Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлат Чолов боз ғайб зад


Боздоштгоҳи шаҳри Кӯлоб
Боздоштгоҳи шаҳри Кӯлоб

Як узви хонаводаи маъруфи Чоловҳо дар Кӯлоб се моҳ боз ғайб задааст ва эҳтимол меравад, ки Давлат Чолов ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайваста бошад.

Давлат Чолови 44-сола, бародари Қурбон Чолов, қумондони маъруфи замони ҷанги шаҳрвандӣ се моҳ боз нопадид шудааст ва бархе аз наздиконаш мегӯянд, эҳтимоли қавие вуҷуд дорад, ки ӯ ба Сурия рафтааст.

Ин сарусадоҳо дар ҳоле баланд мешавад, ки як сол қабл ӯ бо пардохти ҷарима аз зиндон раҳо шуда буд.

Давлат Чолов моҳи феврали соли 2014 дар фурудгоҳи Душанбе ҳангоме ки қасди парвоз ба Туркияро дошт, боздошт шуд. Мақомот ӯро ба ҷалби ҷавонон ба гурӯҳи мамнӯъи “Давлати исломӣ” ва қасди пайвастан ба ин гурӯҳ айбдор карданд. Аммо моҳи декабри ҳамон сол ӯ бо пардохти ҷарима озод шуд. Мақомот танҳо бо ҷарима озод шудани ӯро ба “сидқан пушаймон шудан” ва “ҳамкорӣ бо тафтишот” бастагӣ доданд.

Аммо Ҷомӣ Чолов, писари Давлат Чолов рӯзи 14-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш 24-уми сентябри соли равон, дар рӯзи Иди Қурбон аз хона берун шуда ва то ҳол ҳеҷ нишоне аз ӯ дарёфт накардаанд.

Ӯ мегӯяд, хабари ба Сурия рафтани падараш ва ҳатто кушта шуданашро аз забони ҷавононе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд, шунидаанд, вале касе то ҳол ин хабарро расман ба онҳо тасдиқ накардааст. Ҷомӣ гуфт, ҳоло на дурӯғ ва на рост будани ин хабарро тасдиқ карда наметавонад ва танҳо гуфта метавонад, ки се моҳ боз падараш бо онҳо дар тамос нест.

Муҳаммад Сафолов, як ҳамсабақи мактабии Давлат Чолов мегӯяд, пас аз озод шуданаш ӯ хеле кам ба кӯчаҳо мебаромад ва зоҳиран ба як марди хайёлӣ табдил ёфта буд. Сафолов мегӯяд, пас аз раҳоӣ чор ё панҷ бор бо Давлат Чолов ҳамсӯҳбат шудааст ва эҳсос мекард, ки ӯ хеле тағийр ёфтааст ва як соли зиндон ҳам ӯро ислоҳ накардааст.

“Каме бо эҳтиёт сӯҳбат мекард, вале маълум буд, ки андешаҳои ифротиашро иваз накардааст. Ришаш ҳам назар ба қабл кӯтоҳ шуда буд. Гап мезад, вале фикраш дар дигар ҷо буд. Дигар бо бачаҳо қариб рафтуомад надошт. Ӯро дар маросимҳои Қурбони Чол ҳам дида будам, ки мисли як бегона он ҷо иштирок мекард. Аз давраи мактабиву давраи ҷанг ӯ тамоман дигар шуда буд,” - гуфт Сафолов.

Қурбон Чолов
Қурбон Чолов

Мақомоти интизомӣ мавзӯи ғайб задани Давлат Чолоро як моҳ боз таҳқиқ доранд. Як манбаъ аз раёсати корҳои дохилии Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, зимни таҳқиқ маълум шуда, ки шаби 24-уми сентябр Чолов аз Кӯлоб ба Русия парвоз кардааст, аммо дар Русия ба ҳеҷ як наздику шиносаш тамос нагирифтааст.

"Дӯстону наздикони зиёдаш дар Русия ҳастанд, аммо ягон нафари онҳо ӯро надидаанд ва ба онҳо ҳам занг назадааст," - гуфт ин масъул.

Ӯ афзуд, бархе шавоҳид аз ҳузури ӯ дар Сурия ва ё марзи Туркия рӯи даст ҳаст, вале ҳоло онҳо “сад дар сад” тасдиқ нашудаанд.

Соли гузашта Давлат Чолов ҳамроҳ бо се тани дигар бо гумони ҷалби ҷавонон ва қасди пайвастан ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” боздошт шуда буд.

Моҳи сентябри соли гузашта додгоҳи вилояти Хатлон се тан аз ҳамроҳони Чоловро, ки аз зиндон машғли ҷалби ҷавонон ба ҷангҳои Сурия буданд, гунаҳкор донист. Абдураҳмон Қодиров, Савриддин Ҷӯраев ва Азаматҷон Хоҷамқулов, яке 17 ва дуи дигар аз 19 то 26 сол ҳукм гирифтанд. Аммо Давлат Чолов, ки гуфта мешуд, аз берун бо ин се нафар дар тамос будааст, бо вуҷуди айбдор донист шуданаш бо моддаҳои 187, қисми 3 (ташкили иттиҳоди ҷиноӣ барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан муҳим), банди 307 (ташкили созмони ифротгаро)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моҳи декабр бо пардохти ҷарима озод шуд.

Давлат Чолов дар гузашта дар сафи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар марзи ноҳияи Шӯрообод бо Афғонистон хидмат мекард ва унвони майорро дошт. Дар соли 2003 Давлат Чолов баъди гунаҳкор шуданаш дар ғайб задани силоҳ аз қисми низомие, ки хидмат мекард, як муддат ба Афғонистон ҳам фирор карда буд.

XS
SM
MD
LG