Шоми 2 июн дар Истанбул даври дуюми музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина ба анҷом расид. Дар ин бора ТАСС хабар додааст.
Дар ҳоле, ки феълан натиҷаҳои пурраи гуфтугӯҳои ҳайатҳо маълум нест, президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки намояндагони Киев ба мақомоти Маскав феҳристи кӯдакони украиниеро додаанд, ки бояд ба ватан баргардонида шаванд.
Дар ин бора Андрей Ермак, раиси ситоди президенти Украина ҳам дар сӯҳбат бо Рейтерс дар шаҳри Киев хабар додааст. Ӯ гуфтааст, садҳо кӯдакони украинӣ зӯран ба Русия бурда шудаанд ва ҳоло бояд баргардонида шаванд. Маскав гуфтааст, ба хотири ҳимояти онҳо аз оташи ҷанг кӯдаконро ба хоки Русия интиқол додаанд.
Зеленский, ки рӯзи 2 июн дар шаҳри Вилнюс дар як ҷаласае бо ҳамтоёни аврупоиаш мулоқоте дошт, гуфт, дар нишасти Истанбул инчунин мавзӯи табодули навбатии зиндониҳо баррасӣ шуд.
Ҷаласае, ки соати 13:00 ба нақша гирифта шуда буд, бо таърихи беш аз якунимсоата шурӯъ шуд. Мақомоти Туркия ба матбуоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки музокираи навбатӣ як соат идома кард.
Телевизионҳои Туркия лаҳзаҳои шурӯи нишаст ва суханронии вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фиданро дар аввали ҷаласа намоиш доданд. Фидан гуфт, ки ҷонибҳо бояд мавзӯи табодули асирон, эҳтимоли оташбас ва ҳам мулоқоти ду президентро баррасӣ хоҳанд кард.
Мулоқоти ҳайатҳо баъди ин дар пушти дарҳои баста идома кард.
Ҳайати музокиракунандаҳои Русия мисли аввалин музокираи рӯзи 16 май иваз нашудааст. Дар садри ҳайат ёвари президент Владимир Путин - Владимир Мединский мебошад. Ҳайати Украина як каме тағйир ёфта, дар садри он ҳамоно вазири дифоъ Рустам Умаров қарор доранд.
Ҳайати Русия ба Истанбул шоми 1 июн расид ва субҳи душанбе расидани мақомоти русро расман хабар доданд. Интизор меравад, ки ҳайатҳо тарҳи ёддоштҳои худро дар заминаи шартҳои музокира ва эҳтимоли оташбас муаррифӣ кунанд.
Оҷонсии Reuters рӯзи якшанбе матни пурраи пешниҳодҳои Украинаро нашр кард, ки онро ҳайати ин кишвар мехоҳад дар музокира бо Русия дар Истанбул намоиш диҳад. Дар ин санад, ба қавли хабарнигорон, панҷ банд вуҷуд дорад. Дар миёни ин шартҳо, хатми билофосилаи ҷанг дар ҳама ҷабҳаҳо барои ҳадди аққал 30 рӯзи оянда мебошад.
Интизор меравад, ки назорати иҷрои ин шартҳоро ИМА ва кишварҳои сеюм ба ӯҳда мегиранд. Инчунин пешниҳод шудааст, ки аз рӯи қолаби “табодули ҳама асирон” мубодилаи маҳбусон сурат гирад. Ин санад баррасии масоили қаламравҳоро танҳо дар паи оташбаси пурра пешбинӣ мекунад. Айни замон, таъкид шудааст, ки ҷомеаи байналмилалӣ ҳуқуқи Русияро ба минтақаҳои баъди феврали соли 2014 ишғолшуда эътироф намекунад.
Шарти дигар – мулоқоти раҳбарони Украина ва Русия барои ҳаллу фасли ниҳоии баҳсҳо мебошад.
Маълум нест, шартҳои Маскав аз чӣ иборат аст. Аз ин пеш ВКХ Русия ба мақоми бетараф ва бидуни узвияти Украина дар НАТО, бекор кардани қонунҳои вобаста ба истифодаи забони русӣ дар Украина таъкид карда буд. Ба ҷуз ин, Маскав ба эътирофи таҳти назорати Русия гузаштани минтақаи ишғолшудаи Қрим ва вилоятҳои таҳти назари артиши Русияи Донетск, Луҳанск, Херсон ва Запорожйе пойфишорӣ мекунад.
Дар давоми беш аз се соли ҷанги Русия дар хоки Украина ин ду кишвар ҳеҷ гоҳ бо ҳам вориди музокироти мустақим нашудаанд. Дар оғози ҷанг соли 2022 талоши шурӯи музокира ноком шуда буд. Азсаргирии музокираҳо, аз ҷумла, бо ширкати фаъоли президенти ИМА Доналд Трамп имконпазир гардид. Вале Русия то ҳол аз пешниҳоди ИМА дар заминаи оташбаси беқайду шарт, ки онро Украина ҳам дастгирӣ мекунад, даст кашидааст. Музокираҳо дар ҳоле ҷараён доранд, ки ду кишвар дар марҳилаи бисёр фаъоли ҷанг қарор доранд.
Гуфтугӯ