Тайланд ва Узбекистон бо натиҷаҳои мушобеҳ – 10-медалӣ (6 тило, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм, Эрон бо касби 13 медал (3 тило, 4 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор доранд.
Дар умум то ҳоло варзишгарони 26 кишвар медал гирифтааанд, аз он ҷумла намояндагони 11 кишвар барандагони нишони тило гардидаанд.
Ба ҷуз аз чаҳор кишвари пешсаф, варзишгарони Ҳиндустон 2 медали тило, намояндагони Ироқ, Индонезия, Филиппин, Тайпейи Чин, Шри-Ланка ва Қатар яктоӣ нишони тило ба даст овардаанд.
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ғайр аз Узбекистон, ки бо касби 10 медал (6 тило, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм аст, Қазоқистон бо касби 4 медал (2 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи 12-ум, Қирғизистон бо касби 2 медали нуқра дар ҷойи 13-ум, Афғонистон бо касби 2 медали биринҷӣ дар ҷойи 16-ум, Тоҷикистону Туркманистон бо яктоӣ медали биринҷӣ дар ҷойи 19-ум мебошанд.
Дар Бозиҳои III осиёии наврасон дар Баҳрайн беш аз чор ҳазор варзишгари наврас аз 45 кишвари қора барои 259 маҷмуи медалҳо дар 26 намуди варзиш то рӯзи 31-уми октябр рақобат мекунанд.
Дар ин Бозиҳо ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 65 варзишгар дохиланд, ки дар 12 намуд: бадминтон, бокс, варзиши сабук, варзиши электронӣ, гуштии озод ва юнону румӣ, кураш, муай, ММА (ҳунарҳои размии омехта), таеквондо WT, ҷудо, ҷиу-ҷитсу ва шиноварӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
То ҳоло ягона медалро ба Тоҷикистон дар ин Бозиҳо Абубакр Тураев овардааст. Вай дар гуштии кураш дар вазни то 65 килограмм бо нишони биринҷӣ сарфароз гаштааст.
Ёдовар мешавем, нахустин Бозиҳои осиёии наврасон, ки соли 2009-ум дар Сингапур баргузор шуданд, бо ширкати беш аз 1300 варзишгари синнашон аз 14 то 17-сола аз 45 кишвари қора дар 9 ришта – тенниси рӯи миз, варзиши сабук, баскетбол, волейбол, футбол, боулинг, шиноварӣ, тирандозӣ ва навъҳои варзиши обӣ - тӯли 9 рӯз идома карданд.
Дар ин Бозиҳо танҳо ду варзишгари тоҷик – даванда Даврон Атобоев ва шиновар Ҳакими Муҳаммад - ширкат дштанд. Натиҷаи Атобоев хубтар буд. Вай дар давидан ба масофаи 100 метр ҷойи чорумро касб кард.
Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои II осиёии наврасон соли 2013-ум дар шаҳри Нанҷинги Чин бо иштироки беш аз дуним ҳазор варзишгари наврас аз 45 кишвари қора дар 17 риштаи варзиш сурат гирифт, ки намояндагони 29 кишвар соҳиби медалҳо гардиданд.
Дар ин бозиҳо варзишгарони тоҷик дар чор намуд – ҷудо, вазнабардорӣ, шиноварӣ ва варзиши сабук - рақобат карданд. Аз байни 9 варзишгари тоҷик ду нафар медал ба даст оварданд. Зоир Шералиев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 62 метру 44 сантиметр медали нуқра ва Фаррухи Салим дар гуштии ҷудо дар вазни то 81 килограмм нишони биринҷӣ гирифтанд.
Гуфтугӯ