Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши як мошини ҳомили 10 тонна маводи сӯхт дар Варзоб (ВИДЕО)


Бар асари таркиши як мошини ҳомили даҳ тонна газ дар минтақаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб, бинои Осоишгоҳи ҷумҳуриявии бемориҳои кӯдаконаи дилу тарбод, осеби ҷиддӣ дидааст. Ин ҳодиса соати 12-и шаби гузашта рух дод ва мақомот мегӯянд, ки таркиш талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.

Ба гуфтаи масъулон, дар пайи оташ гирифтани чархи ин мошин, забонаи оташ ба бушкаи даҳтонаи газ печида ва таркиш ба амал омадааст. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ин таркиш бинову манзилҳо то 500-метрии ҷои ҳодисаро осеб расонидааст. Дар пай мақомот 39 кӯдакеро, ки дар Осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдаконаи дилу тарбод дар Ҳушёрии Варзоб ба муолиҷа фаро гирифта шуда буданд, ба ҷои дигар интиқол доданд.

Мақомот мегӯянд, ки ҳодиса талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст, аммо бар асари он чандин бино, аз ҷумла сохтмони як ресторани навсохт, комилан тахриб шудааст.

Ғуломҷон Носиров, масъули Осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдаконаи дилу тарбоди минтақаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб рӯзи 31-уми август дар ҷои ҳодиса дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки панҷ бинои ин осоишгоҳ, аз ҷумла ошхона, табобатгоҳ, бинои маъмурият ва хобгоҳ, осеб дидаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Носиров, агар кӯдаконро то лаҳзаи рух додани таркиш ба ҷои амн интиқол намедоданд, имкони ҷароҳат бардоштани тақрибан 50 дарсади онҳо вуҷуд дошт. Аммо ба гуфтаи вай, нигаҳбони осоишгоҳ дар лаҳзаҳои аввал аз ҳодиса огоҳ шуд ва ҳамин тавр тавонистанд кӯдаконро ба ҷои амн интиқол диҳанд.

Ба гуфтаи манбаъ, субҳи имрӯз вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба Осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдаконаи дилу тарбоди Варзоб рафта ва бо вазъ ошно шудааст. Дар пай 39 кӯдаке, ки дар ин муассиса ба табобат фаро гирифта шуда буданд, ба як осоишгоҳи дигар дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, интиқол дода шуданд. Дар ҳоли ҳозир танҳо коргарон дар ин осоишгоҳ боқӣ мондаанд ва ба таъмиру тармими он машғул ҳастанд. Вазир расман фаъолияти ин муассисаро то замони барқарор шуданаш, қатъ кардааст.

Худойдод Ҳасанов, мутахассисии ширкати IRS дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вақте мошини ҳомили газ таркид, то хомӯш кардани забонаи оташ роҳ тақрибан барои як соат масдуд монд ва булдозеру тракторҳои ширкат қисмҳои порашудаи мошинро бартараф карданд ва роҳ дубора боз шуд. Вай афзуд, ронандаҳои мошин ҳушёрӣ нишон доданд ва қабл аз он, ки таркиш ба амал ояд, ду тараф давида мошинҳоро манъ карданд.

Наҷоти 39 кӯдаки тоҷик пеш аз таркиши мудҳиш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

"Хушбахтона ҳеҷ мошин, ба хусус мошинҳои мусофирбар, ки шабона ҳам ҳаракат мекунанд, осеб надидаанд",-афзуд вай. Ба гуфтаи Худойдод Ҳасанов, як амали касбии ронандаҳо ин буд, ки онҳо мошинро дар канори дарё ва дуртар аз биноҳои истиқоматӣ манъ карданд. Чун ба гуфтаи вай, агар мошин дар дарунтари деҳот метаркид, ба мардум, ки дар хоб буданд зарари ҷиддӣ ворид мешуд.

Яке аз дӯстони ронандаи худрави газкаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мошин мутаалиқ ба соҳибкори инфиродӣ Аҳмад Абдуқаҳҳоров аз шаҳри Қӯрғонтеппа аст ва ронандаҳо аз Хуҷанд барои нуқтаҳои газфурӯшии онҷо, гази моеъ меоварданд. Манобеъ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сарнишинони мошини ҳомили маводи сӯхт бо номҳои Ботур ва Беҳрӯз дар ҳоли ҳозир яке дар бахши бемориҳои равонӣ ва дигаре дар бахши бемориҳои пӯст дар Қӯрғонтеппа, бистарӣ ҳастанд.

Як сол қабл дар моҳи июли соли 2016 дар пайи таркиши як мошини ҳомили газ дар ноҳияи Бохтар, як нафар ба ҳалокат расида, 17 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин мошин замоне таркид, ки дар як нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дар шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Сарбанд газашро холӣ мекард.

XS
SM
MD
LG