Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бозиҳои III осиёии наврасон Чин ғолиб, Тоҷикистон 18-ум шуд


Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои III осиёии наврасон дар Баҳрайн
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои III осиёии наврасон дар Баҳрайн

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои III осиёии наврасон, ки рӯзҳои 19-30-юми октябр дар Баҳрайн баргузор шуданд, варзишгарони тоҷик 20 медал (2 тило, 2 нуқра ва 16 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 7 намуд медал гирифт, аз он ҷумла дар ММА (Mixed Martial Arts) – ҳунарҳои размии омехта - 2 нишони тило ва 7 биринҷӣ; ҷудо – 1 медали нуқра ва 2 биринҷӣ; таеквондо WT - 1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ; бокс - 3 медали биринҷӣ; кураш, гуштии озод ва ҷиу-ҷитсу - яктоӣ медали биринҷӣ.

Рӯйхати варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои III осиёии наврасон дар Баҳрайн бо медалҳо мукофотонида шуданд:

ММА (Mixed Martial Arts)

Писарон

Тило: Файзиддин Халилов – то 55 кг; Умарҷони Умед – то 70 кг.

Биринҷӣ: Умар Шарифов – то 50 кг; Муҳаммад Саидзода – то 60 кг;

Осими Бекмуродзода – то 60 кг; Абубакр Баҳромов – то 75 кг; Мусо Иброҳимзода – то 80 кг;

Духтарон

Биринҷӣ: Меҳрона Қаландарбекова – то 55 кг; Марҳабо Бобоева – то 60 кг.

Таеквондо WT

Писарон

Нуқра: Ҷонибек Неъматов – то 73 кг.

Биринҷӣ: Абдуҷаъфари Баҳодур – то 55 кг.

Бокс

Писарон

Биринҷӣ: Дамир Назаров – то 46 кг; Абубакр Азизов – то 60 кг.

Духтарон

Биринҷӣ: Фурӯғ Сарҳадзода – то 60 кг.

Ҷудо

Писарон

Нуқра: Юсуф Замонов – то 50 кг;

Биринҷӣ: Юсуф Искандарзода – то 66 кг.

Духтарон

Биринҷӣ: Зуҳал Ҷумъаева – то 52 кг.

Кураш

Писарон

Биринҷӣ: Абубакр Тураев - то 65 кг.

Гуштии озод

Писарон

Биринҷӣ: Алиризо Баҳромов - то 80 кг.

Ҷиу-ҷитсу

Писарон

Биринҷӣ: Мустафо Қадриддинов - то 48 кг.

Дар Бозиҳои III осиёии наврасон дар Баҳрайн дар ҳисоби медалҳо Чин бо 147 медал (63 тило, 49 нуқра ва 35 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Узбекистон бо 81 медал (37 тило, 16 нуқра ва 28 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм, Қазоқистон бо 93 медал (24 тило, 29 нуқра ва 40 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм, Эрон бо 76 медал (22 тило, 18 нуқра ва 36 биринҷӣ) дар ҷойи чорум ва Тайланд бо 48 медал (15 тило, 15 нуқра ва 18 биринҷӣ) дар ҷойи панҷум қарор гирифтанд.

Дар умум варзишгарони 36 кишвар соҳиби медал шуданд, аз он ҷумла намояндагони 29 кишвар барандагони нишони тило гардиданд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ғайр аз Узбекистону Қазоқистон, Тоҷикистон бо 20 медал (2 тило, 2 нуқра ва 16 биринҷӣ) ҷойи 18-ум, Қирғизистон бо 21 медал (1 тило, 9 нуқра ва 11 биринҷӣ) ҷойи 21-ум, Афғонистон бо 6 медал (1 тило, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи 24-ум ва Туркманистон бо 6 медал (1 тило, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи 27-умро ишғол карданд.

Дар Бозиҳои III осиёии наврасон дар Баҳрайн беш аз чор ҳазор варзишгар аз 45 кишвари қора барои 259 маҷмуи медалҳо дар 29 намуд мубориза бурданд.

Дар ин Бозиҳо ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 65 варзишгар дохил буданд, ки дар 12 намуд: бадминтон, бокс, варзиши сабук, варзиши электронӣ, гуштии озод ва юнону румӣ, кураш, муай-тай, ММА (ҳунарҳои размии омехта), таеквондо WT, ҷудо, ҷиу-ҷитсу ва шиноварӣ ҳунарнамоӣ карданд.

Ёдовар мешавем, дар нахустин Бозиҳои осиёии наврасон, ки соли 2009-ум дар Сингапур баргузор шуданд, танҳо ду варзишгари тоҷик – даванда Даврон Атобоев ва шиновар Ҳакими Муҳаммад - ширкат варзида, бе медал монданд.

Дар Бозиҳои II осиёии наврасон соли 2013-ум дар шаҳри Нанҷинги Чин аз байни 9 варзишгари тоҷик ду нафар медал ба даст оварданд. Зоир Шералиев дар гурзандозӣ медали нуқра ва Фаррухи Салим дар гуштии ҷудо дар вазни то 81 килограмм нишони биринҷӣ гирифтанд.

Бозиҳои навбатии осиёии наврасон соли 2029-ум дар шаҳри Пномпени Камбоҷа баргузор хоҳанд шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG