Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: Ҳанӯз дахолат ба фаъолияти соҳибкорон зиёд аст. АКС


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз мақомоти кишвар хост, ки аз дахолат ба кори соҳибкорон даст бардоранд. Ӯ тафтишҳои пайваста ва санҷишҳои бидуни асоси фаъолияти соҳибкорон ва, инчунин, фоизҳои баланди қарзи бонкиро аз мониаҳои рушди иқтисод дар кишвар донист.

Айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 250 ҳазор соҳибкори инфиродӣ сабти ном шудааст ва саҳми бахши хусусӣ дар иқтисоди миллӣ аз 60 дарсад бештар аст. Бештари соҳибкорон аз гаронии андозу тафтишҳои пайвастаи мақомот шикоят мекунанд.

Оқои Раҳмон рӯзи 14-уми октябр дар рӯбарӯи даҳҳо соҳибкор ва молики корхонаву ширкатҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорон дар Душанбе гуфт, "ҳанӯз дахолати мақомоти санҷишу назорат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ зиёд ба назар мерасад, ки ин боис ба нигаронист." Ӯ афзуд, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз санҷишҳои беасос ба Вазорати адлия, Кумитаи сармоягузорӣ ва Кумитаи андоз дастур додааст, то тарҳи ислоҳ ба қонунҳои ҷориро дуруст кунанд.

Қаблан бархе аз сармоядорону соҳибкорон ва нозирони умури бизнес дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки агар Тоҷикистон муносибатро ба бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ беҳтар накунад, бизнес дар кишвар натанҳо аз рушд мемонад, балки сармояҳо аз кишвар фирор мекунанд.

Чаро Атохонов бизнесашро аз Тоҷикистон ба Қирғизистон кӯчонд?

Аз ҷумла, чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ аз шумори соҳибкорони тоҷик, ки кишварро ба қасди пешбурди бизнес дар Русияву Қазоқистон ва Қирғизистон тарк кардаанд, гуфтанд, тафтишҳои зиёд аз ҷониби мақомоти санҷишӣ, набуди додгоҳҳои мустақил барои ҳалли баҳсҳои молиявӣ ва зиёновор шудани бизнес онҳоро маҷбур кард, тиҷорати худро ба хориҷ бубаранд.

Аммо раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, кам шудани санҷишҳо набояд соҳибкоронро фориғбол ва мақомотро дубора ба тафтиш маҷбур кунад. Ӯ гуфт, бо вуҷуди ироаи сабукиҳо ба соҳибкорон ҳанӯз бархе аз онҳо аз пардохти андоз ё молиёт сарпечӣ мекунанд ё даромади воқеии худро пинҳон медоранд.

"Шумораи мақомоти санҷишӣ то 28 номгӯй кам гардида, соли ҷорӣ санҷишҳо нисбат ба соли гузашта 70 фоиз камтар шудаанд. Вале аз рӯи натиҷаи санҷишҳои дар соли 2016 ва ҳашт моҳи соли 2017 гузаронидашуда маблағи андози аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор (соҳибкорон) пинҳонкардашуда 1 миллиарду 520 миллион сомониро ташкил кардааст", - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Дар охир раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ташкили корхонаҳои нав ва рушди соҳибкорӣ пешниҳод кард, ки аз моҳи январи соли оянда воридоти ҳама намуди таҷҳизоти истеҳсоливу технологӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад.

Айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 250 ҳазор соҳибкори инфиродӣ сабти ном шудааст ва саҳми бахши хусусӣ дар иқтисоди миллӣ аз 60 дарсад бештар аст. Бештари соҳибкорон аз гаронии андозу тафтишҳои пайвастаи мақомот шикоят мекунанд.

Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ низ боло будани мизони андозбандӣ дар Тоҷикистонро тасдиқ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир, бино ба гузориши солонаи Doing Business, мизони андозбандии умумӣ (total taxrate), яъне таносуби байни фоида ва андозҳои мухталиф дар Тоҷикистон 81,8 дарсадро ташкил медиҳад ва Тоҷикистон аз лиҳози гаронии бори андозаш дар ҷаҳон дар ҷойи севум қарор дорад.

XS
SM
MD
LG