Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми "миллатгароии падаршоҳӣ" дар Тоҷикистону Ӯзбакистон


Дар Лондон таҳқиқоти нави донишманди тоҷик зери унвони “Интиқоли қудрат дар Осиёи Марказӣ. Миллатгароии сиёсӣ ва тағйирот дар Тоҷикистону Ӯзбакистон” нашр шуд.

Дагихудо Дагиев як сиёсатшиноси ҷавони тоҷик, доктори илмҳои сиёсӣ, ки дар шаҳри Лондони Бритониёи Кабир ба сар мебарад ва ҳафтаи ҷорӣ ба радиои Озодӣ хабар дод, ки таҳқиқоти калонаш бо номи “Интиқоли қудрат дар Осиёи Марказӣ. Миллатгароии сиёсӣ ва тағйирот дар Тоҷикистону Ӯзбакистон” ба забони англисӣ (Regime Transition in Central Asia: Stateness, Nationalism and Political Change in Tajikistan and Uzbekistan) ба нашр расид. Ин таҳқиқот қарор аст тирамоҳи имсол тавассути Интернет ба фурӯш гузошта шавад.

Дагихудо Дагиев, пажӯҳишгари ҷавони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим


Дагихудо Дагиев мегӯяд, дар ибтидо рисолаи доктории худро бар асоси омӯзиши мавқеи Ислом дар ҷомеаҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ шурӯъ кард, вале баъд аз як соли мутолеа ва дарки амиқтари вазъи сиёсиву иҷтимоии ин кишварҳо ба хулосае омад, ки Ислом дар ин кишварҳо мисли “кишварҳои ҳамсояи Афғонистону Эрон ва Покистон нест, вале масъалаи миллатгароӣ ё ки натсиунализм дар ин кишварҳо ва мушаххасан дар Тоҷикистону Ӯзбакистон хеле ҷолибтар будааст”.


Сӯҳбат бо Дагихудо Дагиев
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:22:57 0:00


- Ин идеоложие буд, ки дубора хост ҳамон холигии коммунистиро дар ин​кишварҳо пур бикунад, - мегӯяд вай дар сӯҳбат бо Озодӣ. – Он тарзе, ки миллатгароӣ дар ин кишварҳо зуҳур кард ва ҳоло равандҳои аҷиберо махсусан дар сиёсати ин ду кишвар ба вуҷуд овардааст. Махсусан дар ин ду кишвар миллатгароӣ ҷанбаъҳои таърихиву қавмӣ ҳам дорад.

Муҳаққиқи тоҷик вазъи Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро таҳлил карда мегӯяд, ки баъди пошхӯрии шӯравӣ дар ин ду ҷумҳурии ҳамсоя шароити сиёсии ҳамсон ва айни замон, мутафоите фароҳам шуд. Умумиятҳо ин аст, ки ҳукумат дар дасти як нафар тамаркуз ёфта, ҳарду низом ҷонибдори фаъол шудани нақши Ислом дар ҷомеа ва бахусус дар сиёсат нестанд. Бар иваз, дар шароити халои
Волидони Д.Дагиев
Волидони Д.Дагиев
идеологӣ раҳбарони ин ду кишвар бо шиорҳои миллатгароёна мехоҳанд, мардуми худро муттаҳид созанд. Вале агар Душанбе такя ба идеяи ваҳдати миллии мардуми тоҷик мекунанду талош дорад тоҷикони дохилу хориҷро ба ҳам орад, Тошканд бештар дар андешаи ҳифзи тамомияти арзиаш аст, чун мавқеаш аз Тоҷикистон тафовут дорад ва ба хотири ҷилавгирӣ аз сар задани даъвоҳои нав бар сари Самарқанду Бухоро, ба унвони як ҷониби дастболо дар барномаи тақсими қаламравҳо дар солҳои 1920, талош мекунад тамаркузро болои ҳифзи қаламраваш равона созад. Дагихудо Дагиев дар як бахши таҳқиқоташ менависад:

“Баъди пошхӯрии шӯравӣ, элитаҳои сиёсии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон як шакли нави натсионализм ё миллатгароиро ташаккул доданд, ки онро мешавад, чун миллатгароии падаршоҳӣ унвон кард. Ин як ташреҳест, ки миллатгароиро ба идеологияи расмии давлат ва раҳбари ин кишварро ба банёдгузори як давлати модерн ва ё падари миллат табдил дод.

Дар натиҷа, қудрати ҳамин шахс ҳоким бар ҳукумат ва тамоми сохторҳои давлатӣ шуд. Чунин ҳолат ҳосили номуайяниҳои даври гузор буд. Вокуниши билофосила барои ҳифзи истиқлолият ин шуд, ки шиорҳои худшиносии миллӣ боло гирифт ва раҳбари ин низом ба унвони қаҳрамони миллӣ муаррифӣ шуд. Ин сохтор ва шакли мудирият аз ҳукумати як нафар комилан вобаста шуд. Аз ин хотир, миллатгароӣ, ба унвони як абзори идеологӣ хеле наздик ба мафҳуми раҳбар аст, ки ӯро ба унвони танҳо наҷотбахши ин давлат ва муттаҳидкунандаи миллат дар давраи гузор истифода мекунанд”
(Dagikhudo Dagiev, “Regime Transition in Central Asia: Stateness, Nationalism and Political Change in Tajikistan and Uzbekistan”).


Д.Дагиев бо ҳамсараш Наргис
Д.Дагиев бо ҳамсараш Наргис
Бо ин ҳама, муаллиф мутмаин аст, ки идеологияи пешгирифтаи ҳукумати Тоҷикистон муваффақ шуда натавонист, чун бар пояи решаҳои таърихиву миллӣ бунёд нашуда буд:

- Барои Тоҷикистон муҳим аст, ки як ваҳдати миллиро ба вуҷуд биёрад, вале он набояд танҳо ба хотири як режим бошад, он бояд решаҳои табииву таърихӣ дошта бошад. Мутаассифона, ҷуғрофиёи имрӯзаи Тоҷикистон барои расидан ба як ваҳдати комили миллӣ имконият намедиҳад. Ман инро инчунин миллатгароии таърихӣ ҳам меномам. Вақте ки ҷамъияти калони тоҷикон берун аз Тоҷикистон – дар Ӯзбакистону Чину Афғонистон ва дигар манотиқ ҳастанд ва марказҳои таърихӣ ҳам берун ҳастанд, ин як кори душвор аст.

Муҳаққиқи ҷавон мегӯяд, муҳити кӯдакиву сӯҳбатҳои зиёди дохилихонаводаӣ дар деҳаи Ёгеди Дарвоз роҷеъ ба таърихи мардуми тоҷик, нақши Самарқанду Бухоро чун марказҳои аслии фарҳангиву сиёсии ин миллат ва маҳрум шудани тоҷикон аз решаҳои бунёдии худ аслан барои ташаккули касбиву кориаш сабаб шуд. Ҳоло, мегӯяд вай, шод аз он аст, ки бо истифода аз фурсати кору таҳсил дар як маркази ҷаҳонии илмӣ – пойтахти кишвари Бритониёи Кабир имкони беҳтар анҷом додани корҳояшро дорад ва ба манобеи замонавии илмӣ дастрасии бевосита дорад. Ӯ мегӯяд, ҳамин тарзи зиндагиву кор ҳатто ба низоми зиндагиаш ҳам таъсир гузоштааст:

-Албатта, ин ҷо ҷаҳони дигар аст. Ва ҳамон солҳои ибтидоӣ ҳам, ки баъди ду-се сол хона мерафтам, аз паи омӯзишу кор будам, вале бародару хоҳаронам мегуфтанд, “мисли бегона ҳастӣ”. Ман аслан бегона нашудам, ман ҳамеша сари мавзӯъҳои худ фикр мекардаму кор мекардам.

Дагихудо Дагиев, ки номи бобояшро гирифтааст, мегӯяд, дар асл исмаш бояд Додихудо бошад, вале вижагиҳои лаҳҷавӣ боиси он шуд, ки исми ӯ ҳам дар санадҳо ингуна навишта шавад. Ҳоло ӯ ҳамроҳи оила ва ду духтараш – Сурӣ ва
Ясмин дар Лондон зиндагӣ мекунад. Ҳамсараш ҳам духтари тоҷикистонӣ Наргис, ки таҳсилкардаи Ҳинд аст, кор ва дар фаъолиятҳои илмии ҳамсараш кӯмак мекунад.


-Ҳамсарам ҳам аз Тоҷикистон аст ва ӯ дар як донишгоҳи Ҳинд донишҷӯ буд. Замоне, ки дар Оксфорд донишҷӯ будам, бо Интернет дӯстӣ пайдо кардем. Он ҷо як чатхона буд бо номи “Чатхонаи Сомонӣ”. Дар ҳамон ҷо бо хонумам ҳамсӯҳбат шудем, вале якдигарро надида будем. Чун фурсат ҳам танг буд ва падарам ҳам мариз буд ва мехост арӯсии маро бубинад, ман фарзанди хурдии хона будам, маслиҳат кардем. Рафтам, 24 декабри соли 2005 Душанбе рафтем ва рӯзи 31 декабр арӯсӣ кардем. Баъди як ҳафта ман ин ҷо омадам, баъд хонумам омад. Албатта, хизмати ӯ беинтиҳо аст. Чунки ӯ омад ва ман нав омӯзишҳои худро шурӯъ карда будам ва дигар бурсия намегирифтам.

Дагихудо Дагиев ният дорад, ки дар оянда ҳам фаъолиятҳои таҳқиқотии худро идома дода, барои муаррифии назариёташ дар доираи васеи коршиносону донишмандон ва касби мавқеи хоси худ дар радифи пажӯҳишгарони муваффақи ғарбӣ талош ба харҷ диҳад.

Шарҳи ҳол:

Дагихудо Дагиев 40 сол дошта, зодаи деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон аст. Фарзанди ҳаштум ва хурдии Муҳмадқадам Дагиев ва Маҷлис Наврӯзова мебошад. Падараш як тарроҳ ва кандакори ҳунарманде буд ва аз ин хотир, дар хона ҳамеша як муҳити фарҳангиву ҳунарӣ ҳоким будааст. Солҳои 1990-1992 дар Душанбе дар факултаи таърихи донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил карда, бо шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ ба Бадахшон баргашт. Мегӯяд, азбаски барномаи факултаи таърих дигар аҳамияти худро аз даст дода буд, соли 1994 таҳсилро дар факултаи филологияи тоҷики донишгоҳи Хоруғ идома дод. Донишгоҳро бо дипломи аъло хатм кард ва соли 1999 дар Хоруғ ба барномаи мутолеоти исмоилии Khorog English Program пайваст. Баъд аз хатми барномаи омӯзишӣ, бар асоси имтиҳон, дар ҳайати панҷ донишҷӯи беҳтарин барои таҳсил ба донишгоҳи Омӯзиши Кишварҳои Шарқу Африқо (SOAS) роҳхат гирифт. Бо ихтисоси исломшиносӣ дар бахши магистратураи факултаи фалсафаи донишгҳои бонуфузи Оксфорди Бритониё таҳсил кардааст. Барои гирифтани унвони доктори илмҳои сиёсӣ ва фалсафӣ таҳсилро дар Донишгоҳи Коледжи Ландан идома дода, рисолаи доктории худро дар мавзӯи “Демократикунонӣ дар кишварҳои собиқ шӯравии Осиёи Марказӣ” дифоъ кардааст. Дар ҳоли ҳозир Дагихудо Дагиев дар яке аз донишгоҳҳои Лондон фаолияти илмии худро ба ҳайси як пажӯҳишгар идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG