Дар ҷумҳурии мардумии Чин соли 2025 наздик ба 8 миллион тифл ба дунё омадааст, ки камтарин сатҳи таваллуд аз замон таъсиси кишвар дар соли 1949 будааст.
Мақомоти Чин рӯзи 19-уми январ бо нашри омори нави таваллуд гуфтанд, ки дар 10 соли ахир таваллуд дар кишвар бисёр кам шуда, ба нуқтаи рекордӣ расидааст. Дар ду соли гузашта дар Чин каме бештар аз 9 миллион тифл ба дунё омадааст, ки дар муқоиса ба 10 соли пеш як баробар кам аст.
Соли гузашта издивоҷ дар ин кишвар беш аз 8 дар сад афзудааст ва ин умедвориҳоро ба афзоиши дубораи таваллуд бештар кардааст.
"Соли бевазан"
Тоҷирон дар шаҳраки Ҳучу, дар шарқи Чин, ки бузургтарин макони фурӯши либосҳои арӯсӣ аст, ба оянда бо эҳтиёт менигаранд.
Чен Жуан, як фурӯшандаи либосҳои арӯсӣ мегӯяд, соли 2025 аз он сабаб дар Чин издивоҷ афзоиш ёфт, ки бисёриҳо дар соли 2024 маросими издивоҷашонро мавқуф гузошта буданд.
Соли 2024 тибқи солшумории Чин “Соли бевазан” ном дорад, ки онро соли хубе намедонанд. Баръакс, соли 2025 дар Чин “Соли асп” буд, ки барои издивоҷ соли хуб медонанд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи тоҷирон, тасвиби қонуни нав дар моҳи майи соли 2025, ки ба ҷуфтҳо иҷоза дод, дар ҳар гӯшаи Чин (новобаста аз маҳалли зист) ақди никоҳ банданд, ба афзоиши шумораи издивоҷҳо кумак кард.
Чен Жуан мегӯяд, бо вуҷуди ин ҷавонон ба издивоҷ ва фарзанд бо нигоҳи дигар менигаранд ва эҳтиёт мекунанд.
Харҷи таҳсил ва нигоҳубини кӯдак
Коршиносон мегӯянд, сабаби асосии коҳиши таваҷҷуҳи ҷавонон ба издивоҷ дар Чин хароҷоти гарони нигоҳубини кӯдак ва таҳсил дониста мешавад.
Чжу Ҷяомей, фурӯшандаи 31-сола, мегӯяд, агар вазъи иқтисод беҳтар нашавад ва ҷавонон эътимод пайдо накунанд, ки имкони бузург кардани кӯдакро доранд, ҳамчунон аз фарзанддор шудан парҳез мекунанд.
Зоҳиран, дар Чин танҳо як омил нест, ки ба коҳиши издивоҷу таваллуд боис шудааст. Ченг Йонггуии 48-сола, ки либосҳои арӯсӣ мефурӯшад, ду писар дорад ва мегӯяд, зан ёфтан барои мардон кори осон нест.
Дар Чин расм аст, ки пеш аз издивоҷ волидони домод бояд барои писарашон хона, мошин ва дар баъзе ҳолат пули калони "қалин" ё маҳр омода кунанд. Ин тоҷир мегӯяд, барои иҷрои ин кор барои ӯ миллионҳо юан лозим аст, ки надорад.
Чин, бо бештар аз 1 миллиарду 400 миллион аҳолӣ дуюмин кишвари сераҳолитарини дунё аст. То соли 2023 дар ҷойи аввал буд, вале ҳоло Ҳинд бо доштани 1 миллиарду 460 миллион аҳолӣ аз Чин гузаштааст.
Коршиносон мегӯянд, агар таваллуд бо чунин суръат дар Чин давом кунад, аҳолии он сол то сол камтар хоҳад шуд.
Гуфтугӯ