Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки барои пешгирӣ аз давр задани таҳримҳои зидди Русия, бо ин созмон ҳамкории зичро идома диҳад.
Даъвати ин созмон 19-уми ноябр ва дар ҷаласаи ёздаҳуми Шӯрои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар шаҳри Брюссел садо дод.
Ин дархост дар ҳоле садо медиҳад, ки моҳи ҷорӣ Иттиҳоди Аврупо барои кӯмак ба Русия, се бонки Тоҷикистон -- "Душанбе Сити", "Спитаменбонк" ва "Коммерсбонк Тоҷикистон"-ро ба рӯйхати сиёҳ шомил кард.
Ҳанӯз маълум нест, ки ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ба ин дархости Иттиҳоди Аврупо чӣ посух додаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон пештар аз таҳрим шудани се бонки Тоҷикистон "нигаронии амиқ" карда, гуфта буд, барои коҳиши паёмадҳои он талош мекунанд.
Ба хабари расмии Иттиҳоди Аврупо, ин созмон "аз Тоҷикистон даъват кард, ки он қонунҳои байналмилалиро риоя намуда, истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украинаро дар мувофиқа бо мавқеи СММ ва Иттиҳоди Аврупо, дастгирӣ намояд".
Тоҷикистон аз муттаҳидони наздики Русия аст, вале мақомдорони Душанбе борҳо гуфтаанд, ки хостори ҳалли низои Русия ва Украина аз роҳи музокирот ҳастанд.
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе дар хабарномае навишт, дар ҷаласаи рӯзи 19-уми ноябр Иттиҳоди Аврупо "аз фишор ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва рӯзноманигорон, набудани фазо барои ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори нигаронӣ кард".
Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин "зарурати ҷавобгарӣ барои истифодаи аз ҳад зиёди қувва нисбати эътирозгарон ҳангоми ҳодисаҳои соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон"-ро таъкид кардааст. Ин талаби созмон қаблан низ садо дода буд.
Дар пайи ҳодисаҳои моҳи майи соли 2022 дар Бадахшон, ки боиси кушта шудани эътирозгарон шуд, даҳҳо нафар зодагони ин минтақа боздошт ва ба ҳабсҳои тӯлонӣ маҳкум шуданд.
"Иттиҳоди Аврупо инчунин даъват кард, ки барои пешгирии шиканҷа, беҳтар кардани шароити зиндонҳо, пешбурди баробарии гендерӣ ва мубориза бо зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ талошҳои бештар анҷом дода шаванд",-омадааст дар хабарномаи расмӣ.
Дар нишасти Брюссел ҳамчунин дар бораи тиҷорат, сармоягузорӣ ва ҳамкории энержӣ, ҳамчунин масоили минтақавӣ ва байналмилал гап задаанд.
Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони иқтисодии Тоҷикистон аст ва айни замон аз кӯмакрасонҳои аслии кишвар ба ҳисоб меравад.
Ҷонибҳо дар масоили мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, идоракунии марз ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин идоракунии об низ, ҳамкориҳо доранд.
Мухолифин ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон солҳои охир Иттиҳоди Аврупоро ба "чашмпӯшӣ" ба поймолшавии ҳуқуқи одамону озодиҳои бунёдӣ дар Тоҷикистону кишварҳои дигари минтақа танқид мекунанд.
Иттиҳоди Аврупо дар моҳи июли соли 2024 ҳам аз вазъи ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва блогерони зиндонӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз Душанбе хоста буд, ки нақзи ҳуқуқи инсонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқ кунад.