Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола мегузарад


Акс аз сомонаи ФФТ
Акс аз сомонаи ФФТ

Аз 13-ум то 17-уми октябр дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола дар гурӯҳи «А» баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаҳои наврасони Тоҷикистон, Филиппин, Малайзия ва Сурия барои роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 мубориза мебаранд.

Ҳамаи бозиҳои даври интихобӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир мешаванд. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

13-уми октябр (душанбе)

14:00 – Филиппин - Сурия

17:00 – Малайзия – Тоҷикистон

Даври 2-юм

15-уми октябр (чоршанбе)

14:00 – Сурия - Малайзия

17:00 – Тоҷикистон - Филиппин

Даври 3-юм

17-уми октябр (ҷумъа)

14:00 – Филиппин - Малайзия

17:00 – Тоҷикистон – Сурия

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) кишварҳоеро, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-соларо мизбонӣ мекунанд, эълон карда буд.

Бозиҳои даври интихобӣ дар ҳашт кишвар: Тоҷикистон, Урдун, Қирғизистон, Мянмар, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Тайланд ва Ветнам баргузор мешаванд.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола 27 даста ширкат меварзад. Бар асоси қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ ташкил шудааст: се гурӯҳ аз чаҳор даста ва панҷ гурӯҳ аз седастаӣ иборат мебошанд. Ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола роҳ меёбанд.

XS
SM
MD
LG