Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 корманди бонк дар Суғд ба ҷавобгарӣ кашида шуд


Масъулини Бонки миллӣ мегӯянд, ки соли ҷорӣ 17 нафар, аз инҳо аксар кормандони бахши қарздиҳии бонки дучори мушкилшудаи "Агроинвестбонк" дар сохтакории ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ, гумонбар мешаванд.

Бино ба иттилои шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ алайҳи 17 корманди

Корманди бонк (А.С.) барои даст задан ба муомилоти пулии мансуб ба нафари “ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ” боздошт шудааст

низоми қарздиҳӣ дар иртибот ба сохтакории асноди қарздиҳӣ ва аз худ кардани маблағҳои бонк ва ташкилоти амонатгузориву қарздиҳӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз карда шудааст.

Наврӯз Валиев, мудири ин шӯъба рӯзи 2-уми август дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, 14 нафари алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ бозгардида, кормандони собиқи филиалҳои "Агроинветстбонк" дар вилояти Суғд мебошанд, ки дар давраи фаъолияти худ вазифаи худро адо накарда, дар муомилоти пулӣ қонуншиканиҳо кардаанд.

Ӯ гуфт: "Ду ташкилоти қарзии пештар низомсоз, "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк " ӯҳдадории худро дар назди мизоҷон пурра иҷро накарданд. Бисёр кормандони собиқи ин ташкилот нисбат ба вазифаҳои худ беэътиборӣ зоҳир намуда, ба ҳаннотӣ ва амалҳои дигари ғайриқонунӣ даст заданд."

Гумонбар ба қарздиҳӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ

Наврӯз Валиев афзуд, дар ҳоли ҳозир гурӯҳи калони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти ин бонкҳо ва сабабҳои варшикаста шудани онҳоро таҳқиқ доранд. Ба иттилои шӯъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар Хуҷанд, дар миёни онҳое, ки дар хилофкорӣ муттаҳам мешавад, як корманди бахши қарздиҳии яке аз филиалҳои ташкилоти "Имон Интернешнл" ҳам мебошад.

Наврӯз Валиев.
Наврӯз Валиев.

Ин мард (А.С.) барои даст задан ба муомилоти пулии мансуб ба нафари "ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ", боздошт шудааст. Наврӯз Валиев гуфт, ки нисбати ин корманди ташкилоти қарзӣ аз рӯи моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ - "Даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ", парванда боз шудааст.

Дар ҳоле, ки масъулини худи ин ташкилот аз шарҳи ин хабар худдорӣ мекунанд, яке аз масъулини бонк гуфт, мавқеи "Имон Интернешнл" ба иттиҳомоти ахир дар рӯзҳои наздик нашр мешавад. Як шахси дигари огоҳ аз қазияи "Имон Интернешнл" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин ҳамаро "бепоя ва нодуруст" номид, вале гуфт, дар ин бора бояд раҳбарони ин сохтори молӣ сӯҳбат кунанд.

Ҷаримаҳои муассисаҳои муваффақи молӣ

Қабл аз ин Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар як нишасти хабариаш рӯзи 25-уми июл дар Душанбе гуфта буд, ки бар зидди чаҳор корманди бонки "Эсхата" барои хилофкорӣ, аз ҷумла ошкор шудани муомилаҳо "бо гурӯҳи "қочоқбарони маводи мухаддир", парванда боз шудааст.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон.

Бонки Миллӣ гуфт, баъди ошкор шудани камбудиҳо, бонки "Эсхата"-ро дар ҳаҷми 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ва "Имон Интернешнл"-ро ба андозаи 500 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст. Як корманди баландпояи бонки "Эсхата" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин иттиҳомро, ки кормандони ин ниҳоди молӣ бо гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир дидаву дониста муомилоти пулӣ доштанд, қабул надорад.

Ӯ гуфт, бонк пули муштариёнро интиқол медиҳад, вале манбаи ба даст омадани ин пулҳоро наметавонад таҳқиқ кунад. Дар Тоҷикистон Қонун "Дар бораи дар бораи муқовимат бо даромадҳое, ки бо роҳи ҷинояткорӣ ба даст омадааст ва мубориза алайҳи маблағгузории терроризм" амал мекунад.

"Эсхата": Назорати муомилоти пулӣ хеле ҷиддӣ аст

Воҳиди махсусе низ дар Бонки миллӣ аз гардиши маблағҳо назорат мекунад. Акбар Назаров, як масъули бонки "Эсхата" дар нишасти хабарии рӯзи 2-юми август дар Хуҷанд дар посух ба ин савол, ки оё дар соли ҷорӣ мавридҳои интиқоли пулӣ аз кишварҳои ҷангзадаи назири Афғонистон ва Сурия ба Тоҷикистон тавассути ин бонк ҷой дошт, гуфт, назорати интиқоли маблағ аз ин гуна давлатҳо хеле ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст, вале мақомоти бонкӣ маълумот дар бораи муштарии худро, то ошкор шудани гуноҳи онҳо дар додгоҳ, дар маърази ом намегузоранд.

Ба иттилои шӯъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар Хуҷанд, дар нимсолаи аввали соли равон наздики 600 нафар корманди бонку ташкилотҳои пасандозгузорӣ ва қарздиҳӣ, аз ҷумла, беш аз 150 нафар занон ҷойҳои кории худро ба думболи заъфи фаъолияти коргоҳи худ аз даст дода ё зимни ихтисори кормандон ҷиҳати сарфаи маблағ, барканор шудаанд.

Аз ҳама бештар "Эсхата" 197 нафар кормандони худро ҷавоб дода, баъди он "Имон Интернашионал", "Агроинветсбонк", "Тоҷиксодиротбонк" ва "Арванд" ба зиёдии шумораи барканор кардани кормандон ҷой гирифтаанд. Аз мақоми раҳбарии бонку ташкилоти молии "Эсхата" ва "Имон Интернешинал" канор рафтани муассис ва раҳбарони собиқадори онҳо, ки қароргоҳи аслиашон дар шаҳри Хуҷанд мебошад, сару садои зиёдеро дар байни ҳалқаҳои тиҷоративу иқтисодӣ барангехт. Ин ду сохторро то соле пеш аз ташкилоти муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон меномиданд.

Барканориҳо -- иҷборӣ ё тавсиявӣ?

Як масъули Бонки миллӣ моҳи феврали соли ҷорӣ гуфт, ки раҳбарони ин ду муассиса на бо роҳи иҷборӣ, балки танҳо бо тавсияи Бонки миллӣ иваз карда шуданд. Бино ба маълумоти намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд, наздики 60 дарсади интиқоли маблағҳо тавассути "Эсхата" сурат мегирад ва ҳудуди 40 дарсади қарзҳои муштариён ва ҳамин қадар пасандози сокинон ба "Эсхата" тааллуқ дорад.

Гулбаҳор Маҳкамова.
Гулбаҳор Маҳкамова.

Бонки "Эсхата" солҳои 1993-94 ташкил шуда, то оғози соли ҷорӣ 23 филиал ва беш аз 200 маркази хизматрасонӣ дошт. Дар изҳороти "Имон Интернешнл", ки рӯзи 9-уми феврал нарш шуд, таъкид гардид, ки дар мӯҳлати раҳбарии Гулбаҳор Маҳкамова дороиҳои (активы) ин ташкилот дар соли 2017-ум 25 дарсад афзуда, теъдоди муштариён ба 120 ҳазор нафар расидааст.

Ҳамчунон гуфта мешавад, "Имон Интернешнл" ягона ташкилоти молиявии Тоҷикистон аст, ки дар ду соли охир тавонистаааст, сармояашро тавассути ҷалби сармоягузорони хориҷӣ афзоиш бидиҳад. "Эсхата" рӯзи 9-уми феврал дар як изҳорот гуфт, "тағйироти кадрӣ як қадаме барои рушди минбаъда аст ва ба фаъолияти ҷории бонк таъсире нахоҳад гузошт".

Баъдан дар изҳороти "Имон интернешнл" дар бораи барканории Гулбаҳор Маҳкамова, аз фаъолияти ӯ қадрдонӣ шуда, таъкид гардида буд, ки Маҳкамова тасмим гирифтааст ба корҳои илмии худ машғул шавад.

XS
SM
MD
LG