Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳволи хубу бади хабарнигорон дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ


Акс аз бойгонӣ

Журналистони Осиёи Марказӣ мегӯянд, ки вазъи озодии баён дар кишварҳои минтақа ҳамонгуна ки ба ҳам монанд аст, ҳамон андоза аз ҳам тафовут дорад.

Сардабирони нашрияву матбуоти мустақили Осиёи Марказӣ дар як мизи гирди телевизионие, ки бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Бишкек барпо кард, дар бораи кори матбуоти мустақил дар кишварҳои худ сӯҳбат карданд

Гулнора Амиршоева, сардабири ҳафтаномаи «Вечерка» дар ин мизи гирд гуфт, дар Тоҷикистон «муддатҳои тӯлонӣ аст» матбуот ба худсензура гузашта, дар муқобили таҳдиду фишорҳо ба нашрияву журналистон ҳамраъйӣ нишон намедиҳад. Ӯ гуфт, ки аз гуфтани ҳақиқат моликони нашрияҳо ва ҳам худи журналистон эҳтиёт мекунанд. Амиршоева қазияи журналист Хайрулло Мирсаидовро ёдовар шуд, ки баъди як шикоят аз рафтори як «мақомдори сатҳи поин» ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Ӯ гуфт: «Бубинед, ки дар мо чӣ гуна як мақоми сатҳи поин метавонад, журналистро ба зиндон барад. Ин ҷо касе дар бораи мустақилияти додгоҳҳо ҳам ёдовар намешавад.»

Вале ба унвони падидаи мусбат, Гулнора Амиршоева аз бозбинӣ шудани қарори мақомот барои боло бурдани нархи Интернет дар Тоҷикистон мисол овард. Ӯ гуфт, ки норозигиву интиқоди мардум аз нақшаи мақомот барои афзоиши нархҳо ба гӯши ҳукумат расид ва онҳо аз ин барномаҳо даст кашиданд. Тоҷикистон солҳои зиёд аст, ки барои маҳдуд кардани дастрасӣ ба манобеи хабарӣ дар Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ интиқод мешавад.

Вазъ дар Қирғизистон

Намояндаи Қирғизистон дар мизи гирд гуфт, ки муттаҳидиву ҳамраъйии журналистон боиси пешгирӣ кардани фишор болои журналистони ҳақиқатҷӯ шуд. Моҳе пеш ҳамраъйии журналистон боиси аз мақом барканор шудани раиси вилояти Чуй гардид. Ӯ як хабарнигори занро дар нишасти матбуотӣ гуфт, “чеҳраи нозебо дорад” ва аз мансабаш маҳрум шуд. Дар ҳодисаи дигар, соҳибкоре, ки мехост, журналистро барои таҳқиқи коррупсия таҳти фишор қарор диҳад, ақибнишинӣ кард. Вале ин ҳодисаҳо, ба гуфтаи Азамат Қосимбеков, раиси Иттиҳоди журналистони Қирғизистон, баёнгари он аст, ки умед бастани журналистон ба қонун ва ё ҳукумат дуруст нест ва танҳо ҳамраъйии онҳо метавонад, барои тантанаи адолат мусоидат кунад.

Мавзӯъҳои “ҳалолу ҳаром” дар Туркманистон

Руслам Мятиев, сардабири вебсайти Turkmen.news аст, ки дар хориҷа фаъолият мекунад. Ӯ мегӯяд, дар Туркманистон фазо барои фаъолияти матбуоти мустақил комилан вуҷуд надорад ва барои як назари ошкору танқидӣ на танҳо журналист, балки як фарди оддӣ пушти панҷара меравад. Ӯ гуфт, аз он хиҷолатзада аст, ки дар раддабандии озодиҳои матбуотӣ Туркманистон дар поинтарин мақом дар ҷаҳон қарор дорад ва соли ҷорӣ ҳатто Кореяи Шимолӣ ҳам як зина боло рафт. Ба қавли Руслам Мятиев, барои журналистон дар Туркманистон, “мавзӯъҳои ҳалолу ҳаром” вуҷуд дорад ва ҳама ин қоидаи нонавиштаро хуб медонанд.

Фаррух Юсуфий, раиси бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоле, ки дар гузашта хабарнигорони бахш пинҳонӣ ба онҳо хабару акс ва видеоҳо фиристода, аз ин роҳ талош мекарданд, ҳодисаҳои кишварро пӯшиш диҳанд, вале дигар на онҳо ва на мардуми оддӣ ин корро осон анҷом дода наметавонанд. Юсуфий гуфт, ки мақомот дар Туркманистон мардумеро ҳам ҷазо медиҳанд, ки бо расонаҳои мустақил ҳамсӯҳбат мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, баъди нашри як видео аз деҳаи дучори мушкил, полис 300 сокини деҳаро бозпурсӣ ва хеле азият кардааст. Як ҷавони дигари мусоҳиби бахши Туркмании Радиои Озодӣ барои шикояташ аз мақомот ба 20 соли зиндон маҳкум шуд ва сарнавишти ӯ норӯшан аст.

Тағйири вазъ дар Узбекистон, аммо на тағйири ҷиддӣ

Никита Макаренко, корманди нашрияи интернетии gazeta.uz дар Тошканд аст. Ӯ мегӯяд, матбуоти Узбекистон ба давраи “ренессанс” ё эҳё ворид мешавад ва зоҳиран ҳеҷ монеа ва ё маҳдудияту сензура дар кори журналистони мустақил эҳсос намешавад. Ба нақли Макаренко, хабарнигорони расонаҳои хориҷии мисли BBC ва “Садои Амрико”, ки дар Тошканд иҷозаи кор гирифтаанд, то ҳол аз вуҷуди маҳдудият ваё фишор шикоят накардаанд. Ҳарчанд, ба гуфтааш, вебсайти Радиои Озодлик – бахши Узбекии Радиои Озодӣ дастнорас боқӣ мемонад. “Вале ҳама мақомот медонанд, ки матолиби Озодлик тавассути Телеграмм дастрас аст” - гуфт ӯ. Айни замон, кормандони матбуоти суннатии даврони Каримов, ба гуфтаи ӯ, ҳамоно сари кор ҳастанду иттиҳодияҳои журналистиро намояндагӣ мекунанд.

Ӯ гуфт: “Онҳо мисли пештара бо таблиғот машғуланд ва агар шумо 20 сол дар васфи пахтачинӣ гузоришҳо менавиштед, имрӯз дигаргуна навишта ҳам наметавонед. Сензураи даврони Ислом Каримов чунин буд, ки ба ту занг зада мегуфтанд, ки инро пок кун, инро ислоҳ кун ва онро тағйир деҳ. Дигар чунин нест. Ҳақиқат ин аст, ки дигар дахолат ба таҳририя вуҷуд надорад. Онҳое, ки мехоҳанд дар бораи чизе нависанд, ҳеҷ монеае нест”.

Қазоқистони “асабонӣ"

Гулмира Биржанова, ҳуқуқшиноси “Медиасентр” дар Қазоқистон аст. Ӯ мегӯяд, дар Қазоқистон баъди аз мақоми президентӣ рафтани Нурсултон Назарбоев ва тағйири ном кардани пойтахт аз Остона ба Нурсултон эътирозҳо сар зад. Биржанова гуфт, фаъол шудани аъзои ҷомеа, журналистон ва созмонҳои ҷамъиятиву мардуми оддӣ падидаи тозаи моҳҳои охир мебошад. Ӯ гуфт, агар дар гузашта дар мурофиаҳои журналистон як ё ду нафар иштирок мекарданд, дар додгоҳи журналисти ТВ «Настоящее время» Светлана Глушкова, даҳҳо нафар омада аз ӯ пуштибонӣ карданд. Биржанова мегӯяд, ки сайтбандиҳои мақомоти Қазоқистон дар рӯзи интихобот, ки як нишонаи дигари фишор ба озодии баён аст, мардуми зиёдро нороҳат кард. Ӯ гуфт, мақомдорон дарк намекунанд, ки “ҳукумат бо чунин рафтор мояи асабонияти мардум мешавад”.

Шарҳҳоро бинед (8)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG