Пайвандҳои дастрасӣ

Осиёи Марказӣ дар пасманзари зиддиятҳои Русия ва Ғарб


Шиддати мухолифатҳо миёни бозигарони ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама Ғарбу Русия, имсол ҳам кам нашуд. Зиддиятҳо асосан бар сари буҳрони Сурия, Украина ва мушкили ҳастаии Эрон буд. Идома ёфтани танишҳо наметавонад, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сиёсатҳои чандқутбаи онҳо бе таъсир бошад.

  • Таҳримҳо алайҳи Русия ҳамчунон идома дорад. Ба ҷуз ин, баъд аз берун рафтани Амрико аз Паймони ҳазфи мушакҳои миёна ва кӯтоҳбурд, ба назари коршиносон, дар соли 2019 эҳтимол Вашингтону Маскав қудрати низомии худро тақвият бахшанд ва ин сабаби мусобиқаи таслиҳотии ду кишвар гардад.
Дар Маскав мефаҳманд, ки мешавад аз Осиёи Марказӣ вафодории қотеъ ба даст овард, вале ин метавонад харҷи бузург дошта бошад. Ҳоли инро касе тақозо намекунад

Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки умдатан дар сиёсати хориҷии худ усули бисёрқутбаро доранд, дар шароити амиқ шудани зиддиятҳои Ғарбу Русия, миёни манфиатҳои бозигарони ҷаҳонӣ нигоҳ доштани баробарӣ ё тарозуи адл хеле мушкил мешавад. То кунун ба ин кишварҳо даст додааст, ки аз як сӯ бо Маскаву Пекин шарикии стратегӣ дошта бошанд, вале дар айни ҳол равобити худро бо Ғарб ҳифз кунанд ва аксаран кумакҳои молиявиву фаннӣ дарёфт намоянд.

“Мухолифатҳо наметавонад Осиёи Марказиро таҳти таъсир қарор надиҳад”

Андрей Грозин, мудири шуъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Институти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, гуфт, ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шеваҳои гуногун, вале якхела дар худ паёмадҳои рақобатҳои геополитикиеро, ки натанҳо миёни Русия ва Ғарб, балки Ғарб ва Чин иттифоқ меуфтанд, эҳсос кунанд.

Андрей Грозин
Андрей Грозин

Ӯ рӯзи 21-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳамаи кишварҳои минтақа ба ин ё он шева бо Русия муттафиқ ҳастанд. Ду кишвар узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, 5 кишвар узви ИДМ, се кишвар узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, ки тақрибан як иттиҳоди низомӣ-сиёсист ва 4 кишвари дигар узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мебошанд. Дар маҷмуъ, ин равобити сиёсиву иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва равобит миёни шахсиятҳои раҳбарии оливу сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо нухбагони Русия мебошанд.” Ба гуфтаи ӯ, чунин вобастагиҳои мутақобил дар равобит вақти зиёд давом мекунад.

Амалан, аммо пуштибони расмӣ не

Дар воқеъ, дар давраи гузашта кишварҳои минтақа, амалан аз мавқеи Русия дар буҳрони Сурия ва масоили буҳрон дар Украина пуштибонӣ карданд. Бо ин ҳол, дар сатҳи расмӣ ҳангоми раъй додан дар Маҷмаи СММ, хеле кам ба пуштибонии қатъномаҳои тарфдории Русия пардохтанд.

Ин ки Туркманистон ва Тоҷикистон дар раъйдиҳӣ комилан ширкат накарданд, бозгӯкунандаи он аст, ки онҳо аз масъулияти ҳар навъ интихоб тарс доранд

Ғолибан ин кишварҳо аз раъй додан ё худдорӣ меварзанд ё дар он ширкат намекунанд. Бо ин ҳол дар моҳи ноябри имсол чаҳор кишвари минтақа алайҳи қатъномаи Украина дар мавриди Қрим, ки дар он Русия барои таъқиботи сиёсӣ ва боздошти ғайриқонунии шаҳрвандони Украина гунаҳкор карда мешуд, раъй доданд.

Рӯзи 18-уми декабр дар райъдиҳии навбатии Маҷмаи СММ бар асоси қатъномаи Украина дар мавриди низомисозии Қрим, ҳамчунин ноҳияҳои баҳрҳои Сиёҳ ва Азов танҳо Узбекистон раъйи мухолиф дод. Қазоқистону Қирғизистон аз раъй додан худдорӣ варзиданд ва Тоҷикистону Туркманистон комилан ширкат накарданд.

“Ин ки Туркманистон ва Тоҷикистон дар раъйдиҳӣ комилан ширкат накарданд, бозгӯкунандаи он аст, ки онҳо аз масъулияти ҳар навъ интихоб тарс доранд ва намехоҳанд, ҷонибе аз онҳо иддао дошта бошад”, - мегӯяд коршинос дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ Аркадий Дубнов.

Аркадий Дубнов
Аркадий Дубнов

Аз миёни ҳамаи кишварҳои минтақа танҳо Қазоқистон, ки ба унвони як суъбекти сиёсати байналмилалӣ шакл гирифтааст, метавонад сиёсати мустақил дошта бошад. Узбекистон ҳам метавонад, зеро зарфиятҳое дорад, ки метавонад чунин як кишвар бошад. Кишварҳои боқимонда объекти ин сиёсат мебошанд ва манёврҳоро миёни абарқудратҳо вобаста ба вазъи сиёсӣ давом медиҳанд.

“Маскав метавонад маҷбур кунад, вале ҳоло намехоҳад”

Ба гуфтаи Андрей Грозин, Русия ҳоло аз кишварҳои муттафиқаш тақозои мушаххас надорад ва дар ҳоли ҳозир ҳама чиз ҳамаро қонеъ мекунад, вале дар оянда вазъ метавонад тағйир кунад.

Вай гуфт, “дар Маскав мефаҳманд, ки мешавад аз Осиёи Марказӣ вафодории қотеъ ба даст овард, вале ин метавонад харҷи бузург дошта бошад. Ҳоли инро касе тақозо намекунад. Мавзӯи дигар ин аст, ки вазъ дар соли оянда чӣ гуна мешавад. Агар танишҳо афзоиш ёбанд, пас, мо шоҳиди мавзеъгириҳои муттаҳидшудаи Маскав ва Пекин дар сатҳи байналмилалӣ хоҳем буд. Дар чунин ҳолат, ин ду бозигари пурнуфуз метавонанд аз кишварҳои минтақа итминони бештар талаб кунанд”, -

Таҳдидҳо ба арзишҳое чун тамомияти арзӣ, иштирок дар ин ё он блоки низомӣ ва сохторҳои байналмилалӣ, назорати пойгоҳҳои манобеъ ва ҳувияти фарҳангӣ сурат мегирад

"Чандқутбӣ ҳоло ҳам судманд аст"

Дар ҳоли ҳозир, сиёсати чандқутбаи кишварҳои минтақа аҳамияти фазояндаҳоро афзоиш медиҳад ва имкони тақсими суди сиёсӣ ва иқтисодии мушобеҳро фароҳам меоварад. Дар чашмандози солонаи ширкати таҳлилиии амрикоии “Стратфор” барои соли 2019 таъкид мешавад, ки "аз Аврупои Шарқӣ то Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Иёлоти Муттаҳида талош мекунад ба Русия фишори бештар ворид кунад ва дар соли пешорӯ равобитро бо кишварҳои қаламрави Шӯравии собиқ тақвият медиҳад".

Дар ин санад ҳамчунин гуфта мешавад, эҳтимол дорад аз ҷониби Амрико иқдомоти фаъоле дар амри мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир дар кишварҳои ҳаммарз (Тоҷикистону Узбекистон) бо Афғонистон роҳандозӣ шавад ва ҳамчунин барои беҳтар шудани равобити иқтисодӣ бо Узбекистону Қазоқистон мусоидат мешавад.

Қазоқистон ба унвони як шарики асосии Русия равобити яксони тиҷоративу иқтисодии хеле танготанге бо Амрико дорад.

Аз соли 2005 то кунун ширкатҳои амрикоӣ беш аз 30 миллиард доллар дар иқтисоди Қазоқистон, аз ҷумла дар бахшҳои энержӣ, ҳамлу нақл ва иртиботот сармоягузорӣ кардаанд. Ба ҷуз ин, моҳи апрели имсол Қазоқистон дастрасии Амрикоро ба бандарҳои Актоу ва Курик фароҳам кард, ки метавонанд ба сифати роҳи алтернативии интиқоли бор ба Афғонистон, бидуни баҳрагирӣ аз марзҳои Русия, истифода шаванд.

Боз шудани Узбекистон барои ИМА мавриди таваҷҷуҳи камтаре нест, аммо Русия тавонист дар ин росто аввалтар иқдом кунад. Дар доираи сафари Путин ба Узбекистон дар моҳи октябри соли ҷорӣ тарафҳо чандин санад бо маблағи умумии 27 миллиард доллар, тақрибан дар ҳама соҳаҳои ояндадор ба имзо расониданд.

Баъди сафари Путин дар Узбекистон хеле зуд анҷумани солонаи тиҷоратии Узбекистону Амрико баргузор шуд, ки дар он раиси утоқи тиҷоратии Амрикову Узбекистон Кэролин Лэмм изҳор дошт, ки ширкатҳои амрикоӣ ният доранд барои тарҳҳои Узбекистон 9 миллиард доллар сармоя бирезанд.

Хатарҳои мухолифатҳо

Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи шореҳи байналмилалии қазоқ Айдер Амрабаев, мухолифатҳои Амрико ва Русия таҳдидҳо ба амнияти минтақаро бештар мекунад.

“Агар пештар онҳо танҳо хосияти рамзӣ доштанд, пас, ҳоло гап дар бораи интихоби стратегия аз ҷониби кишварҳои заифтари минтақа, яъне “тақдим кардан”-и манфиатҳои пойгоҳии худ ба ин ё он қувваи ҷаҳонӣ меравад. Таҳдидҳо ба арзишҳое чун тамомияти арзӣ, иштирок дар ин ё он блоки низомӣ ва сохторҳои байналмилалӣ, назорати пойгоҳҳои манобеъ, интихоби стратегияи рушди миллӣ ва ҳувияти фарҳангӣ сурат мегирад”, - мегӯяд Амрабаев.

Ба гуфтаи ӯ, ҳам Русия ва ҳам Амрико бо таваҷҷуҳ ба кишвархои минтақа талош доранд раванди ҳамлу нақли ин кишварҳоро аз давлати вобастаи худ ба истиқлоли амалӣ таҳти назорат нигаҳ доранд.

Ба ин тартиб, талошҳои манёври кишварҳои минтақа миёни бозигарони ҷаҳонӣ ба гуфтаи ин коршинос давом мекунад, вале бо ташдид шудани вазъ ё низоъҳои эҳтимолӣ дар соли оянда имкон дорад онҳо дар дуроҳаи интихоб қарор бигиранд ва бештар тасмими тактикӣ бигиранд.

Аз Русия чӣ расида? Амрико чӣ дода?

Дар ҳамин ҳол, бар асоси маълумоти ҷониби Русия дар 10 соли охир ёриҳои ин кишвар барои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар асосҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бештар аз 6 миллиард доллар буда, ҳаҷми умумии сармоягузории Русия дар минтақа 20 миллиард долларро ташкил додааст. Ба ҷуз ин, қисмати зиёди маблағ (дар солҳои 2013-2016, ҳудуди 37 миллиард доллар) ба бозори минтақа бар асари фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони ин кишварҳо дар қаламрави Русия ворид шудааст.

Тибқи маълумоти ҳукумати Амрико дар солҳои 2000-2018 кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ИМА барои соҳаи амният 2 миллиард доллар кумак дарёфт кардаанд.

Бештари кумакҳоро Қирғизистон (1,3 млрд), баъдан Қазоқистон (1,1 млрд), Тоҷикистон (841 млн.), Узбекистон (720 млн) ва Туркманистон (ҳудуди 200 млн) дарёфт кардааст.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG