Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Шоҳкорҳо"-и забони Одноклассники тоҷикӣ


Масъулони шабакаи "Одноклассники" мегӯянд, омодаанд, дар сурати муроҷиат хатоҳои мавҷуд дар тарҷумаи тоҷикии ин торнаморо ислоҳ кунанд.

Одноклассники, ки дар Тоҷикистон ҳам садҳо ҳазор корбар дорад, аз чанд моҳи пеш нусхаи тоҷикии торнамояшро муаррифӣ кард, вале як корбари оддӣ ҳам метавонад бубинад, ки тарҷумаи он бисёр заъиф ва дар баъзе ҳолат хандаовар аст. Масалан, ҳеҷ кас дар забони тоҷикӣ намегӯяд, ки фалонӣ “қайд ташкил кард”, ки тарҷумаи лафз ба лафзи русии ибораи “создать заметку” аст.

Дигар ин ки “класс”-ро, ки бояд мантиқан “писандид" баргардон шавад, тарҷумонҳои "Одноклассники" “аҷоиб” баргардон кардаанд, ки дар бисёр маврид хандаи корбарро меорад. Бо як нигоҳ ба нусхаи мобилии "Одноклассники" тарҷумаҳои ғайримантиқии он аён мешавад. Масалан, як ҷо мебинед, ки фалонӣ “қайдро аҷоиб меҳисобад” ва ё “Яҳё дӯстро Мадёр илова кард.” Ин тарҷумаро худатон ёбеду гиред. “Айниев, суратро аҷоиб Ғафуров дар Мобилний албом меҳисобад.”

Масъалаи тарҷумаи ғалат дар "Одноклассники"-ро бо масъулони ин шабакаи иҷтимоӣ дар миён гузоштем. Арсен Исрофилов, мудири бахши маркетинг ва рушди тиҷорат дар шабакаи "Одноклассники" дар посухи катбӣ дар бораи тарҷумаи тоҷикӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ки онро ширкатҳои махсуси тарҷумонӣ ба тоҷикӣ баргардон кардааст, аммо нагуфт, ки ин кор дар Тоҷикистон сурат гирифтааст ва ё Русия. Арсен Исрофилов чунин навиштааст: “Мо чанд ширкати ҳамкоре дорем, ки махсус ба тарҷумаи чунин тарҳҳо ба забонҳои гуногун машғул ҳастанд. Баъд аз онки тарҷумаи нусхаи мобилӣ ва ё комили торнамо тамом шуд, мо онро ҳатман барои тафтишу озмоиш ба соҳибони забон медиҳем. Танҳо баъд аз он ки мутмаин шудем, ҳама чиз дуруст аст, мо забони навро ба радифи забони корбарони Одноклассники ворид мекунем“.

Аммо зоҳиран онҳое, ки тарҷумаи тоҷикиии "Одноклассники"-ро тафтиш кардаанд, забони модарии худро чандон хуб намедонистаанд. Намунаи дигареро аз ин тарҷумаи “тафтишкардаи” онҳо меорем, ки мумкин аст, як корбари оддиро сардаргум кунад ва як забондонро ба хашм биёрад: “Хуршед қайдро Муаззам аҷоиб меҳисобад”, ки маънии мантиқии ин “Хуршед навиштаи Муаззамро писандид” аст. Шояд “ноёанро даргиронданро” на забондон бифаҳмад ва на корбари оддии "Одноклассники" дар Тоҷикистон. “Шарҳҳо дар фотосурат”, “шарҳҳо ба ҳолатҳо”, “баҳоҳои фотосурат”, “шавқовар дар вақти ҳузур надоштан”, “аз тасма хориҷшудагон”-ро шумо ҳам бешак намефаҳмед ва ҳатман саҳифаи русии онро нигоҳ мекунед, то ба маънии тарҷумаи “ноби” "Одноклассники" сарфаҳм равед.

Арсен Исрофилов аз шабакаи Одноклассники дар посух ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки тарҷумаи торнамо хатои зиёд дорад ва беҳбуд металабад, гуфт, ки онҳо омодаанд, дар сурати муроҷиат иштибоҳоти мавҷудро ислоҳ кунанд: “Мо хушҳол мешавем, агар корбарон назари худро дар бораи кори шабакаи мо, ё дар бораи имконоти мушаххас, раванди тарҷума ва ё рушди умумии "Одноклассники" бо мо дар миён гузоранд. Бо омӯхтани дақиқи ҳар муроҷиат мо тағйироти лозимро ба саҳифа ворид мекунем, бахусус агар муроҷиат дар робита ба мувофиқ кардани "Одноклассники" барои минтақаи хос бошад.”

"Одноклассники" ҳоло танҳо ба 12 забон тарҷума шудааст ва забони тоҷикӣ моҳи июни соли равон ба сафи забонҳои ин шабака ворид шуд. Аз Тоҷикистон, ба гуфтаи Арсен Исрофилов, рӯзона 300 ҳазор корбар ба ин шабака ворид мешавад, ва ё бо дӯстонашон муошират ва ё дар ин торнамо сайругашт мекунанд. То кунун нусхаи комили компютерии "Одноклассники" ба тоҷикӣ баргардон нашудааст ва Худо накунад, ки ин корро ба ӯҳдаи айни ширкате бигузоранд, ки тарҷумаи пешинаро кардааст.
XS
SM
MD
LG