Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократҳои Суғд дар талоши эҳё


Фаъолони бахши вилоятии Ҳизби демократии Тоҷикистон дар Суғд, барои таъсиси созмонҳои пошхӯрда ва сарҷамъ кардани аъзои парокандаи худ, талош доранд.

Ҳизби демократи Тоҷикистон дар Суғд, дар талоши таъсиси созмонҳои парокандашудаи худ мебошад. Ба гуфтаи раҳбари расман тасдиқшудаи демократҳои Суғд Абдуҷаббор Юлдошев, ҲДТ дар 8 шаҳру навоҳии шимоли Тоҷикистон, асосан дар Хуҷанд ва шаҳру навоҳии атрофи он, созмонҳои ибтидоии худро дорад ва аъзои он ҳудуди 600 нафарро ташкил медиҳанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло барои фаъол кардани созмонҳои ҲДТ дар минтақаҳои дигари Суғд, ки баъд аз интихоботи президентии соли 2014 раҳбарияти қаблии бахши вилоятӣ фаъолияти онҳоро дар пайи мухолифатҳои дохилиҳизбӣ қатъ карда буд, талош доранд.

Ҷаноби Юлдошев афзуд: “Ҳоло мо барои барқарор кардани созмонҳои ҳизбамон дар навбати аввал дар Конибодом, Масчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Спитамен кор карда, фаъолияти онҳоро ба роҳ мемонем. Чунки ҳарчанд созмонҳои ҳизбамон пештар дар ин манотиқ барҳам дода шуда бошанд ҳам, аъзои онҳо аксаран ба Ҳизби демократ содиқ мондаанд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Юлдошев, вале шарти асосии аз нав таъсис додани созмонҳои минтақавии ҳизб, "эътирофи раҳбарияти феълӣ дар марказ ва бахши суғдии Ҳизби демократии Тоҷикистон” мебошад.

Муқим Муҳаммадҷонов, аз раҳбарони Ҳизби демократи Тоҷикистон дар Исфара мегӯяд, ҳоло дар ин минтақа ҳудуди 45 нафар аъзои ин ҳизб боқӣ мондаанд. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд: “Мо тасмим доштем баъди интихоботҳои президентӣ ва парлумонии солҳои 2013 ва 2014 як конфаронс баргузор намуда, масъалаи кадрҳо ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти созмонҳои минтақавии худро баррасӣ намоем. Аммо кашмакашҳои доихилиҳизбӣ ва парокандагии аъзо, инро ақиб андохт. Вале вақтҳои наздик мо як ҷаласаи васеъ даъват намуда ва ин масъалҳоро баҳсу баррасӣ хоҳем кард.”

Парокандагӣ миёни раҳбарони демократҳои Суғд ва созмонҳои минтақавии он, дар интихоботи гузаштаи президентии Тоҷикистон ба вуҷуд омад. Моҳи октябри соли 2013 Ҳизби демократи Тоҷикистон барои бори аввал дар таърихи худ Саиҷаъфар Исмонов, раҳбари ҳизбро ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард ва бархе демократҳои фаъоли Суғд аз ӯ пуштибонӣ намуданд.

Вале иддае, ба шумули Равшан Аҳмадов, раҳбари вақти созмони суғдии ҲДТ Исмоновро "дастнишондаи мақомот" номида, ҷонибдорони худро ба овоз додан ба Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд. Бархе демократҳо ҳам дар Душанбе ҳамҳизбони худро ба ҷонибдорӣ аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова даъват карданд.

Дар ин ҳол, ба гуфтаи Абдуҷаббор Юлдошев, раҳбари кунунии демократҳои Суғд, ҳизбаш он фаъолияти созмонҳои минтақавии худро, ки алайҳи номзади ҳизби худ – Саидҷаъфар Исмонов раъй доданд, ба “далели ҷудоихоҳӣ”-и онҳо ва “эътироф накардани номзади ягонаи ҳизби худ”, қатъ намуд.

Ҳамчунин раҳбарияти марказии ҳизби демократӣ Равшан Аҳмадов, раҳбари бахши суғдии худро, ки баҳори соли 2013 ин масъулиятро бар дӯш гирифта буд, барои вайрон кардани қоидаи бозии интихоботӣ, шадидан маҳкум кард. Аҳмадов аз мақомаш истеъфо дод ва барои мардикорӣ ба Русия рафт. Вай бо матлабҳои тезутунду фошгӯиҳо ва пешниҳодҳояш ҷиҳати ислоҳи мушкилоти ҷомеа, дар маҳофил ва матбуоти Хуҷанду Душанбе дар ёди ҷонибдоронаш барои ҳамеша боқӣ монд.

Кашмакашҳои дохилиҳизбӣ Ҳизби демократро аз иштирок дар интихоботи парлумонии соли 2014 бо пешбарии номзадҳои худ аз ҳавзаҳои инфиродӣ канор андохт ва танҳо Саидҷаъфар Исмонов аз рӯйхати умумиҳизбӣ соҳиби курсӣ дар парлумон гашт. Ин ҳам ба оташи баҳсҳои байни демократҳо равған рехт, ки вай ҳизби демократро ба “ҳизби кисагӣ”-и ҳукумат табдил дод ва бар иваз, вакили парлумон шуд.

Ҳоло дар сафҳои ҳизби демократӣ дар вилояти Суғд умдатан собиқадорони ин ҳизб ва афроди оддии камбизоат боқӣ мондаанд. Аз он, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз фарҳанги гуногунҳизбӣ ташаккул наёфта, мақомот аъзои ҳизбҳои ба ном, “мухолифи давлат”-ро ба ҳошия рондаанд ва ба вазифаҳои давлатӣ ҳатто наздик шудан намегузоранд, дар байни демократҳо тоҷирону соҳибкорони сармоядор ва мансабдорон вонамехӯранд. Ҳоло ба Ҳизби демократ умдатан афроди бекор ва омӯзгорон вафодор монда, сафи онро тарк нагуфтаанд. Аксари онҳо ҳамасола барои мардикорӣ ба Русия мераванд

Созмони суғдии Ҳизби демократ ҳалли мушкили муҳоҷирати кориро бо ҷалби сармояи муҳоҷирони сарватманди тоҷик ба ватан ва додани сабукиҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ мебинад. Абдуҷаббор Юлдошев мегӯяд: “Мо он соҳибкорони тоҷикро, ки дар Русия ва кишварҳои дигар дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд ва маблағҳои хеле зиёд ҷамъ кардаанд, даъват мекунем, ки ба Тоҷикистон биёянд ва ватанро обод кунанд, дар шаҳру ноҳияҳо корхонаҳо созанд, ки мардум дар он кор кунанд. Инчунин, дар барномаи ҳизби мо зикр шудааст, ки интихобӣ шудани раисони шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби халқ, бисёр мушкилоти зиндагии иҷтимоии ҷомеаро ҳал хоҳад кард.”

Ӯ меафзояд, барқарор кардани созмонҳои Ҳизби демократро бар муҳоҷирати меҳнати рафтани собиқадорони ҳизб мушкил кардааст ва онҳое ҳам, ки дар ватан мондаанд, ба роҳандозии фаъолияти ҳизбӣ ва ҳуҷҷатгузориҳо, дуруст сарфаҳм намераванд.

XS
SM
MD
LG