҷорат байни ду тараф авҷ мегирад, вале ҳанӯз онро эҳсос накардаанд.
Тилобатхон Қурбонова, тоҷири бозори Чоркӯҳ мегӯяд, агар вазъ мисли пешина шавад, хуб мешуд. Ӯ мегӯяд, “давраҳои пеш, ки робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон нағз буд, меомаданд. Баъде, ки ин ҳодисаҳо шуд, то ҳол наомадаанд. Қарор баромадааст, лекин ҳанӯз муштариҳо аз Қирғизистон наомадаанд”.
Манзура Қурбонова давраи то низоъҳои пурхушунати солҳои 2021 ва 2022 дар сарҳади байни ду кишвар аст, ки боиси куштаву захмӣ шудани даҳҳо нафар аз ҳарду тараф гардид. Бархе сокинони шоҳиди низоъ мегӯянд, зоҳиран барои барқарор шудани эътимоду боварии байни мардум ҳанӯз вақт лозим мешавад.
Деҳаи Чоркӯҳ наздиктарин деҳа ба Қирғизистон аст. Шаҳри Исфара бо вилояти Ботканди ин кишвар марзи муштарак дорад ва табодули мол то баста шудани сарҳад бисёр назаррас буд.
Қодир Ҷамилов, тоҷири бозори Чоркӯҳ мегӯяд, аз тиҷорати байнисарҳадӣ ҳарду тараф манфиат медид. Ӯ мегӯяд, тоҷирон аз Қирғизистон ба Тоҷикистон «биринҷ меоварданд. Биринҷи хуб оварда мефурӯхтанд. Арзон буд. Бо нархи 10 ё 12 сомонӣ биринҷи хеле хуб меоварданд”.
Бо вуҷуди ҳамсояи рӯбарӯ будани деҳаҳои Борбордуки Қирғизистон ва Хистеварзи Тоҷикистон бозори онҳо низ камодаму камхаридор аст.
Тоҷирони бозори Хистеварз мегӯянд, ки байни деҳаҳои марзӣ нақлиёт мегашт ва кору омадурафтори тоҷиронро осон мекард.
Мавлуда Холиқова, тоҷири бозори Хистеварз ҳам мегӯяд, бозори ӯ ҳам гарм буд: “Ҳар рӯз камзӯлча медӯхтам, шабона бурда мефурӯхтам. Ҳар рӯз автобус буд, моро ба Арқа мебурд, одамони хуб буданд. Ҳама либосҳоямро фурӯхта меомадам. Ҳоло ин хел нест”.
Вазъ дар дигар сӯи марз ҳам чунин аст. Дар бозори қирғизтаборони Арқа харидорони тоҷик мушоҳида намешаванд, ҳарчанд бозор дар канори шоҳроҳи Хуҷанд-Исфар қарор дорад. Ба гуфтаи бархе аз сокинону тоҷирон, дур будани гузаргоҳҳо ва талаботи сахти гузар аз онҳо ба рафту омади шаҳрвандон монеа эҷод кардааст. Ба гуфтаи онҳо, панҷ сол пеш аҳвол чунин набуд ва мардум умедворанд, вазъ беҳтар мешавад.
Усмонбой Саидаҳмадов, тоҷири бозори Чоркӯҳ бо ин вуҷуд ба тадриҷан беҳбуд ёфтани муносибатҳо дар сатҳи мардуми маҳаллӣ бовар дорад. Ӯ гуфт: “Рафтуомадро, иншоолоҳ, сар мекунем. Вайҳо омада аз они моро мегиранд, мо рафта аз они онҳоро мегирем. Худо хоҳад, байнамон дӯстӣ бештар шудан мегирад. Аз онҳо хоҳиш мекунем, ки бемамониат биёянд. Ягон хел муноқиша ё дар дил кинаю кудурат нест”.
Абдуҳаким Раҳимов, тоҷири бозори Хистеварз ҳам гуфт: “Рафтуомаду якдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ шавад нағз аст. Албатта зиндагӣ пеш меравад. Ҳоло ҳама ҷо тинҷию хуб аст”.
Вазирони нақлиёти Тоҷикистону Қирғизистон ҳафтае пеш мавзуи азсар гирифтани ҳаракати автобусҳо дар хатсайрҳои “Хуҷанд–Ош”, “Хуҷанд-Бодканд” ва “Исфара-Бодканд”-ро баррасӣ кардаанд. Дар дидори мақомоти ду кишвар пешниҳод шудааст, ки кор дар қитъаи роҳи оҳани Спитамен-Истиқлол-Спитамен дар вилояти Суғд барои ҳамлу нақли коло аз Қирғизистон аз сар гирифта шавад. Бо ин вуҷуд мақомоти Суғд мегӯянд, боз шудани марз сатҳи табодули молро даҳҳо баробар боло бурдааст.
Ҳокимбек Накҳатзода, сардори сарраёсати омори вилояти Суғд гуфт: “Дар чор моҳи соли 2025, бар асоси маълумоти намояндагии Хадамоти гумруки вилояти Суғд, ҳаҷми гардиши савдои байни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба 2,4 милион доллар баробар гаштааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 28,3 баробар зиёд мебошад. Аз ҷумла, маҳсулоти содиротшаванда дар ҳаҷми 917 ҳазор доллар, ки нисбати ҳамин давраи гузашта 539,5 ҳазор доллар зиёд шудааст. Маҳсулоти воридотӣ бошад, 1,4 миллион долларро ташкил кардааст, ки нисбати ҳамин давраи гузашта 17,7 баробар зиёд мебошад. Аз он ҷумла ҳаҷми гардиши савдои минтақаҳои наздисарҳадӣ аз 6,1 фоиз сар карда то 26,5 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд гаштааст”.
Моҳи марти соли ҷорӣ Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз баҳсҳои тӯлонӣ созиши марзиро имзо карданд. Марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳазор километр аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд. Борҳо дар нуқтаҳои баҳсӣ ҷанҷол сар зада, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо низомӣ ва сокинони маҳаллии ду кишвар шуда буд. Мақомоти қирғизу тоҷик гуфтанд, ки имзои созишномаи марзӣ ба ин баҳсҳо хотима дод. Вале маълум нест, бовариву эътимод ба ҳамдигар, ки як шарти муҳими барқарор шудани муносибатҳои маишиҷи иҷтимоии байни мардумон мебошад, кай пурра барқарор хоҳад шуд.
Гуфтугӯ