Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ФФТ 15-уми феврал шурӯъ мешавад


Мавсими нави футбол дар Тоҷикистон бо Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) рӯзи 15-уми феврал оғоз меёбад.

Мавсими нави футбол дар Тоҷикистон бо Ҷоми ФФТ, ки маблағи ҷавоизи он 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, рӯзи 15-уми феврал оғоз меёбад.

Ба иттилои Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Ҷоми ФФТ аз ду давра иборат аст. Давраи аввали мусобиқот, ки минтақавист, аз 15-ум то 25-уми феврал дар Суғд, Хатлон ва Душанбе баргузор мешавад. Давраи дувум – марҳалаи ниҳоӣ – аз 1-ум то 15-уми март дар Душанбе барпо мегардад.

Дар ин мусобиқот дастаҳои лигаҳои олӣ ва аввали футболи Тоҷикистон ширкат меварзанд. Барои иштирок дар мусобиқоти вилояти Суғд дастаҳои кишварҳои хориҷӣ низ роҳ дода мешаванд.

Дастаҳое, ки дар мусобиқоти вилоятҳои Суғду Хатлон ҷойҳои 1-ум ва 2-юмро касб мекунанд, инчунин, чаҳор дастаи беҳтарини минтақаи Душанбе ба марҳалаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар давраи хотимавии мусобиқот дастаҳо ба ду гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим мешаванд.

Дастаи ғолиби марҳалаи ниҳоӣ бо Ҷоми ФФТ, медалҳои тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешавад. Ба дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро ишғол мекунанд, мутаносибан медалҳои нуқраву биринҷӣ, 20 ҳазор ва 15 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд. Инчунин беҳтарин бозигарон ва доварони мусобиқот бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷоми ФФТ барои чаҳорумин бор баргузор хоҳад шуд. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода аввалин барандаи Ҷоми ФФТ мебошад. Футболбозони Турсунзода дар бозии ниҳоӣ, ки 13-уми марти соли 2012 дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе барпо гардида буд, бар дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.

Ду сол пеш дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ бар ССКА «Помир»-и Душанбе аз рӯи силсилаи пеналтӣ ғолиб омад. Ин бозӣ 31-уми августи соли 2013 дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода доир шуд. Замони асосии ин дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Дар замони изофӣ (ду қисми 15-дақиқаӣ) ҳисоб тағйир наёфт. Дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ маълум шуд. Кори футболбозони «Хайр» дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метра омад кард ва онҳо бо ҳисоби 6:5 (ҳисоби умумӣ – 7:6) ғалаба карданд.

Соли гузашта бошад, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе севумин барандаи Ҷоми ФФТгардид. Истиқлол” дар бозии ниҳоӣ, ки 19-уми марти соли 2014 дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бар тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард.

XS
SM
MD
LG