Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тереза Мей: "Ҷосуси собиқ ба эҳтимоли зиёд аз сӯи Русия заҳролуд шудааст"


Тереза Мей, нахуствазири Бритониё.

Тереза Мей, нахуствазири Бритониё рӯзи душанбеи 12-уми март гуфт, ҷосуси пешини Русия бо як навъ модаи фалаҷкунандаи асаб заҳролуд шуда, ки дар Русия тавлид мешавад. Хонум Мей дар порлумони Бритониё гуфт, "ба эҳтимоли зиёд" Русия масъули заҳролуд кардани Сергей Скрипал, корманди пешини истихбороти аскарии Русия аст, ки солҳо пеш ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Бритониё маҳкум шуда буд.

Собиқ корманди истихборот Сергей Скрипал соли 2004 бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Британия зиндонӣ шуд. Соли 2010 ӯро бо агентҳои рус, ки Амрико боздошт карда буд, иваз карданд.

Тереза Мей мегӯяд, сафири Русия дар Лондон барои шарҳи ин мавзӯъ даъват шуд ва ҳукумати Бритониё ин амалро "истифодаи ғайриқонунӣ аз зӯр" тавассути Русия медонад. Нахуствазири Бритониё қабл аз ин изҳорот дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии он кишвар ширкат кард ва охирин гузориши таҳқиқотӣ дар ин замина ба вай ироа шуда буд.

Сергей Скрипал ва духтараш Юлия, ки рӯзи 4-уми март ва баъд аз заҳролуд шудан ба таври асроромез дар шаҳри Солсбери Бритониё, ба бемористони интиқол дода шуданд, ҳанӯз дар бахши нигаҳдории хос, бистарӣ ҳастанд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки ҳукумати Бритониё қабл аз муттаҳам кардани Русия, бояд таҳқиқоти пурра кофӣ анҷом дода ва мушаххас кунад, ки ҳодиса чӣ гуна рух додаааст. Оқои Путин рӯзи душанбе дар посух ба суоли як хабарнигори бритониёӣ дар мавриди дахолати Русия дар ин ҳодиса гуфт, "шумо аввалан таҳқиқоти комилро анҷом диҳед ва баъд дар мавриди он сӯҳбат хоҳем кард."

Сергей Скрипал ва духтараш Юлия.
Сергей Скрипал ва духтараш Юлия.

Маскав иттиҳоми дахолат дар ин ҳодисаро радд кардааст. Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия дар як нишасти хабарӣ гуфт, Сергей Скрипал барои ниҳодҳои амниятии Бритониё кор мекард ва дар хоки он кишвар заҳролуд шудааст ва "ин ҳодиса ҳеҷ рабте ба Русия надорад". Ӯ афзуд, то ба ҳол ҳеҷ баёнияи расмӣ дар мавриди дахолати Русия мунташир нашудааст.

Як узви порлумони Бритониё рӯзи душанбе дар мусоҳиба бо радиои Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфт, ҳанӯз барвақт аст, ки дар мавриди ин ҳодиса ба таври қатъи назари худро эълом кард, аммо ба бовари вай, заҳролуд шудани ин ду нафар, "ба шиддат ба иқдомоти давлатӣ барои қатли афрод шабоҳат дорад."

Сергей Скрипали 66-сола ва духтари ӯ Юлия рӯзи 4-уми март дар шаҳри Солсберӣ заҳролуд шуданд. Вазъи онҳо бисёр вазнин арзёбӣ мешавад. Собиқ корманди истихборот Сергей Скрипал соли 2004 бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Британия зиндонӣ шуд. Соли 2010 ӯро бо агентҳои рус, ки Амрико боздошт карда буд, иваз карданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG