Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршинос: "Вақте пояи давлатдорӣ дар қалби шаҳрванд мешиканад". ВИДЕО


"Раҳоии пайвандони мансабдорон аз ҷавобгарӣ бовари мардум ба адолати додгоҳӣ ва давлатро коста хоҳад кард", - гуфтанд бархе аз коршиносон. Ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон “бегуноҳ” будани писари муовини аввали нахуствазир Давлаталӣ Саидро эълон кард ва парвандаи садамаи маргбор бо иштироки Фаромуз Саидовро баст. Дар пайи як садамаи автомобилӣ бо иштироки писари муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон дар тирамоҳи соли гузашта ду нафар ҳалок шуданд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Додситонии кулл: Парвандаи Фаромуз Саидов қатъ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Аммо мақомот бар ин андеша розӣ нестанд ва мегӯянд, тамоми парвандаҳо дар чаҳорчӯби қонун дида мешаванд.

Пояи давлатдорӣ куҷост?

Фаромуз Саидов танҳо намояндаи хонаводаи мансабдорони баландпоя нест, ки баъд аз расонаӣ шудани тафсилоти садама бо иштироки ӯ, мақомот бегуноҳаш эълон мекунанд. Фарзанди мансабдороне мисли Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси собиқи ширкати Роҳи оҳан ва Нусратулло Абдуллоев, раиси пешини Додгоҳи олии Тоҷикистон низ дар садамаҳое, ки боис ба ҳалокати инсонҳо мешаванд, гумонбар буданд, вале дар ниҳоят парвандаҳои онҳо то ба додгоҳ нарасид. Дар ҳар ҳолат мақомот талош карданд, бо забони қонун бегуноҳ будани ин афродро собит кунанд.

Фаромуз Саидов
Фаромуз Саидов

Дар ҳоле ки ҳар яке аз ин афрод ривоят ва мавқеи худро дар робита бо ҳодиса қисса мекунад, аксар ҷабрдидаҳо ва шоҳидонанд, ки ба гунаҳкор будани онҳо дар ин ҳодисаҳо ишора мекунанд.

Саъдӣ Намозов, як коршиноси тоҷик, гуфт, вақте қонун дар баробари мансабдорон ё наздикони онҳо амал намекунад, қалби садҳо тан аз шаҳрвандон сард мешавад. "Ҳар як шаҳрванд дар алоҳидагӣ як пояи давлат ҳисоб мешавад. Вақте пояи давлатдорӣ дар қалби шаҳрванд мешиканад, он гоҳ сохтори давлатдорӣ заиф мешавад", - гуфт Саъдӣ Намозов.

“Камбуди техникӣ” – Мошин гунаҳкор?

Аммо мақомот бар ин андеша розӣ нестанд ва мегӯянд, тамоми парвандаҳо дар чаҳорчӯби қонун дида мешаванд. Шариф Ҳабибуллоев, як масъули Додситонии кулли Тоҷикистон, рӯзи 3 феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, парвандаи Фаромуз Саидов аз ҷониби муфаттиш қатъ шудааст, вале ҳоло онҳо ин қарорро метавонанд дубора биомӯзанд. “Парвандаи ҷиноятӣ бо қарори муфаттиш дар пешбурд қатъ карда шудааст. Он чанд рӯз пеш барои омӯзиш ба Прокуратураи генералӣ ворид гардид. Айни замон мо асоснокӣ ва қонунии онро мебинем ва мавқеи худро муайян мекунем. Моҳияти қарори қабулшуда аз он иборат аст, ки гӯё мошин дар натиҷаи камбудии техникӣ доштани қисмати идоракунии нақлиёт боис ба сар задани ҳодисаи нақлиётӣ шудааст.”

Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон
Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Ҳарчанд, мақомот мегӯянд, дар парвандаи Фаромуз Саидов нуқтаи охир гузошта нашудааст, аммо коршиносон мегӯянд, ҳеҷ гоҳ қарори қатъ шудани парванда дубора бекор нахоҳад шуд. Зеро тасмими чунин парвандаҳо дар долонҳои болоии ҳукумат гирифта мешавад ва бештар ба фоидаи фарзандони мансабдорон анҷом меёбад. Ба гуфтаи коршиносон, ниҳоӣ нашудани парвандаҳои фарзанди мансабдорон бештар рӯи мардум таъсиргузор аст, ки “волоияти қонун”-ро ба намоиш мегузорад.

Решаи дилсардии мардум

Амнияти Абдулназар, коршиноси тоҷик, мегӯяд, сабаби бештар дилсард шудани мардум ва рӯ овардани онҳо ба масҷидро дар ҳамин мушкил мебинад. "Мардум бештар арзи худро дар масҷид мегӯяд ва ба касе бовар надорад. Ҳамчун як меҳанпараст аз дилсардии мардум нигарон ҳастам. Мардум талош доранд, то аз кишвар берун шаванд. Ин ҳама натиҷаи дилсардӣ ҳаст, ки онҳо зиндагии хубу беҳтарро дар кишварҳои дигар ҷустуҷӯ мекунанд", - гуфт ӯ.

“Ҳама талоши озодии фарзандашро мекунад”

Амнияти Абдулназар
Амнияти Абдулназар

Сафарбек Кабиров, рӯзноманигори ҷавони тоҷик мегӯяд, дар кишварҳое мисли Тоҷикистон, ки қонун дуруст амал намекунад, ҳар шаҳрванд талоши аз ҷавобгарии ҷиноӣ раҳо кардани пайвандонашро мекунад. Ба гуфтаи ӯ, танҳо фарқ ин аст, ки имкони афроди доро ва бонуфуз бештар аст. “Ин як хости инсонист, ки намехоҳад фарзандашро дар пушти панҷара бинад. Ҳам мардуми доро ва ҳам мардуми камбағал. Танҳо дасти камбағал ба наҷот додани фарзандаш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ намерасад. Чун фарди доро тавон доранд, дар кишварҳои мо ҳатман фарзандашро наҷот медиҳад”, - гуфт ӯ.

Шаби 10 сентябри соли 2016 дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт садамае бо иштироки Фаромуз Саидови 23-сола рух дод ва масъулони вазорати корҳои дохилӣ дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки бар асари он ду нафар ҳалок шудааст. Фаромуз Саидов баъди ин сонеҳа дар шӯъбаи ҷарроҳии асаб (нейрохирургия)-и бемористони Қарияи Болои Душанбе бистарӣ шуд.

Сафарбек Кабиров
Сафарбек Кабиров

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки дар робита бо садамаи автомобилии Фаромуз Саидов аз рӯи моддаи 212-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ ва истифодаи васоили нақлия” парванда боз шудааст. Ин моддаи қонуни ҷиноӣ аз пардохти ҷарима то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG