Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин парвоз аз Душанбе ба Тошканд дар 25 сол


Нахустин парвоз миёни Душанбе ва Тошканд фардо, 10 феврал анҷом мешавад. Ба гуфтаи масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 20 нафар мусофирон билети парвоз харидорӣ кардаанд.

Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи 9 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар назар аст дар канори мусофирон мақомоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ҳайати раҳбарӣ ва тиҷоратии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, намояндагони Фурудгоҳи байналмилии Душанбе ва рӯзноманигорон, ба Тошканд парвоз кунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин парвози озмоишӣ ва фаннӣ тавассути ширкати ҳавоии "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон анҷом шуда ва қарор аст худи ҳамон рӯз ҳавопаймо бо мусофирон ба Душанбе баргардад. Замони ин парвози озмоишӣ аз Душанбе соати 10 ва бозгашт аз Тошканд, соати 18 мебошад.

Масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯянд, ки 20 нафар мусофирон билети парвози Душанбе-Тошкандро харидорӣ кардаанд.

Хонуми Ҳусейнова гуфт, ки вақти парвоз миёни Душанбе ва Тошканд 45-50 дақиқа буда ва фардо ба таври истиснои бинобар гуфтугӯҳо бо мақомоти ҷониби Узбакистон, вақти бозгашт шомгоҳи ҷумъа муқаррар шудааст. Ба гуфтаи вай, дар рӯзҳои муқаррарӣ, парвозҳо аз Душанбе соати 10-и субҳ ва аз Тошканд соати 12 сурат хоҳанд гирифт.

Ҷониби Тоҷикистон фурӯши билети парвоз аз Душанбе ба Тошкандро ҳанӯз рӯзи 1-уми феврал расман оғоз карда буд. Масъулони ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки нархи як билет 1164 сомонӣ, муодили тақрибан 150 доллари амрикоист.

Мақомоти ширкати "Сомон Эйр" мегӯянд, парвозҳо ба пойтахти Узбакистон то анҷоми мавсими зимистона ҳафтае як бор – рӯзи душанбе – ба роҳ монда шуда, “дар мавсими тобистон миқдори хатсайрҳо ҳафтае ду бор - рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе - иҷро хоҳанд шуд.”

Бо даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон дар соли гузашта, ҳукумати нав ба раҳбарии Шавкат Мирзиёв ба тармими робитаҳои сард бо Тоҷикистон пардохт ва аввалин қадам дар ин самт ба гуфтаи нозирон, эҳёи парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд аст. То кунун сокинони ҳарду кишвари ҳамсоя фақат аз роҳи заминӣ ба қаламрави ҳамдигар мерафтанд. Байни ду кишвар то кунун низоми раводид вуҷуд дорад.

Дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар соли 1992 парвозҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон қатъ шуд. Пеш аз ин, солҳо Душанбе бо шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Намангон, Андиҷон ва Қӯқанд иртиботи ҳавоӣ дошт ва ҳафтае даҳҳо парвоз миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Узбакистон анҷом мешуданд.

Шарҳҳоро бинед (9)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG