Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон "Кока-Кола"-и туркӣ менӯшанд


\
\

Миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати “Кока -Кола Ичечек А.С"-и Туркия созишнома оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи маҳсулоти нӯшокиҳои гуногун ба имзо расидааст.

Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, маросими имзои созишномаи сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсолии “Кока-Кола Ичечек А.С.” рӯзи 31 декабри соли 2014 дар Душанбе сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, созишномаро аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим ва аз ҷониби ширкати “Кока-Кола Ичечек А.С.” директори генералии ҶДММ “Кока- Кола нӯшокиҳои Тоҷикистон” Мустафо Метен имзо кардаанд. Ширкати Кока-Кола яке аз бузургтарин ширкатҳои маъруф ва пуриқтидори истеҳсоли ҷаҳонӣ буда, маҳсулоти тавлиданамудаи он дар 200 кишвари ҷаҳон ба фурӯш меравад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯяд, дар марҳилаи аввали сармоягузорӣ ҳаҷми он 30 миллион доллар ва дар марҳилаи дувум 20 миллион долларо дар бар мегирад. Мақомоти тоҷик мӯътақиданд, бо бунёди ин корхона, аз 120 то 500 ҷои корӣ дар кишвар таъсис шуда ва солона 100 миллион литр нӯшокӣ тавлид мешавад.

Санад ва ё ёддошти тафоҳум дар мавриди бунёди корхонаи истеҳсоли машруботи Кока -Кола, ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2012 зимни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Туркия дар шаҳри Қуния ба имзо расида буд. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мегӯяд, давоми панҷ сол аз санаи оғози истеҳсолот пардохтҳои давлатӣ ба буҷети кишвар зиёда аз 21 миллион долларо ташкил хоҳад кард.

Ҳоло ин санад барои тасдиқ ба парлумони кишвар фиристода шудааст ва аз санаи ратификатсия мавриди амал қарор дода шуда ва ба мӯҳлати 5 сол амал мекунад. Туркия яке аз шарикони иқтисодии Тоҷикистон ба шумор рафта ва ҳаҷми мубодилаи молу коло миёни ду кишвар ба миллионҳо доллар мерасад.

Дар қаламрави Тоҷикистон даҳҳо корхонаи муштарак бо иштироки сармояи Туркия ба қайд гирифта шудааст, ки умдатан дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, хизматрасонӣ, сохтмон ва қисман коммуникатсияву саноати коркард фаъолият менамоянд. Теъдоде аз ширкатҳои туркӣ ба ҳайси иҷрокунандаи корҳо дар татбиқи чандин лоиҳаҳои сохтмонӣ ва зербиноии муҳими Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

XS
SM
MD
LG