Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Колумбия ҷашни "помидоршаппак" мегузарад


Ҷашни помидоршаппак дар Испания. Акс аз бойгонӣ
Ҷашни помидоршаппак дар Испания. Акс аз бойгонӣ

Дар як вилояти Колумбия, ки 15 сол пеш ба парваришу коркарди помидор рӯй оварда буд, имрӯз метавонанд то 45 тонна помидорро барои истифода дар ҷашнвораи занозании рамзӣ масраф кунанд.

Рӯзи якшанбе дар минтақаи Сутамарчани Колумбия ҷашни "помидоршаппак" ё "Занозании рамзӣ" бо помидор шурӯъ шуд, ки ҷашнвораи "Гран Томатина Колумбия" ном дорад. Иштирокчиёни ин маърака бо истифода аз помидорҳои каме вайроншуда ҳамдигарро ҳадаф қарор доданд. Ба навиштаи хабарнигори Рейтерс, ҷашнвораи Сутамарчан воқеъ дар 170-километрии шимоли Богота-пойтахти Колумбия нусхае аз ҷашнвораи Гран Томатина мебошад, ки ҳамасола дар Испания баргузор мегардад.

Густаво Лозано, як сокини Сутамарчан мегӯяд, то бист-сӣ соли пеш дар Колумбия чунин як ҷашне барпо нашуда буд. "Ман дар Испания шоҳиди чунин ҷашнвора будам ва гумон надоштам, ки мо ҳам ба баргузории чунин маърака қодир хоҳем буд. Худоро шукр, комёб шудем ва шумо мебинед, ки чӣ гуна мардум хушҳоланд".

45 тонна помидор барои занозании рамзӣ ва ё хушҳолии кишоварзони Колумбия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Эҳсоси хушҳолиии Лозано аз он ҷост, ки вазъи молию иқтисодии минтақаи Сутамарчан пешрафт кардааст ва ин ҷо низ акнун метавонанд даҳҳо тонна помидорро сарфи чунин як иди ҷамъиятӣ кунанд.

Имсол ҷашнвораи "Гран Томатинаи Колумбия" бори понздаҳум барпо мешавад. Раиси Сутамарчан мегӯяд, ин фестивал гувоҳи пешрафти Колумбия дар парвариши помидор аст:

Мигел Андрес Родригес, шаҳрдори Сутамарчан аст. Ӯ гуфт:

"Имрӯз мо ҳодисаи хосеро таҷлил мекунем. Дар "Гран Томатина Колумбия" ҳам сокинони кишвар ва ҳам меҳмонони хориҷӣ ҳузур доранд. Ин як ҷашни дастовардҳои иқтисодии Сутамарчан аст, ки ба парваришу коркарди помидор ихтисос ёфтааст. Даромади тақрибан 70-80 дарсади хонаводаҳои Сутамарчан ба ҳамин соҳа бастагӣ дорад. Ин қадрдонии заҳмати онҳост!"

Пешбинӣ мешавад, ки дар ин ҷашнвораи серӯза 45 тонна помидор барои занозании рамзии 20 ҳазор иштирокчии "Гран Томатина Колумбия" тақдим хоҳад шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG