Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари эҳтимолии Путин барои донишҷӯён ду китоби дарсӣ навишт


Катерина Тихонова ҳангоми дифои рисолаи илмӣ

Катерина Тихоноваро матбуот эҳтимолан духтари хурдии президенти Русия Владимир Путин меномад. Ба иттилои вебсайти "Открытые медиа" ахиран Тихонова ҳаммуаллифи дастури дуюми таълимӣ барои донишҷӯён шуд.

Дар вебсайти Донишгоҳи давлатии Маскав (Интеллектуальная система тематического исследования наукометрических данных - ИСТИНА) исми Тихонова ба ҳайси яке аз муаллифони китоби дарсии бо номи "Спецпрактикум по теоретической и прикладной механике" ёд шудааст. Спетспрактикум-як фанни омӯзишҳои вижа ва амиқи курсҳои болоии факултаҳои илмҳои дақиқ дар донишгоҳи давлатии Маскав будааст.

Ин китоби дуюм аст, ки зери номи Катерина Тихонова нашр мешавад. Нахустин спетспрактикуми ӯ соли 2014 нашр шуд. Китоби аввал "Санҷиши сифати наздикшавии дастгоҳи наҷоти кайҳонавардон аз истгоҳи байналмилалии ҳавонавардӣ" ном дорад. Вазифаи ин дарс танзими ҳаракати кайҳоннавард дар фазо дар ҳолати хароб шудани шароити маъмулӣ мебошад.

Нашрия мегӯяд, ки китоби аввали Тихонова мавзӯи диссертатсияи ӯро пурра такрор мекунад, вале он панҷ сол пеш аз ҳимоя шудани рисолаи илмиаш навишта шудааст. Намояндаи донишгоҳи давлатии Маскав аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ кард.

Ҳаммуаллифи ҳарду кори "духтари Путин" яке аз раҳбарони илмии ӯ Владимир Александров мебошад, ки раҳбарии рисолаи номзадии Тихоноваро ба уҳда доштааст.

Катерина Тихонова диссертатсия аз рӯи ихтисоси "механикаи назариявӣ"-ро баҳори соли 2019 ҳимоят кардааст. Як раҳбари дигари кори илмии Тихонова ректори донишгоҳи давлатии Маскав Владимир Садовничий буд.

Дар давоми даҳ соли гузашта Садовничий дар баробари Тихонова танҳо дар се ҳолат ба ҳайси раҳбари илмӣ баромад кардааст. Раҳбарии кори дипломиро ҳам Садовничий танҳо як дафъа, он ҳам соли 2011 ва дар робита бо худи Тихонова ба уҳда гирифта буд. Маълум нест, ки Тихонова кадом факултаи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардааст.

Дар гузашта Тихонова дар Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург дар факултаи шарқшиносӣ таҳсил карда, баъдан ба гуфтаи Садовничий, қарор кард, ки математик шавад.

Дар бораи он ки Тихонова дар асл духтари президенти Русия Владимир Путин аст, бори аввал соли 2015 журналист Олег Кашин хабар дод. Ноябри соли 2015 Оҷонсии Ройтерс бар асоси як таҳқиқоташ ин иттилоъро тасдиқ кард. Исми Тихонова ба ҳайси духтари Путин дар як гузориши Вазорати молияи ИМА ҳам зикр шудааст. Апрели соли 2018 замоне, ки ИМА дар фикри ҷорӣ кардани таҳрим нисбати наздиктарин афроди Путин буд, Тихонова ҳамчун духтари хурдии президенти Русия ёд мешуд. Худи Путин ҳеҷ гоҳ ба таври ошкор ва расмӣ тасдиқ накардааст, ки Катерина Тихонова духтари ӯ мебошад.

Ба иттилои расмӣ, Тихонова раҳбарии бунёди бо номи "Иннопрактика"-ро ба уҳда дорад, ки муаллифи таъсиси як муассисаи илмиву фаннӣ дар назди Донишгоҳи давлатии Маскав мебошад. Дар давоми панҷ соли гузашта ин бунёд аз ҳисоби созишномаҳои давлатӣ дар маҷмӯъ дар ҳаҷми як миллиард рубл сармоя дарёфт кардааст.

Маблағи ин созишномаҳоро, аз ҷумла, "Роснефт", "Росатом" ва "Транснефт" интиқол додаанд. Бар асоси иттилои Бунёди мубориза бо коррупсияи Алексей Навалний, солҳои 2015-2016 ҷудо аз созишномаҳои давлатӣ, бунёди "Иннопрактика" беш аз 400 миллион рублро ба ҳайси "саҳми мустақим"-и афрод ва созмонҳои мухталиф дарёфт кардааст. Бунёди Навалний гуфт, ки натавонист манбаи ин маблағҳо ва ҳам ҳадафҳоеро, ки ин пулҳо масраф шудаанд, муайян кунад.

Шарҳҳоро бинед

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG