Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки бори аввал дар се кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор шудааст, дар панҷ рӯзи мусобиқа дар шаш гурӯҳ 12 бозӣ доир гардид.
Ҳашт бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт ва чаҳор дидор бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид. Дар 12 бозӣ 38 гол зада шуд. Кай Хавертс (Олмон), Фоларин Балоган (ИМА) ва Ёсин Айёрӣ (Шведсия), ки ҳар кадом дуголӣ задааст, дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқа садрнишинанд.
Натоиҷи бозиҳо ва мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳҳо:
Гурӯҳи А
Мексика – ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) – 2:0
Кореяи Ҷанубӣ – Ҷумҳурии Чех – 2:1
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | Мексика | 1 | 1 | 0 | 0 | 2-0 | 3 |
| 2 | Кореяи Ҷанубӣ | 1 | 1 | 0 | 0 | 2-1 | 3 |
| 3 | Ҷумҳурии Чех | 1 | 0 | 0 | 1 | 1-2 | 0 |
| 4 | Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-2 | 0 |
Гурӯҳи В
Канада - Босния ва Ҳерсеговина – 1:1
Қатар – Швейтсария – 1:1
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | Швейтсария | 1 | 0 | 1 | 0 | 1-1 | 1 |
| 2 | Канада | 1 | 0 | 1 | 0 | 1-1 | 1 |
| 3 | Қатар | 1 | 0 | 1 | 0 | 1-1 | 1 |
| 4 | Босния ва Ҳерсеговина | 1 | 0 | 1 | 0 | 1-1 | 1 |
Гурӯҳи С
Бразилия – Марокаш – 1:1
Ҳаити – Шотландия – 0:1
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | Шотландия | 1 | 1 | 0 | 0 | 1-0 | 3 |
| 2 | Марокаш | 1 | 0 | 1 | 0 | 1-1 | 1 |
| 3 | Бразилия | 1 | 0 | 1 | 0 | 1-1 | 1 |
| 4 | Ҳаити | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-1 | 0 |
Гурӯҳи D
ИМА – Парагвай – 4:1
Австралия – Туркия – 2:0
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | ИМА | 1 | 1 | 0 | 0 | 4-1 | 3 |
| 2 | Австралия | 1 | 1 | 0 | 0 | 2-0 | 3 |
| 3 | Туркия | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-2 | 0 |
| 4 | Парагвай | 1 | 0 | 0 | 1 | 1-4 | 0 |
Гурӯҳи Е
Кот-д’Ивуар – Эквадор – 1:0
Олмон – Курасао – 7:1
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | Олмон | 1 | 1 | 0 | 0 | 7-1 | 3 |
| 2 | Кот-д’Ивуар | 1 | 1 | 0 | 0 | 1-0 | 3 |
| 3 | Эквадор | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-1 | 0 |
| 4 | Курасао | 1 | 0 | 0 | 1 | 1-7 | 0 |
Гурӯҳи F
Шветсия – Тунис –5:1
Нидерланд – Ҷопон – 2:2
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | Шветсия | 1 | 1 | 0 | 0 | 5-1 | 3 |
| 2 | Ҷопон | 1 | 0 | 1 | 0 | 2-2 | 1 |
| 3 | Нидерланд | 1 | 0 | 1 | 0 | 2-2 | 1 |
| 4 | Тунис | 1 | 0 | 0 | 1 | 1-5 | 0 |
Дар мусобиқаи ниҳоӣ 48 даста ширкат меварзанд. Ин дар муқоиса бо Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 гаронарзиштарин дар таърихи футболи ҷаҳонист. Бозиҳо дар 16 шаҳр (аксарияти варзишгоҳҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷойгиранд) ва дар маҷмӯъ 104 бозӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то ҳоло 12-тоаш доир гардид.
Чаҳор кишвар - Кабо-Верде (Африқои Ғарбӣ), Курасао (Амрикои Ҷанубӣ), Узбекистон (Осиёи Марказӣ) ва Урдун (Осиёи Ғарбӣ) - дар Ҷоми ҷаҳонӣ аввалин маротиба иштирок мекунанд.
Дастаи мунтахаби Узбекистон дар гурӯҳи “К” рӯзи 17-уми июн бо Колумбия, 23-юми июн бо Португалия ва 27-уми июн бо Ҷумҳурии Демократии Конго рӯбарӯ мешавад.
Дар марҳалаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии соли 2026-ум 48 дастаи мунтахаб, ки ба 12 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба плей-офф мубориза мебарад.
Таркиби гурӯҳҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 чунин аст:
Гурӯҳи A: Мексика, Африқои Ҷанубӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Чехия
Гурӯҳи B: Канада, Қатар, Швейтсария, Босния ва Ҳерсеговина
Гурӯҳи C: Бразилия, Марокаш, Ҳаити, Шотландия
Гурӯҳи D: ИМА, Парагвай, Австралия, Туркия
Гурӯҳи E: Олмон, Курасао, Кот-д’Ивуар, Эквадор
Гурӯҳи F: Нидерланд, Ҷопон, Тунис, Шведсия
Гурӯҳи G: Белгия, Миср, Эрон, Зеландияи Нав
Гурӯҳи H: Испания, Кабо-Верде, Арабистони Саудӣ, Уругвай
Гурӯҳи I: Фаронса, Ироқ, Сенегал, Норвегия
Гурӯҳи J: Аргентина, Алҷазоир, Австрия, Урдун
Гурӯҳи K: ҶД Конго, Португалия, Узбекистон, Колумбия
Гурӯҳи L: Англия, Хорватия, Гана, Панама
Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, инчунин ҳашт тими натиҷаҳояшон хубтари ҷойҳои севум, дар маҷмуъ 32 даста, ба даври 1/16-ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Бозии ниҳоӣ рӯзи 19-уми июл дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) доир мегардад.
Тақвими Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар ИМА, Мексика, Канада (бо вақти Душанбе)
Марҳалаи гурӯҳӣ
Даври якум
15 июн
21:00. Испания - Кабо-Верде
16 июн
00:00. Белгия – Миср
03:00. Арабистони Саудӣ – Уругвай
06:00. Эрон - Зеландияи Нав
17 июн
00:00. Фаронса – Сенегал
03:00. Ироқ – Норвегия
06:00. Аргентина – Алҷазоир
09:00. Австрия – Урдун
22:00. Португалия - ҶД Конго
18 июн
01:00. Англия – Хорватия
04:00. Гана – Панама
07:00. Узбекистон – Колумбия
Даври дувум
18 июн
21:00. Чехия – ҶАҶ
19 июн
00:00. Швейтсария - Босния ва Ҳерсеговина
03:00. Канада – Қатар
06:00. Мексика - Кореяи Ҷанубӣ
20 июн
00:00. ИМА – Австралия
03:00. Шотландия – Марокаш
05:30. Бразилия – Ҳаити
08:00. Туркия – Парагвай
22:00. Нидерланд – Шведсия
21 июн
01:00. Олмон - Кот-д’Ивуар
05:00. Эквадор – Курасао
09:00. Тунис – Ҷопон
21:00. Испания - Арабистони Саудӣ
22 июн
00:00. Белгия – Эрон
03:00. Уругвай - Кабо-Верде
06:00. Зеландияи Нав – Миср
22:00. Аргентина – Австрия
23 июн
02:00. Фаронса – Ироқ
05:00. Норвегия – Сенегал
08:00. Урдун – Алҷазоир
22:00. Португалия – Узбекистон
24 июн
01:00. Англия - Гана
04:00. Панама – Хорватия
07:00. Колумбия - ҶД Конго
Даври севум
25 июн
00:00. Швейтсария – Канада
00:00. Босния ва Ҳерсеговина – Қатар
03:00. Марокаш – Ҳаити
03:00. Шотландия – Бразилия
06:00. ҶАҶ - Кореяи Ҷанубӣ
06:00. Чехия – Мексика
26 июн
01:00. Курасао - Кот-д’Ивуар
01:00. Эквадор – Олмон
04:00. Тунис – Нидерланд
04:00. Ҷопон – Шведсия
07:00. Туркия – ИМА
07:00. Парагвай – Австралия
27 июн
00:00. Норвегия – Фаронса
00:00. Сенегал – Ироқ
05:00. Кабо-Верде - Арабистони Саудӣ
05:00. Уругвай – Испания
08:00. Зеландияи Нав – Белгия
08:00. Миср – Эрон
28 июн
02:00. Панама – Англия
02:00. Хорватия – Гана
04:30. Колумбия – Португалия
04:30. ҶД Конго – Узбекистон
07:00. Алҷазоир – Австрия
07:00. Урдун – Аргентина