Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талбандагии наврасон -- одат ё маҷбурият? (ВИДЕО)


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба волидони бархе аз наврасон ҳушдор додааст, ки то аз талабандагии фарзандони худ дар хиёбонҳо ҷилавгирӣ кунанд.

Дар пайи як рейд вазорати умури дохилии Тоҷикистон беш аз 600 наврасро барои шиносоӣ ва омӯзиши вазъи зиндагии онҳо боздошт карда, бархе аз волидайнро барои ташвиқи фарзандаш ба талбандагӣ ва дур кардани онҳо аз таҳсил ҷарима кардааст. Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, аксари ин наврасон солим буда, ҳеҷ далеле барои талбандагӣ надоранд ва хонаводаҳои онҳо низ аз ҳад беш муҳтоҷ нестанд.

Хушбӯ, як кӯдаки нӯҳсола, ки гаҳ-гоҳе дар хиёбонҳо талбандагӣ мекунад, мегӯяд, шароити сахти зиндагӣ ӯро маҷбур кардааст, то ба хиёбонҳо барояд ва аз мардум кӯмак бипурсад. Ӯ падар надорад ва ҳамроҳ бо як бародари панҷсола ва бибиву модараш дар хонаи иҷора ба сахтӣ рӯз пеш мебаранд.

Ин наврас, ки хеле шармида сӯҳбат мекунад, худро талбанда намедонад. Ӯ мегӯяд, танҳо аз сокинон кӯмак мепурсад, то барои ҷарроҳии асабу дастонаш маблағ ҷамъоварӣ кунад. Ӯ ду соли пеш дар пайи як садамаи нақлиётӣ ин наврас қисме аз ангуштони дасташро аз даст дода, инчунин дар пайи зарб хӯрдани сар биноии чашмаш низ суст шудааст.

Хушбӯ мегӯяд, барои ҷарроҳии сараш ва барқарор кардани ангуштонаш ба 2,5 ҳазор доллар ниёз дорад ва маҳз ба ҳамин хотир ба хиёбон баромадааст, то аз сокинон кӯмак бипурсад: “Мехоҳам чашмонам ва дастонамро табобат кунам. Маро мошин зад. Сарам бемории вазнин шуд. Модарам ҳам бемор аст. ”

Мо бо Хушбӯ рӯзи 6-уми ноябр дар назди масҷиди маҳаллаи 65-ум вохӯрдем. Шарофат, бибии Хушбӯ мегӯяд, наберааш ҳеҷ гоҳ аз дарсҳо дер намемонад ва танҳо баъзан дар рӯзҳои истироҳат дар хиёбонҳо аз мардум кӯмак мепурсад. Ӯ мегӯяд, кормандони милиса аҳволи набераашро мебинанд ва ба ӯ кор намегиранд.

“Бечораҳои милиса, Худо баркаташон диҳад, чизе намегӯянд. Дастҳои набераам маъюб аст. Дуюним ҳазор доллар барои ҷарроҳияш мегӯянд. Модараш бемории гепатит дорад. Ҳамин 10-15 сомоние, ки мегирад, китоб мехарад. Шарм медорад аз ин кораш, лекин чӣ кор кунем. Ҳоло кризис ҳаст ва ҳар кас барояш пул медиҳад.”

Аммо мақомот мегӯянд, на ҳамаи наврасони талбанда ба мисли Хушбӯ эҳтиёҷманданд ва ҳатто наврасони лулӣ ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳ худро маъюбу бекас ба намоиш мегузоранд.

Наврасон барои чӣ талбандагӣ мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:26 0:00

Сокинон ҳам дар робита ба талабандагии наврасон андешаҳои гуногун доранд. Тағойназар, сокини 50-солаи шаҳри Душанбе бар ин назар аст, ки наврасоне, ки талбандагӣ мекунанд, бори бузургеро дар зиндагӣ бар дӯш доранд: “Шояд шароиташон нохуб аст, вагарна кӯдакро чӣ зӯр меояд, ки баромада биталбад. Дар хонаашон вақте чизе нест, маҷбур аст, талбандагӣ кунад.”

Қамариддин, сокини 45 солаи шаҳри Душанбе андешаи баръакс дорад: “Бисёри ҳамин кӯдакон аз рӯи одат талбандагӣ мекунанд. Сатҳи зиндагии аксари оилаҳои онҳо аз зиндагии ин мардум ҳам баландтар аст. Лекин одат кардаанд ва корашон аз саҳар то бегоҳ талбидан шудааст.”

Аксари ҳамсӯҳбатони мо дар хиёбонҳои Душанбе мегӯянд, ҳеҷ навраси бидуни хости волидайн ба хиёбон намебарояд ва маҳз бо ташвиқ аз ноилоҷӣ ё аз рӯи одат наврасонро ба кӯча равон мекунанд.

Зарина Кенҷаев, равоншиноси тоҷик мегӯяд, ташвиқи кӯдакон ба талбандагӣ андешаи созандагӣ дар зеҳни онҳоро мешиканад:“Кӯдак вақте ба ин кор ҷалб мешавад, ин одати якумрааш мешавад. Ин одат ба мисли рефлекси шартӣ дар кӯдак боқӣ мемонад.”

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар пайи як рейд 636 наврасеро барои дақиқ кардани шахсият боздошт кардааст, ки дар хиёбонҳои кишвар машғули талбандагӣ будаанд. Аксари ин наврасон ба қавли Вазорат бо ташвиқи волайдан ба хиёбонҳо мебароянд.

То чанд соли пеш дар хиёбони шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон танҳо талбандагии бузургсолон ва кӯдакони лулитабор, ки талбандагиро касби аҷдодӣ медонанд, ба назар мерасид. Аммо дар ҳамин авохир шумораи наврасони талабанда дар шаҳру навоҳӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст. Ин афзоиш дар ҳолест, ки иқтисоди Тоҷикистон ҳанӯз дар бӯҳрон қарор дорад ва бинобар поён рафтани қурби рубли русӣ дастмузди муҳоҷирони корӣ дар нимаи аввали соли 2015 то 32 дар сад коҳиш ёфт. Иллати дигар сатҳи баланди бекорӣ дар кишвар гуфта мешавад.

Соли гузашта шаҳрдори Душанбе супориш дода буд, то талбандаҳои Душанбе рӯйхат ва сатҳи зиндагии онҳо омӯхта шавад. Пас аз изҳори назари шаҳрдорӣ бархе изҳор доштанд, ки талбандагӣ дар Тоҷикистон барои бархе ба як касб табдил ёфтааст. Ҳарчанд, ҳеҷ қонуне дар Тоҷикистон расман талбандагиро манъ накарда бошад ҳам, аммо дар шаҳрҳои ин кишвар талош мешавад, то талбандаҳоро аз хиёбонҳо дур кунанд.

Аммо талбандагии кӯдакон аз талабандагии бузургсолон фарқ мекунад ва пулиси кишвар ба хотири дур намондан аз таълиму тарбия, аз ин амали онҳо ҷилавгирӣ мекунад. Бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон волидайни кӯдакони талбанда ҷарима мешаванд.

Дар маҷмӯъ, дар як соли ахир беш аз 7 ҳазор волидайн бар асоси Қонун “Дар бораи масъулияти волидайн дар тарбия фарзанд” ҷарима шудаанд, ки камтар аз 400 нафари онҳо волидайни кӯдакони талбанда ва овора ҳастанд.

XS
SM
MD
LG