Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар нимфинали Ҷоми Осиё Эрон бо Ироқ ва Ҷопон бо Индонезия бозӣ мекунанд

Тими миллии футзали Эрон. Акс аз бойгонӣ.
Тими миллии футзали Эрон. Акс аз бойгонӣ.

Тимҳои миллии Эрон, Ироқ, Ҷопон ва Индонезия ба даври ниманиҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026, ки дар шаҳри Ҷакарта ҷараён дорад, роҳ ёфтанд.

Дар даври чаҳорякниҳоӣ Эрон Узбекистонро бо ҳисоби 7:4, Ироқ Тайландро бо ҳисоби 4:2, Ҷопон Афғонистонро бо ҳисоби 6:0 ва Индонезия Ветнамро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, ба нимфинал баромаданд.

Ба ин тартиб, дар даври ниманиҳоии мусобиқа рӯзи панҷшанбеи 5-уми феврал Эрон бо Ироқ ва Ҷопон бо Индонезия рақобат мекунанд.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар Индонезия бо иштироки 16 дастаи мунтахаб дар чаҳор гурӯҳ сурат гирифт. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ - Индонезия ва Ироқ аз гурӯҳи “А”, Тайланду Ветнам аз гурӯҳи “В”, Ҷопон ва Узбекистон аз гурӯҳи “С”, Эрону Афғонистон аз гурӯҳи “D” – ба плей-офф роҳ ёфтанд.

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ бозии аввалро бо дастаи мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дода, дар даври дувум аз мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд ва бозии севумашро бо мунтахаби Австралия бо ҳисоби 1:1 ба поён расонд.

Дар гурӯҳи “С” мунтахаби Ҷопон бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Дастаи Узбекистон бо чаҳор имтиёз ҷойи дувумро азони худ кард. Футзалбозони ҷопониву узбек роҳи худро ба даври чаҳорякниҳоӣ ҳамвор намуданд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо ду имтиёз дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Австралия бо як имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд. Футзалбозони тоҷику австралиягӣ аз ҳаққи ширкат дар плей-оффи мусобиқа маҳрум гаштанд.

Мунтахаби Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок кард. Футзалбозони тоҷик дар мусобиқаи соли 2024 дар Тайланд ҷойи чаҳорумро соҳиб шуда буданд, ки ин натиҷаи беҳтарин дар таърихи мунтахаби кишвар мебошад.

Ҷоми футзали Осиё сар аз соли 1999 бори 18-ум сурат гирифтааст. Танҳо ду тими миллӣ – Эрон ва Ҷопон – ба гирифтани унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шудаанд. Эрониҳо 13 бор ва ҷопониҳо 4 бор бо медалҳои тилои қаҳрамонии Осиё сарфароз гаштаанд. Эрон қаҳрамони феълии Осиё мебошад.

Ҷоми футзали Осиё-2026

Чаҳорякфинал

3-юми феврал (сешанбе)

Эрон – Узбекистон – 7:4

Тайланд – Ироқ – 2:4

Ҷопон - Афғонистон – 6:0

Индонезия – Ветнам – 3:2

Нимфинал

5-уми феврал (панҷшанбе)

Эрон – Ироқ (13:00)

Ҷопон – Индонезия (17:00)

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG