Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 5 то 7 сол зиндони "тарроҳ"-и ҳамлаи интиҳорӣ ва се шарикаш


Бинои додгоҳи Исмоили Сомонӣ.
Бинои додгоҳи Исмоили Сомонӣ.

Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Абдулло Абдураҳмонов - тарроҳи ҳамлаи интиҳорӣ дар ноҳияи Шаҳритус ва се шарики ӯро ба зиндони низомаш сангин маҳкум кардааст.

Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе чаҳор сокини ноҳияи Қубодиён, Шаҳритус ва Рӯдакиро барои қасди ҳамлаҳои террористӣ аз 5 то 7 соли зиндон маҳкум кардааст.

Хуршед Исозода, масъули парванда, рӯзи 25 май ба Озодӣ гуфт, ки ин афрод Абдулло Абдураҳмонов (“Абу Яҳё”), Алиҷон Юлдошев, Мухторалӣ Зокиров ва Хуршед Зокиров буда, бар асоси қисми дуи моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "даъвати оммавии фаъолияти экстремистӣ бо истифода аз шабакаи Интернет, даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва ташкили иттиҳоди ҷиноӣ" айбдор шудаанд. Ӯ гуфт, онҳо давраи адои ҷазояшонро дар зиндони низомаш сангин паси сар хоҳанд кард.

Ду узви ин гуруҳ дар моҳи январи соли ҷорӣ аз сӯи нирӯҳои амниятӣ боздошт шуда, ду тани дигарашон моҳи март дастгир шудаанд.

Хуршед Исозода, масъули парванда, гуфт, Абдулло Абдураҳмонов бо ташвиқ ва дастури бародараш – Абдулҳодӣ талош доштааст, дар назди дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ, шӯъбаи корҳои дохилӣ ва бозори ноҳияи Шаҳритус амалиёти интиҳорӣ ё худкуш анҷом бидиҳад. Ба қавли мақомоти додгоҳ, Абдулҳодӣ дар сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия қарор доштааст.

Исозода гуфт: “Абдулло Абдураҳмонов барои анҷоми амалҳои интиҳорӣ тавассути шабакаи Интернет аз хоҷагони хориҷиаш дархости кӯмаки молӣ кардааст. Дар сурати анҷоми ин амал садҳо сокин кушта ё захмӣ мешуданд.”

Додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе афзуд, ба далели он ки Абдулло Абдураҳмонов - раҳбари гурӯҳ буда ва ҳамзамон се нафари дигарро барои ҳамлаҳои террористӣ ҷалб кардааст, ба муддати 7 сол равонаи зиндони низомаш сахт шуда, бақия панҷсолӣ гирифтаанд.

Дар зимн, вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи июли соли гузашта аз талоши мушобеҳи ҷонибдорони гурӯҳи "Давлати исломӣ" барои таркондани 12 идораи пулис дар Душанбе, Файзобод, Рашт ва Кӯлоб хабар дода буд.

Вазорат гуфт, ки ду соҳибкори бозори "Корвон" дар ҳамкорӣ бо "Абӯ Саид" ном як узви гурӯҳи "Давлати исломӣ" қасд доштаанд, 12 бинои идораи пулисро битарконанд. Яке аз ин соҳибкорон Бобоҷони Раҷабалӣ, зодаи шаҳри Кӯлоб, ва дигаре - Садриддин Ҷабборов аз ноҳияи Рӯдакӣ буданд.

XS
SM
MD
LG