Дар натиҷаи таркиши мошин дар Маскав генерал-лейтенант Фанил Сарваров, раҳбари як раёсати Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия, кушта шудааст.
Светлана Петренко, сухангӯйи Кумитаи тафтишоти Русия, тасдиқ кард, ки ҳодиса рӯзи 22-юми декабр ва бар асари фаъол шудани маводи тарканда дар зери як мошин рӯй дод.
Ба қавли Петренко, муфаттишон фарзияҳои гуногунро таҳқиқ доранд: “Тафтиши ҷойи ҳодиса давом дорад. Муфаттишон ташхиси тиббиву фаннӣ барпо хоҳанд кард. Суҳбатҳо бо шоҳидони ҳодиса ва омӯзиши дурбинҳои кӯча ҷараён дорад. Яке аз фарзияҳо ташкили ин ҷиноят аз тарафи хадамоти махсуси Украина мебошад."
Кумитаи тафтишоти Русия бар асоси моддаҳои куштор ба таври хатарнок ва гардиши ғайриқонунии маводи тарканда парванди ҷиноӣ боз кардааст.
Дар як соли охир ин мавриди севум аст, ки низомиёни баландпояи Русия дар Маскав кушта мешаванд. Дар моҳи декабри соли 2024 дар пайи таркиши бомбе дар Маскав генерал-лейтенант Игор Кириллов кушта шуд. Вай аз соли 2017 раҳбарии Нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русияро бар дӯш дошт.
Қатли Кириллови 54-сола як рӯз баъди он рух дод, ки Додситонии Украина ӯро ба истифода аз силоҳи кимиёӣ алайҳи нерӯҳои украинӣ муттаҳам кард. Мақомоти Русия дар пайванд ба куштори ин генерал як шаҳрванди 29-солаи Узбекистонро дастгир карданд.
Генерал Ярослав Москалик, муовини сардори сарраёсати Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия, моҳи апрели соли 2025 дар таркиши мошин дар наздикии шаҳри Маскав кушта шуд. Москалик дар солҳои 2015 ва 2019 дар музокироти “шакли Нормандӣ” дар бораи Украина нақши калидӣ дошт.