Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зуҳро Сайфуллоева: "6 фарзандамро ба интернат месупорам" ВИДЕО


Як сокини ноҳияи Ҳисор мегӯяд, аз ночорӣ шаш фарзандашро ба мактаб-интернат супурданист, то онҳо дар кӯча танҳову бе тарбия намонанд. Аммо мақомоти Ҳисор гуфтаанд, ки қабул ба мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ дар ҳолати ятими кул набудани кӯдакон "қатъиян манъ аст".

Қабул ба мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ дар ҳолати ятими кулл набудани кӯдакон қатъиян манъ карда шуд

​Сайфуллоева Зуҳро Маҳмадсалимовна, сокини 33-солаи ноҳияи Ҳисор, тасмим гирифтааст, ки шаш фарзанди худро ба ятимхона супорад, то ба гуфтаи ӯ дар кӯча танҳову гурусна ва бе тарбия намонанд. Ӯ гуфт, ки падари хонавода тақрибан се сол пеш онҳоро тарк кард ва таъмини фарзандон барояш вазнинӣ мекунад.

Барои кумак ба Сайфуллоева Зуҳро Маҳмадсалимовна:

Ҷамоати деҳоти Ҳисор, деҳаи Сайёд, теппаи Уртабуз​

+992 907 22 17 13

"Муҳаммадёсин 4, Шукрона 5, Муҳаммадҷон 7, Парвина 10, Мадина 13 ва Сабрина 16-сола аст. Дастурхонамон холист ва зиндагӣ дар як вагони оҳании сарду торик вазнин аст. Медонам, ки ҷудоӣ барои ману кӯдакон осон нахоҳад буд, аммо чорае ҷуз ин надорам", - нақл кард ӯ рӯзи 17-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Зӯҳро мегӯяд, дар интернат будани фарзандонаш беҳтар аз зиндагӣ дар як вагон аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00

"Зӯрам намерасад, ба мақомот месупорам"

Ин модар тобистонро бо фарзандон дар дашт ва дар хонаҳои мардум гузаронда, бо сард шудани ҳаво вагони оҳаниеро дар як деҳаи Ҳисор макони зист қарор додааст. Вагоне, ки одитарин шароитро барои зиндагӣ дар фасли сармо надорад. Аз сақф об меравад ва тирезаҳо ба ҷойи шиша бо селофан пӯшонда шудаанд.

"Дар фасли зимистон кӯдакон тоқат карда наметавонанд. Дар инҷо аз сардӣ бемории сил мешаванд. Мехоҳам дар оянда фарзандонам одам шаванд, кор кунанд ва зиндагии беҳтар дошта бошанд. Барои ҳамин тасмим гирифтам, ки онҳоро ба ихтиёри мақомот супорам. Дигар зӯри худам намерасад”, - гуфт ӯ.

Посухи мақомот чӣ буд?

Барои ҳифзи кӯдакон аз сардиву гуруснагӣ ва бесаводӣ, Зуҳро Сайфуллоева ба мақомоти Ҳисор муроҷиат кард. Хост, ки барои қабули кӯдакон ба мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ муосидат кунанд. Аммо охирин умедаш барои ояндаи беҳтари фарзандонро посухи расмии мақомот барбод дод.

Дар як номаи дусаҳифаӣ ҳукумати Ҳисор ба Зуҳро Сайфуллоева аз зарурати тарбияи кӯдак дар оила ёдовар шуда, таъкид кардаанд, ки имкони қабули кӯдакони ӯро ба ятимхона надоранд. “Бо супориши протоколии маҷлиси назди раиси Дастгоҳи иҷроияи президент қабул дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ дар ҳолати ятими кулл набудан қатъиян манъ карда шуд”, - омадааст дар посухи ҳукумат ба муроҷиати Зуҳро.

Ман агар бо кӯдакон нишинам, кӣ кор мекунад?

Худи Зуҳро ягон маълумот надорад ва дар 15-солагӣ шавҳар кардааст. Мегӯяд, ба танҳоӣ наметавонад кӯдаконро таъмину тарбия кунад. Метарсад, ки кӯдакон мисли ӯ бесарнавишт ва бе хатту савод ба воя мерасанд. “Мегӯянд, ки модар дорад ва ба интернат қабул намекунем. Хуб, ман модарам. Вале агар ман шинаму кӯдаконро нигоҳубин кунам, кӣ кор мекунад ва мо чӣ бояд хӯрем? Инҳо кӯдаканд. Танҳо монда рафта ҳам намешавад”, - меафзояд Зуҳро Сайфуллоева.

Ниме аз фарзандон шаҳодатнома надоранд...

Аз 6 фарзанди ӯ танҳо 3 нафар шаҳодатномаи таваллуд доранд ва он ҳам баъди нашри як мақола аз ҳоли табоҳи ӯ бо кумаки мақомот имконпазир шудааст. Ду фарзанди мактабхонаш то ҳанӯз шаҳодатнома надоранд ва танҳо барои бе хатту савод намондан дар мактабе дар Ҳисор ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Мадинаи 13-сола, фарзанди дувуми хонавода мегӯяд, рӯзҳои боронӣ ӯ ва хоҳараш наметавонанд ба мактаб раванд. Пояфзолашон тобистона аст ва дар чунин рӯзҳо аз роҳи хонаи онҳо ба мактаб рафтан бо пояфзоли сабук номумкин мешавад.

  • “Муаллимаҳо ҷанг мекунанд, ки як рӯз меоед, як рӯз не. Агар ҳамин хел идома кунад, аз мактаб хориҷ мешавед”

Ятимхона куҷост?

Мадина ва бародару хоҳарони кӯчакаш медонанд, ки модар нияти ба ятимхона додани онҳоро дорад. Ҳоло онҳо дар бораи ятимхона маълумоти зиёд надоранд, аммо аз нақли модар фаҳмидаанд, ки ҷое бо шароити беҳтар аз зиндагии ҳозираи онҳост. Талоши модар барои ҷудо кардани онҳоро аз худ Мадина маҳкум намекунад, мегӯяд, модарашро мефаҳмад. “Албатта, бе модарам зиқ мешавем, вале маҷбурем, чунки мехоҳам бихонам. Очаам мегӯяд, ман шуморо хабаргирӣ меравам”, - афзуд ӯ.

Радди қабули фарзандони Зуҳро Сайфуллоева ба мактаб-интернат дар Ҳисор дар ҳолест, ки аз соли гузашта, тибқи қарори ҳукумат, дар бораи маҳдуд кардани фаъолияти мактаб-интернатҳо ва минбаъд хотима додан ба таҳсил дар ин муассисаҳо, дари аксар ятимхонаҳо ба рӯи кӯдакону наврасон аз оилаҳои камбизоат ва нимаятим баста шуд. Аксар кӯдакони чунин хонаводаҳо ҳам ба оилаҳои худ баргардонида шуданд. Масъулини мактаб-интернатҳо мегӯянд, ин тасмим барои ба муҳити оила ва дар оғӯши волидон тарбия ёфтани кӯдакон гирифта шудааст.

Омбудсмени кӯдак: Шароитро омӯзанд

Аммо аксар модарони танҳову бесарпаноҳ, мантиқи қарору низомномаи нави ин муассисаҳоро дарк кардан намехоҳанд ва мегӯянд, ин тағйирот зиндагии кӯдакони онҳоро сахту мушкил мекунад.

Фаъолони ҳуқуқи кӯдак ҳам ҷонибдори дар муҳити оила бузург шудани кӯдакон ҳастанд, аммо бо таваҷҷӯҳ ба воқеиятҳои Тоҷикистон, бар инанд, ки пазируфта нашудани кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба ятимхонаҳо метавонад паёмадҳои нохуши дигар дошта бошад.

Зуҳро Сайфуллоева
Зуҳро Сайфуллоева

Омбудсмени ҳуқуқи кӯдак ҳам дар маърӯзаи солонаи худ аз муроҷиати чанд падару модар ёдовар шудааст, ки аз ӯ барои мусоидат дар қабули кӯдаконашон ба ятимхона кӯмак хостаанд. Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдаки тоҷик мегӯяд, бо дарназардошти манфиати кӯдак бояд, вазъи оилаҳо дар алоҳидагӣ санҷида ва кӯдакон бо шароити беҳтар таъмин шаванд.

“Албатта, мақсад дар оила тарбия ёфтани кӯдакон аст ва муҳити оиларо ягон муассисаи дигар иваз карда наметавонад. Аммо бояд ҳолатҳо ба таври алоҳида ва мушаххас омӯхта шавад. Агар ҳолате ҳаст, ки дигар имконияте нест ва модар шароити нигоҳубини кӯдакро надорад, бояд кӯшиш кард, ки кӯдак ба таҳсил фаро гирифта шавад ва бо шароити беҳтар таъмин гардад. Ин масъала ҳалшаванда аст”, - гуфт ӯ.

Ятими кулл, нимаятим... ва зиндаятим

Раҷабмоҳ Баҳриддинова
Раҷабмоҳ Баҳриддинова

Дар Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, 73 ятимхона фаъол аст, ки то ин тағйирот даҳ ҳазор хонандаро ба тарбия фаро гирифта буданд. Бино ба як гузориш “Оид ба риояи эъломияи ҳуқуқи кӯдак”, ки аз сӯи созмонҳои кор бо кӯдакон соле пеш таҳия шуда буд, аз шумори умумии наврасоне, ки дар ятимхонаҳо тарбия мегиранд, танҳо 304 нафар ятими кул ва ҳудуди 3 ҳазор нафар нимаятиманд ва боқии кӯдакон зиндаятим. Яъне, онҳое ҳастанд, ки волидонашон дар қайди ҳаётанд.

Аммо мисли Зуҳро Сайфуллоева модари 6 фарзанд ҳам ҳастанд, ки мегӯяд, барои наҷоти кӯдаконаш аз гуруснагиву бесаводӣ бояд онҳоро ба ятимхона супорад, кӯдаконро аз худ ҷудо мекунанд. “Кадом модар мехоҳад фарзандашро аз худ ҷудо кунад? Ягон кас, вале зиндагӣ маҷбур мекунад”, - мегӯяд Зуҳро Сайфуллоева.

XS
SM
MD
LG