Дар Тоҷикистон фақат ин суол матраҳ аст, ки чаро кишоварзи тоҷик пахтаро ба заҳмат ҷамъ меораду бо нархи арзон ба хориҷ мефурӯшад ва сипас курта ва ё ҷӯроберо, ки аз пунбаи бо заҳмат парвардаи ӯ дар Туркия ва ё Чин истеҳсол кардаанд бо нархи дучанд мехарад.
Дар ҳамоиши cолонаи иқтисодии Душанбе, ки рӯзи 10-уми апрел бо мусоидати Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон, Оҷонси рушди байналмилалии Бритониё ва Оҷонси ҳамкориҳои байналмилалии Олмон сурат мегирад, маҳз ҳамин масъала баррасӣ мешавад. Ташкили тавлиди занҷираӣ дар Тоҷикистон, яъне аз кишти пахта то истеҳсоли пироҳани ватанӣ ва танг кардани ҷойи себу тухму гӯшти эрониву покистонӣ дар раставу бозорҳои Душанбе ва дигар гӯшаҳои кишвар солҳост, ки аз забони намояндагони ҳукумати Тоҷикистон садо медиҳад. Аммо вазъ дар ин самт зиёд тағйир наёфтааст ва кишвар маводи зиёди хӯрокаро аз берун мехарад.
Ҳатто мардуми рустоҳои Тоҷикистон барои меҳмонашон аз бозор себи чинӣ мехаранд ва аз гӯшти мурғи эронӣ барои онҳо хӯрок мепазанд. Деҳқони тоҷик агар себи ширинтару сад маротиба беҳтар аз себи чинӣ ҷамъ оварданд, фақат тирамоҳ онро метавонанд бифурушанду тамом, ҷое надоранд, ки онро барои содироти баъдӣ нигаҳ доранд ва себи зиёде ҳам дар сари боғҳо пӯсида меравад. Ҳоло ҳам бисёре аз мардум анори худро бо усули бобоӣ, яъне зери рег, барои зимистон нигаҳ медоранд, то дар он вақт қимматтар бифурушанд.
Деҳқони тоҷик корхонаи хурде надорад, ки шарбати себашро гирифта, бо нархи болотаре бифурушад ва ё бастабандӣ карда ва беру содир кунад. Ба гуфтаи мутахассисони тоҷик, бояд ба ин раванд хотима дод, тавлиди дохилии кишоварзиро зиёд кард, зеро ингуна вобастагӣ ба бозори маводи хӯрокаи хориҷӣ, амнияти кишварро зери хатар мегузорад ва имкон дорад, мардуми Тоҷикистон дар оянда нону ғизои кофӣ барои хӯрдан наёбанд.
Бино ба пешбиниҳои мутахассисони тоҷик, то 5 соли дигар, яъне соли 2020 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар мерасад ва талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона, мева, картошка, равғани рустанӣ, гӯшту ширу тухм 25 дар сад зиёд мешавад. То 5 соли дигар талаботи аҳолии Тоҷикистон ба маҳсулоти нонӣ 260 ҳазор тонна зиёд мешавад ва барои таъмини ин эҳтиёҷ кишвар бояд ҳар сол бештар аз 14 ҳазор гектар замини нав барои баҳрабардорӣ омода шавад ва ё дасти кишоварзонро бозтар кунад, ки худашон тавлидро афзоиш диҳанд.
Амин Одинаев, муовини сардори раёсати тадқиқоти проблемаҳои инкишофи соҳавии Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, барои қонеъ кардани ин иштиҳои афзояндаи кишвар бояд, роҳҳои муосири кишту кору тавлидро пеш бигиранд ва коркарду истеҳсол дар дохил зиёд шавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд солҳои ахир истеҳсоли
маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон андаке зиёд шудааст ва аз ҷумла деҳқонони тоҷик аз ҳар гектар ғалладона 13 дар сад зиёдтар ҳосил мегиранд, аммо бо ин суръати афзоиш, эҳтиёҷоти кишварро дар оянда қонеъ карда намешавад. Ба гуфтаи ӯ, вазъи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ҳоло беҳтар мебуд, агар мақомот барномаҳои давлатии рушди соҳаҳои кишоварзиро дуруст иҷро мекарданд:
“Дар бахши кишоварзӣ бештар аз 17-18 барномаҳои давлатӣ татбиқ шуда истодаанд, аммо вақте мо таҳлил кардем, аз ҳамин барномаҳо, ки қабул шудаанд ва маблағҳои зиёд дар ин самт ҷудо мегардад, чӣ дар соҳаи чорводорӣ, чӣ дар соҳаи растанипарварӣ, чӣ дар дигар соҳаҳо имрӯз ҳамин барномаҳо дар асл лоақал 20 фоиз татбиқ намешаванд. Агар ин барномаҳо лоақал 50 ё 60 фоиз иҷро мешуд, дар ин ҳолат хеле пешрафтҳо мешаванд, вале дар мо иҷрои ин барномаҳо 15-20 фоизро ташкил медиҳанд.”
Дар воқеъ дар вебсайти вазорати кишоварзӣ 17 барномаи рушди соҳаҳои кишоварзии Тоҷикистон мебинед, бисёре аз онҳо бояд то соли 2015 пурра амалӣ шаванд, сар аз барномаи рушди пахтапарварӣ, рушди қутоспарварӣ. Худи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи гузашта дар ҷаласаи Шӯрои Амният гуфт, ки дар ҷараёни татбиқи барномаи дуввум, ки аз соли 2008 то соли 2015 иҷро шуд, аз 2 миллиону 500 сомонии ихтисосёфта, мақомот якуним миллион сомонӣ ва 58 фоизи маблағҳоро талаф кардаанд ва ё азхуд кардаанд.
Аз 2 миллион сомоние, ки барои барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ҷудо шудааст, 1 миллиону 300 ҳазор ва 70 фоизи он зоеъ шудааст ва ё ба ҳамёни иҷрокунандагони барнома рафтааст. Бар асоси Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво, ки иҷрояш охири соли 2015 анҷом ёфт, бояд дар Тоҷикистон аз пӯсти гову гӯсфандҳои деҳқонони тоҷикро коркард карда ва бо тавлиди занҷираӣ аз онҳо пойафзор тавлид мекарданд ва мардуми кишвар ҳам кашфи дохилӣ мепӯшид. Вале ҳоло аз касе намешунавед, ки гӯяд ман кафши хуби фалон корхонаи тоҷикиро мепушам ва аксарият ҳамон пойафзори чиниву туркӣ ба по мекунанд.
Соҳаи кишоварзӣ барои таъмини амнияти ғизоӣ, рушди муназзами иқтисод, коҳиши камбизоатӣ ва ҳамингуна суботу истиқлоли кишвар аҳамияти калидӣ дорад, вале дар Тоҷикистон ин арса дар 20 соли ахир дар панҷаи бӯҳрон мондааст. Кофист, маводи асосии хӯрокаи мардуми тоҷик, ғалладонаву ордро мисол овард, ки Тоҷикистон ҳамасола аз садҳо ҳазор тоннаи онро аз хориҷ мехарад. Тоҷикистон ҳар сол бештар аз 600 ҳазор тонна гандум ва ғалладонаро аз Русияву Қазоқистон ворид мекунад, зеро як миллион тонна, ғалладонае, ки дар дохил ҷамъ меоваранд, эҳтиёҷоти кишварро қонеъ намекунад.
Ба гуфтаи Шаҳбоз Одинаев, пажӯҳишгар ва котиби илмии Институти иқтисоди кишоварзии Тоҷикистон, ҳоло 50 дар сади маводи хӯрока аз хориҷ ворид карда мешавад, ки ин нишондиҳанда барои амнияти ғизоии ҳар кишвар “фалокатбор” ба ҳисоб меравад. Яъне, нисфи бозори дохилии маводи хӯрокаи Тоҷикистон дар дасти хориҷиён аст, ки даромади аҳолии мардуми кишварро мисли насос кашида мегиранд:
“Агар кишвар тавонад, ки 80 дарсади маҳсулоти хӯрокаро дар дохил истеҳсол кунад, дар он сурат, аз назари таъмини амнияти ғизоӣ мустақил мешавад. Кишвари мо аграрӣ аст ва мо агар хуб кор кунем, метавонем худро 100 фоиз бо маҳсулоти хӯрока таъмин кунем, аз ҷумла бо маҳсулоти асосӣ, ба мисли картошка ва ғалладона ки ҳоло мардум ба он эҳтиёҷ доранд. “
Мусоҳибони мо мегӯянд, дар сурати иҷрои дурусти барномаҳо, таъйини кадрҳои соҳибтаҷриба ва мудирияти дурусти соҳаи кишоварзӣ ва бо кӯмаки молӣ гирифтани дасти хоҷагиҳои кишоварзӣ имкон дорад, ки деҳқони заҳматкаши тоҷик, ба пояш рост биистад. Соҳибони чорво бо таъсиси корхонаи хурде, ҳадди аққал ноҳияи худро бо ширу қаймоқу ҳасиб таъмин кунанд, боғпарварон бо таъсиси корхонаҳои хурди бастабандӣ ва нигаҳдорӣ себу нокашонро дар дохилу хориҷ бифӯшанд, пахтапарварон занҷираи коркарди наху истеҳсоли либосро ба роҳ монанд ва ба ҷойи либоси синтетикии чинӣ, мардуми Тоҷикистонро бо либоси гарму нарми пахтагӣ таъмин кунанд.
Дар ҳамоиши иқтисодии Душанбе дар рӯзи 10-уми апрел асосан роҳҳои расидан ба ин ҳадафро баррасӣ мекунанд ва ин масъаларо, ки кай деҳқони тоҷик метавонад ба ин орзуи деринтизор бирасад. Аммо ин орзуи деҳқонони тоҷик кай амалӣ мешавад, маълум нест. Вале ин маълум аст, ки ҳоло деҳқонони тоҷик бо истеҳсоли ашёи хом фақат аз 20 то 25 дар сади пули маҳсулоти тавлидкардаашонро ба даст меоранд, дар ҳоле, ки як деҳқони мисли онҳо дар кишварҳои пешрафта, аз 65 то 75 дар сади суди маҳсулоти истеҳсолкардаашро ба даст меорад.