Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаҳои фарқкунандаи муқобила бо коронавирус дар Осиёи Марказӣ


Фурудгоҳи "Манас" дар Бишкек. 18-уми марти 2020

Харитаи паҳншавии коронавирус дар ҳафтае пеш гӯшаҳоеро дар ҷануби Русия, шимоли Эрон ва ғарби Чин ҳамчун минтақаҳои комилан тоза аз вирус нишон медод. Ин Осиёи Марказӣ буд, ки дар ҳудудаш Узбекистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҷойгиранд.

Бо ин ки ин кишварҳо ҳамшафати ду давлати шадидан осебдида аз коронавирус – Чину Эрон мебошанд, танҳо рӯзи 13-уми март аввал шуда Қазоқистон тасдиқ кард, ки афроди олуда ба вирусро ба қайд гирифтаанд. То 18-уми март Узбекистону Қирғизистон ҳам ҳолатҳои олудашавӣ ба коронавирусро ошкор карданд.

Ҳамоҳангии нокифоя

Дар саросари ҷаҳон дар заминаи муқобила бо коронавирус ҳамоҳангии хеле каму кофоӣ мушоҳида мешавад. Бо ин ки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ вазъро пайгирӣ карда, дар бораи шумора ва суръати паҳншавии вирус сари вақт хабар медиҳад ва машваратҳои заруриро нашр мекунад, то ҳол ҳар кишвар бо ин вирус мустақилона ва ба танҳоӣ мубориза кардааст.

Ба назар мерасад, дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳеч кишвар намехост аввал шуда, эътироф кунад, ки ин вирус дар қаламраваш ошкор шудааст. Минтақа дар остонаи иди Наврӯз аст, ки 21-уми март таҷлил мешавад. Иди маҳбуби мардумӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамеша баҳонаи таътили баҳорӣ аст.

Қирғизистон аввал шуда ҷашнгирии Наврӯзро дар кишвар манъ кард. 9-уми март қарори манъи таҷлили идҳои бузург баромад ва рӯзи 17-уми март ҳукумат гуфт, ким таҷаммӯи беш аз 50 нафар дар як вақт манъ аст.

Баъд аз се рӯзи он Қазоқистон ҳам баргузории ҳама гуна маъракаҳои серҷамъияти фарҳангиву варзишиву иҷтимоиро манъ кард ва рӯзе баъди ин аз аввалин ҳодисаи гирифтории сокинон ба коронавирус хабар дод.

Дар Узбекистон то 15-уми март нақшаҳои баргузории идҳои наврӯзӣ побарҷо буд, вале баъди он ки ҳамон рӯз олудагии як нафар ба коронавирус эълон шуд, маъракаҳои ҷамъиятӣ ва таҷлили Наврӯзро бекор карданд.

Дар Тоҷикистон, ки то 19-уми март ҳеч иттилоъ дар бораи эҳтимоли гирифтории сокинон ба коронавирус набуд, ҳамоно аз нақшаҳои баргузории ҷашнҳои наврӯзӣ даст накашидаанд. Маълум нест, то куҷо даъвати рӯзи панҷшанбеи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар бораи худдорӣ аз ташкили маъракаҳои серҷамъиятро дар Душанбе шунидаву ба машварати ин ниҳоди вобаста ба СММ гӯш медиҳанд. Ҷашни асосии Наврӯз имсол қарор аст дар шаҳри Хуҷанд баргузор шавад.

Майдони марказии шаҳри Душабе аз рӯзи 13-уми март ба ин сӯ симои идона касб кардааст.

Дар Туркманистон, ки ҳукумат то ҳол ҳатто вожаи коронавирусро ба забон оварда наметавонад, мисли ҳарсола омодагиҳои фаъол ва серҷамъиятро барои таҷлили ид ба роҳ мондаанд. Мардум ҷои кору таҳсили худро тарк карда, ба ширкат дар ҷашнҳои наврӯзӣ бурда мешаванд.

Масҷидҳоро холӣ карданд

Бархӯрди мақомоти кишварҳои минтақа ба муассисаҳои диниву масҷидҳо ҳам аз якдигар фарқ дошт.

Дар Тоҷикистон мактабҳо кор мекунанд, вале дар оғози моҳи март намозгузории дастҷамъӣ, ба истиснои намози ҷаноза, муваққатан манъ шуд. Мақомоти Шӯрои уламо гуфтанд, ки сабаби чунин тасмим пешгирӣ аз паҳншавии эҳтимолии коронавирус мебошад. Вале дар тасмими ногаҳонии рӯзи 19-уми март ба мардум иҷоза шуд, ки рӯзи 20-уми март намозҳоро дар масоҷид гузоранд.

Шӯрои уламои исломии Қазоқистон машварат дод, ки маросими 30-дақиқагии пеш аз намоз бекор шуда, мардум таҳоратро дар хона кунанд, ба масҷид бо ниқоби тиббӣ биёянд, бо дигарон даст дода салом накунанд ва баъди адои намоз зуд пароканда шаванд. Бо амри президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз 15-уми март, давоми як моҳ – то 15-уми апрел дар саросари ин кишвар ҳолати изтирорӣ ҷорӣ шуда, мактаббачаҳо ба таътили баҳорӣ рафтанд ва донишҷӯҳо ба таҳсили фосилавӣ фаро гирифта шуданд.

Дар Узбекистон аз кӯдакистон то донишгоҳҳо ҳама баста шуда, телевизионҳои маҳаллӣ барномаҳои таълимиро барои хонандагон ҷорӣ карданд. Рӯзи 16-уми март Шӯрои уламои исломии Узбекистон намозҳои ҷумъаро муваққатан манъ карда, ба намозгузорон машварат дод, ки намози худро дар хона бихонанд.

Дар Қирғизистон Шӯрои амният рӯзи 14-уми март қарор кард, ки аз 16-уми март, ба истиснои кӯдакистонҳо, мактабу донишгоҳҳо баста шаванд. Рӯзи 17-уми март, марзҳо баста ва намозхонӣ дар хона машварат шуд.

Дар ин байн танҳо Туркманистон аст, ки дар он ҷо то ҳол таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ дар ҳама сатҳҳо мисли пешин мемонад. Масҷидҳо кушодаанд ва мисли ҳамеша, имомхатибҳо намозро бо дуои саломатӣ дар ҳаққи президент Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ва оилааш шурӯъ мекунанд.

Бастани сарҳад

Ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ парвози ҳавопаймоҳоро шадидан маҳдуд карда, феҳрасти кишварҳоеро нашр карданд, ки вуруди шаҳрвандони онҳо ба хоки кишварҳояшон муваққатан манъ аст.

Туркманистон, ки ҳанӯз расман вуҷуди олудашудаҳоро дар ин кишвар тасдиқ накардааст, ҳавопаймоҳоро барои нишаст ба фурудгоҳи шаҳри Лебап (Лабиоб) мефиристад. Дар ин шаҳр беморхонаи касалиҳои сироятӣ ҳаст ва даҳҳо нафар дар он дар карантин нигаҳдорӣ мешаванд.

Тоҷикистон чанд тасмими зидду нақиз гирифт. Охири феврал қарор кард, ки парвоз ба 35 кишвар манъ аст, вале рӯзи 3-юми март ин феҳристро то панҷ кишвар – Чин, Эрон, Афғонистон, Итолиё ва Кореяи Ҷанубӣ кам кард.

Рӯзи 16-уми март парвозҳо ба Узбекистон қатъ ва самти Русия маҳдуд карда шуд. Узбекистону Қазоқистон баробари аввалин хабарҳои олудагӣ ба коронавирус марзҳояшонро бастанд. Қирғизистон айни чунин корро 17-уми март кард ва ба хориҷиҳо муваққатан ҳаққи вуруд ба кишварро манъ намуд.

Мақомоти Қазоқистон рӯзи 17-уми март эълон карданд, ки ду шаҳри калонтарин – Нурсултон ва Алмаато аз 19-уми март дар карантин хоҳанд буд. Аз 18-уми март посгоҳҳо ҳаракати мардумро назорат карда, нирӯҳои воҳидҳои дифои биологӣ ба поккории шаҳрҳо шурӯъ карданд.

Ҳукумати Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон мардумро ором карда, даъват мекунанд, ки ба воҳима дода нашаванд ва захираҳои зарурӣ барои таъмини мардум бо ғизо ва дигар маҳсулот кофӣ аст. Талош доранд, аз болоравии нарх ҳам ҷилавгирӣ шавад.

Вале бо ин вуҷуд, дар Тоҷикистон ва Узбекистон ҳолатҳои ба фурӯшгоҳҳо сарозер шудани харидорони нигарон аз камбуди ғизову болоравии нархҳо мушоҳида шуд. Рӯзи 17-уми март аз Қирғизистон ҳам чунин хабарҳо расид.

Дар як таҳаввулоти мусбат, президентони Қазоқистон ва Узбекистон рӯзи 18-уми март мушкили паҳншавии коронавирусро телефонӣ баррасӣ карданд ва ин як ҳолати бисёр нодири ҳамкории минтақавӣ дар пешорӯи таҳдиди муштарак арзёбӣ шуд.

Туркманистон давоми чор соли охир дар бӯҳрони иқтисодӣ ба сар мебарад ва ҳеч гоҳ расман ва ошкоро эътироф накардааст, ки кадом мушкиле ҳаст. Аз ҷумла ҳеч гоҳ эътироф накардааст, ки аз коронавирус нигарон аст ва то куҷо ин кишвар бо захираҳои маводи ғизову беҳдошт таъмин мебошад. Вале ахиран президент Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба мардум машварат дод, ки дар маҳалли кор ҳазориспанд дуд кунанд, чун ин алаф аз сироят нигоҳ медорад. Нозирон мегӯянд, зоҳиран то вазъият дар Туркманистон фавқулода бад нашавад, мақомот вуҷуди вирусро эътироф намекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG